http://tajikam.com

Маҳмуди Тарзӣ ва забони форсӣ PDF Чоп
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ, корманди илмии Пажуҳишкадаи байнулмилалии таърихи иҷтимоии Амстердам   
20.12.2013 14:01

Ба бовари ман, Маҳмуди Тарзӣ нахустин фарде буд, ки “носионализми омехта бо понисломизм”- ро вориди кишвар кард ва дар сафҳаҳои “Сироҷ- ул- ахбор” ба таблиғу тарвиҷи он пардохт ва бо истифода аз имконот ва таъсирузорие, ки дар даруни дарбор ва давлат дошт, кӯшиш дар пиёда кардани он намуд. Ҳамчунин вай барои наустин бор масъалаи забонро дар бистари сиёсат ва носионализми таборӣ бар сафҳаҳои “Сироҷ-ул -ахбор” пеш кашид ва онро вориди адабиёти сиёсии кишвар кард.

 

 

Ҳар гаҳ ки матлаби ҷолиберо ба хати форсӣ дар нашрияҳои Эрон ва Афғонистон бихонӣ ва ё баръакс, бо андешаи пурарзиши ягон донишманди тоҷики Варорудон, ки бо хати сириллик навишта шудаасту он барои ҳама форсизабонон пураҳамият мебошад, ошно шавӣ, бори дигар ба чашми сар мебинӣ, ки гуногунхатӣ мо, мардуми тоҷик ва ҳама форсизабононро то чи андоза аз ҳам дур месозад. Зеро ба иллати гуногунии хат мо наметавонем, аз андешаҳои якдигар огоҳ шавем ва ҳарчанд ҳамзабонем , вале монанди ду киштием, ки ба самтҳои гуногун шино мекунанд ва торафт аз ҳам дур мешаванд...Чун чанде пеш аз устод Наҷми Ковиёнӣ матлабе дар бораи “корнома” -и Маҳмуди Тарзӣ дар робита ба забони форсӣ ба дасти мо расид, боз ангушти надомат газидем, ки чаро мо ҳамоно домани хати бегонаи сирилликро маҳкам доштаему чун кӯре, ки чизи доштаашро ҳеч раҳо намекунад, ин хатро аз хеш дур намесозем ва ба хати аслии худ барнамегардем. Оқои Ковиёнӣ пештар ҳам чанд матлаби ҷолиб дар бораи масоили гуногуни фарҳангии миллатамон нигошта буданд ва онон ба хонандагони тоҷики Варорудон, аз ҷумла ба хонандагони торнамои “Тоҷикам” ҳам ошно ҳастанд. Ба вижа, пажӯҳишҳои эшон дар мавриди матбуоти даврии оғози садаи 20- и Осиёи Марказӣ, монанди нашрияҳои “Бухорои шариф” ва “Ойина” аз ҷониби аҳли назар ва пажӯҳишгарони матбуоту фарҳанги тоҷик баҳои баланд гирифт. Ин навиштаи тозаи устод, ки бар пояи пажӯҳиши мачаллаи “Сироҷ ул ахбор” рӯи коғаз омадааст, бори дигар чашми мо ва ҳама тоҷикону форсизабононро боз кард, ки бояд гузаштаи худ ва бадхоҳу хайрхоҳони забону миллатамонро бидонем. Агар ин матлаб нигошта намешуд, мо ҳамоно бо чашми баста баъзе шахсиятҳои он замонро, ноогоҳ аз кирдори пургазандашон, чун дӯст ва маорифпарвари замон медонистем... Вале дар асл онон аз ҷумлаи нахустин ашхосе будаанд, ки теша бар решаи забонамон задаанд ва ин равиши пургазандро ба дигар ҳамқавмонашон ҳам нишон додаанд. Агар мо хати ягона медоштем, чунин воқеиятҳои ногувор хеле пештар аз имрӯз бароямон рӯшан мешуд... Шумо, хонандаи гиромии сирилликхон ва ноошно бо хати форсӣ , танҳо кунун пас аз баргардони матлаб боз бо як сафҳаи таърихи забонамон ва чолишҳо ба он дар Афғонистон ошно мегардед. Хондан ва ошноӣ бо мавзӯъе, ки дар ин матлаб баён гардидааст ва ҳама рӯйдоди дигар, ки дар ҷаҳон ва олами форсизабон мегузаранд, моро бояд водорад, ки бори дигар сари масъалаи баргашт ба хати форсӣ жарф бияндешем ва ин корро ба дури дур наафканем. Зеро мардумамон мегӯянд, “дар таъхир офатҳост”, ба вижа, дар таъхири баргашт ба асли хеш, ки хати форсӣ яке аз рукнҳои муҳимтарин дар ин равиш аст.

