http://tajikam.com

Бубахшен, Шумо ҳаромӣ ҳастен ё не? PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
13.12.2013 22:42

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”( Tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ

...Шумо фарёду фиғони Фарҳод Азимиро дар Маҷлиси Шӯро нашунидед, ки гуфт “ман тоҷик ҳастам ва бо ҳуввияти худ ифтихор мекунам” ва дар баробари фошистҳо эътироз кард ? Шумо хабар надоред, ки дар Маҷлиси Сено болои оқои Муҳаммадолами Эзидёр ҳамла карданд ва мехостанд латту кӯбаш кунанд? Шумо хабар надоред, ки мардуматон аз шунидани он тавҳинҳо ва дашномҳои фошистҳои авғон ба сутӯҳ омадаанд ва аз шумо таваққуъ доранд, ки аз худ як вокунише нишон диҳед ва сухане бигӯед ва аз шарафу ҳайсияти худ

дифоъ кунед ва ҳалолӣ будани худро ба намоиш бигзоред? Дар ин ҳол ки Шумо садоятонро намекашед ва эътироз намекунед, чи вақт раги ғайрати Шумо хохад ҷунбид?

Авғонмиллатиҳо, сурхалқиҳо, толибҳо, гулбиддиниҳо ва дигар ҳама самсуриҳо ва фошистҳои авғон (паштун) дар хилват ва дар набиштагакҳои худ ва дар нишастҳову гирдиҳамоиҳои паштунӣ –авғонии худ, дар гуфтугӯ ва мушоираву мушоҷара, ҳар сухани ношоист ва ҳар дашноме, ки аз ҳар забон ёд гирифтаанд( пашту, форсӣ, урду, панҷобӣ, арабӣ, русӣ, англисӣ, ҷарманӣ, фаронсавӣ ва ғайраву ғайра) ба мо тоҷикҳо ва ҳазораҳо ва дигар мардумони ғайрипаштун нисор мекарданд ва мекунанд. Аммо камтар касе шунида буд, ки чанд нафар фошисти авғон биёянд ва дар маҳзари ом ва дар пеши рӯи садҳо ҳазор нафар, дар телевизиюн, на бибаранду на биёваранд, бе ҳеч ташвиш ва бе ҳеч парво бигӯянд, ки тоҷикҳо ва ҳазораҳо ва ҳама ғайрипаштунҳо “ноаҳл, нохалаф, ҳаромӣ ва аз ҷои дигар омада” ҳастанд!

Мо дидем ва шунидем, ки чанд рӯз пеш шоғулӣ Исмоил Юн ва шоғулӣ ҷенерол Воҳид Тоқат дар телевизиони Жвандун ҳамагӣ мо мардумро дашном доданд ва “ҳаромӣ” ва чиву чӣ хонданд ва навори суханонашон дар тамоми расонаҳои иҷтимоӣ бор бор ба нашр расид ва камтар касе аз Авғонистон аст, ки аз ин моҷаро огоҳӣ наёфта бошад.

Ман дар ин ҷо ба ҳазораҳо ва ӯзбакҳо ва дигарон коре надорам, ки ба Исмоили Юн ва ба Воҳид Тоқат чи посухҳое доданд ва чи вокунише дар баробари онҳо доштанд. Дар ин чанд рӯз чашм ба роҳ ва гӯш ба овоз будам, ки тоҷикҳо чӣ мегӯянд ва чӣ мекунанд дар баробари дашном ва тавҳине, ки ба мо кардаанд?

Шуморе аз бузургон, миёнасолон, ҷавонон ва ҳатто кӯдакони тоҷик аз худ вокуниш нишон доданд ва дар мазаммату накӯҳиши Исмоили Юн ва ҷенерол Тоқат ва фошизми авғонӣ ба таври кулл сухан гуфтанд ва мақола навиштанд ва эътирозҳои гуногун карданд ва ҳаракатҳои эътирозӣ ва иҷтимоиро рӯи даст гирифтаанд ва ... аммо чизе, ки нопайдову номаълум ва ғоиб аст, ҳузури раҳбарон ва бузургони азизу меҳрубон ва муҳтарами тоҷикон дар ин ғолия мебошад. Аз он дилрабоёни шикпӯшу чакаркӯш ҳанӯз ҳеч садое барнаёмада ва аз сангашон оташе напаридааст.

Ман намехоҳам, ки номҳои баландболои ба истилоҳ “раҳбарон” -и тоҷикро дар ин ҷо бинвисам. Аммо дилам мехоҳад аз эшон бипурсам, ки: олиҷанобон, бузургворон, лидерҳо ва раҳбарони олиқадри тоҷик, бубахшед, оё шумо ҳаромӣ ҳастед ё не? Ман бовар дорам, ки гапи ҷенерол Тоқат дар бораи шумо сидқ намекунад, аммо агар чунонки ӯ мегӯяд набошад, чаро шумо худро хомӯш гирифтаед ва лаб намегушоед?

Шумо фарёду фиғони Фарҳод Азимиро дар Маҷлиси Шӯро нашунидед, ки гуфт “ман тоҷик ҳастам ва бо ҳуввияти худ ифтихор мекунам” ва дар баробари фошистҳо эътироз кард ? Шумо хабар надоред, ки дар Маҷлиси Сено болои оқои Муҳаммадолами Эзидёр ҳамла карданд ва мехостанд латту кӯбаш кунанд? Шумо хабар надоред, ки мардуматон аз шунидани он тавҳинҳо ва дашномҳои фошистҳои авғон ба сутӯҳ омадаанд ва аз шумо таваққуъ доранд, ки аз худ як вокунише нишон диҳед ва сухане бигӯед ва аз шарафу ҳайсияти худ

дифоъ кунед ва ҳалолӣ будани худро ба намоиш бигзоред? Дар ин ҳол ки Шумо садоятонро намекашед ва эътироз намекунед, чи вақт раги ғайрати Шумо хохад ҷунбид?

Ҳамин.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?