Насибҷон Амонӣ

Дар омади сухан

Маҳмуди Тарзӣ (1865 -- 1933) бар асоси нашрияҳои “Сироҷ- ул- ахбор”, нахустин фарде буд, ки беш аз сад сол пеш дар Афғонистон масъалаи забонро дар бистари сиёсат ва меҳвари қавмият пеш кашид.

.Аз он пас шева ва чигунагии бархурд ба забонҳо ва гӯишҳои қавмии кишвар ба

масъалаи ҳассоси сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табдил шуд ва таби талошҳои забонӣ дар колбади қавмпарастӣ ва бистари сиёсат ҷомиаро фаро гирифт. Ин амр аз дер боз бар бисёре аз масоили сиёсӣ ва фарҳангии кишвар соя афканда ва мушкилоте ба бор оварда аст.

Дар Афғонистони кунунӣ масъалаи забон ба яке аз меҳварҳои умдаи гуфтумони сиёсӣ ва фарҳангӣ ва мубориза миёни гурӯҳҳои сиёсӣ ва фарҳангии кишвар мубаддал шудааст. Пардохтан ба ин масъала аз чунон аҳамият ва зарурате бархурдор аст, ки бар бисёре гуфтумонҳо, мутолибот ва пажвокҳои фикрии шахсиятҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ соя андохта ва бозтоби густурдае дар матбуоти дарун ва бурунмарзии кишвар ва расонаҳои гурӯҳии ҷаҳон дорад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар баровардани ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ва ба вуҷуд омадани итернет, расонаҳои ҷаҳонӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва...ба забони форсӣ имкон ва фурсате ба даст омада, ки форсизабонони Фароруд аз он чӣ бар забони форсӣ дар ин сад соли пеш дар Афғонистон рафта, огоҳии бештар ба даст оваранд. Навиштаи зер бар пояи маҷмӯаи нашрияи “Сироҷ ул ахбор” дар ҳамин росто навишта шудааст.

Ба бовари нигоранда, оғозгари баҳси забон дар сад соли пеш дар Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ буд, ки ҳанӯз ҳам назариёту дидгоҳҳояш бар гуфтумони забон соя афандааст. Пеш аз он ки ба баррасии назариёт ва дидгоҳҳои Маҳмуди Тарзӣ нисбат ба забони форсӣ бипардозам, нигоҳи кӯтоҳ бар зиндагиномаи вай меандозам.

Зиндагинома

Маҳмуди Тарзӣ дар соли 1865 дар як хонаводаи муҳаммадзайи марбут ба ашираи( қабила) паштунҳои дуронӣ дар Афғонистон зода шуд. Вай ҳамроҳ бо хонаводааш аз соли 1881 то соли 1885 дар Ҳинди Бритониёӣ зиндагӣ кард ва пас аз он роҳии Бағдод, ки ҷузъи қаламрави Усмонӣ буд, шуд. Тарзӣ дар соли 1891 аз аҳли Шом(Сурия) ҳамсар гирифт ва наздик ба 20 сол ( 1885 --1905) дар Туркияи Усмонӣ дар замони пурошӯбе зиндагӣ кард. Ӯ дар ин ҷо маҷзуб( фирефта) ва шефтаи ҷунбиши миллигарои туркҳои ҷавон шуд ва дар тамоми даврони зиндагии худ ба омоҷҳои(ормонҳо) он мутааҳид буд.

Маҳмуди Тарзӣ дар соли 1905 ба Кобул баргашт ва ба зудӣ ду духтараш ба ақди никоҳи ду писари амир Ҳабибуллоҳ( 1901 -- 1919) шаҳзода Иноятуллоҳ(1888 -- 1946) ва шаҳзода Амонуллоҳ( 1892 -- 1960) даромаданд. Ба ин сурат вай ҷойи пойи маҳкаме дар дарбор ёфт ва ба афкори ин ду шаҳзодадомодаш таъсири ҷиддӣ гузошт. Бо истифода аз чунин имконе дар таърихи 16 мизони (обон) соли 1290 хуршедӣ баробар бо 8 уктубри соли 1911-и мелодӣ нашрияи “Сироҷ –ул- ахбор” ро дар Кобул ба забони форсӣ мунташир кард, ки ҳашт сол идома ёфт.

Ба сухани Мир Муҳаммадсиддиқи Фарҳанг, Маҳмуди Тарзӣ маъруф ба Маҳмудбек тарбиятёфтаи кишвари Усмонӣ ва аз ҳавохоҳони туркони ҷавон ва бахусус ҳизби “Иттиҳод ва тараққӣ”- и [1] Туркияи Усмонӣ буд ва аз тариқи забони туркӣ ба осори нависандагони Ғарб ошноӣ пайдо карда буд. Вай дар соли 1911 ҷаридаи “Сироҷ -ул -ахбор”- ро интишор дод, ки мазмуни аслии он пайравӣ аз туркони ҷавон ва носионализми омехта бо понисломизм ва мубориза бо истеъмор буд. Аммо илова бар он тарвиҷи маориф, муҷодала бо хурофот ва таълими забони пашту ҳам аз аҳдофи умдаи он ба шумор мерафт. [2]

Ба бовари ман, Маҳмуди Тарзӣ нахустин фарде буд, ки “носионализми омехта бо понисломизм”- ро вориди кишвар кард ва дар сафҳаҳои “Сироҷ- ул- ахбор” ба таблиғу тарвиҷи он пардохт ва бо истифода аз имконот ва таъсирузорие, ки дар даруни дарбор ва давлат дошт, кӯшиш дар пиёда кардани он намуд. Ҳамчунин вай барои наустин бор масъалаи забонро дар бистари сиёсат ва носионализми таборӣ бар сафҳаҳои “Сироҷ-ул -ахбор” пеш кашид ва онро вориди адабиёти сиёсии кишвар кард. Нигоранда маҷмӯаи ҳаштсолаи “Сироҷ -ул- ахбор”[3](1911 --1919) - ро хонда, аммо дар ин навишта танҳо ба назариёти Маҳмуди Тарзӣ дар ҳавзаи забон ишора хоҳад кард.

Тарзӣ баъд аз кушта шудани амир Ҳабибуллоҳ ва бар тахт нишастани Амонуллоҳ дар соли 1919 ба унвони вазири хориҷа таъин шуд. Вай дар ин давра дар амри густариши муносиботи Афғонистон бо ҷаҳон ва ба вижа, бо Туркия ва кашонидани пои мушовирони он дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла дар артиш нақши муҳиме дошт. Дар ҳамин давра Ҷамолпошшо, яке аз бунёдгузорони ҳизби “Иттиҳод ва тараққӣ ба унвони мушовири низомии Амонуллоҳ дар артиши Афғонистон истихдом(таъин) шуд.

Маҳмуди Тарзӣ баъд аз суқути давлати амир Амонулло дар уктубари соли 1929 ба Туркия баргашт ва моҳи ноябри соли 1933 дар 68 солагӣ дар Истонбул чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд.

Тарзӣ ва забони форсӣ

Маҳмуди Тарзӣ дар мақолаи баланде(м уфассал) бо унвони “Забон ва аҳамияти он” дар “Сироҷ -ул -ахбор” аз ҷумла навишта, ки: “... Забони расмии давлати матбуияти муқаддасаи мо забони форсӣ ва забони миллатии мо забони афғонӣ мебошад”. Вай борҳо дар навиштаҳои худ таъкид мекунад, ки “...ҳар қавм, ҳар миллат ба забони қавмӣ ва миллатии худ зинда аст”. (Такя рӯи калимот дар ҳама матн аз Н.К. аст)

Маҳмуди Тарзӣ дар мақолае зери унвони “Забони афғонӣ аҷдоди забонҳост” бори дигар ба масъалаи забон мепардозад. Вай дар поёни ҳамин мақола чунин натиҷа мегирад, ки : “Забони афғонӣ аҷдоди забонҳо ва миллати афғонӣ аҷдоди ақвоми Ориё мебошад”.[7] Албатта, рӯшан аст, ки муроди Маҳмуди Тарзӣ аз “забони афғонӣҳамоно забони пашту аст. Аммо Тарзӣ дар робита бо исботи назарияи боло , аснод ва мадорики илмӣ , таърихӣ ва забоншинохтӣ ироа намекунад.

Ба назар мерасад, ки Маҳмуди Тарзӣ аз зумраи нахустин касоне дар Афғонистон аст, ки вожаи “забони миллатӣ” - ро ба кор мебарад ва забонро бо сиёсат ва қавмият гиреҳ мезанад ва дар ин росто ба бостонгароӣ низ рӯй меоварад. Вай забони форсиро забони расмии давлат ва забони афғониро забони миллатӣ(мутааллиқ ба миллат) медонад, дар ҳоле ки забони форсӣ на танҳо забони расмии давлат, балки забони миллии кишвар ва забони ҷумҳури мардум низ будааст, аммо Маҳмуди Тарзӣ имтиёзи миллӣ буданро танҳо ба забони афғонӣ мебахшад. Ин иддаои Тарзӣ то имрӯз тавассути гурӯҳҳои бартариҷӯ ва форсиситез ба пеш бурда мешавад.

Мо дар гузашта истилоҳи “забони адабӣ”, “забони омиёна”, “забони расмӣ”, “забони муштарак”- ро дар адабиёти сиёсии худ доштем , аммо нигоранда ба истилоҳи “забони миллатӣ” барнахӯрда аст. Чунин тақсимбандӣ дар ҳавзаи забон низ амри тоза ва номаънус (ношинохта)буд.

Маҳмуди Тарзӣ ба унвони нахустин меъмори чунин тақсимбандӣ бо як чархиши қалам забони форсиро аз ҳаққи “забони миллатӣ” (забони мутааллиқ ба миллат) маҳрум месозад ва забони миллатиро танҳо ҳаққи “ забони афғонӣ” (забони пашту) медонад.

Ба бовари нигоранда барномарезӣ ва сиёсатузории канор задани забони форсӣ, барҳам задани тафоҳуми забонӣ миёни форсӣ ва пашту ва эҷоди халал дар рушд ва шукуфоии табиии забонҳои кишвар аз чунин тақсимбандии қавмии забон оғоз мешавад ва то имрӯз ин фоҷиа идома дорад.

Маҳмуди Тарзӣ дар пайи ин иддао, ки забони форсӣ забони расмӣ аст, аммо забони афғонӣ забони миллӣ аст барномаи дарозмуддат барои канор задани забони форсӣ ва ҷойгузин кардани забони пашту, дар гоми нахуст, дар низоми идора ва омӯзишӣ пеш кашид ва муҳандисӣ кард. Вай дар ҳамин росто назарияи “воҷиб” будани омӯзиши танҳо забони паштуро барои ҳамаи мардуми кишвар пеш кард. Вай дар ҳамин робита дар “Сироҷ- ул -ахбор “ навишт:

“Мо... забони махсусеро... молик мебошем, ки он забонро забони афғонӣ мегӯянд ... Танҳо мардумони афғонизабон не, ҳама афроди ақвоми мухталифаи миллати Афғонистонро воҷиб аст, ки забони афғонии ватании миллатии худро ёд бигирад.

Дар мактабҳои мо аҳамтарин(муҳимтарин) омӯзишҳо бояд таҳсили забони афғонӣ бошад. Аз омӯхтани забони англисӣ, урду, туркӣ, ҳатто форсӣ таҳсили забони афғониро аҳам ва ақдам( муқаддам) бояд шумурд.

Ба фикри оҷизонаи худи мо, ягона вазифаи Анҷумани олии маориф, бояд ислоҳу тараққӣ ва таъмими забони ватанӣ ва миллатии афғонӣ бошад...”

Маҳмуди Тарзӣ танҳо омӯзиши забони паштуро “воҷиб”, яъне вазифаи динии мардум медонад , аммо омӯзиши забони форсиро, ки забони муштарак ва аксарияти мардуми Афғонистон аст, дар радифи омӯзиши забонҳои бегона ё хориҷӣ, монанди англисӣ, урду ва туркӣ қарор медиҳад. Бад ин тартиб пояҳои сиёсати тафриқа ва табъиз нисбат ба забони форсӣ дар кишвар пайрезӣ шуд,ки ҳанӯз ки ҳанӯз аст, идома дорад ва кафораи(товон) онро мардуми мо мепардозад.

Маҳмуди Тарзӣ расмияти забони форсиро дар давраи салтанати Аҳмадшоҳи Дуронӣ аз ёдгорҳои ҳукумати собиқаи Эрон(давраи Афшор) медонад. Вай дар ҳамин робита дар “Сироҷ- ул- ахбор” навишт: “Вақте аълоҳазрат Аҳмадшоҳ бобои ғозӣ ба таъсис ва истиқлоли салтанати афғония комёб омад, умуроти дафтар ва корҳои китобат ва мирзоӣ ва аз ҷумла, навишту хони давлатӣ, ки асоси умури салтанат бар он мавқуф аст, ба забони форсӣ ва ба дасти ҳамон мардумони форсизабони эрониуласле буд, ки аз ёдгорҳои ҳукумати собиқаи Эрон боқӣ монда буданд.

Аз оғози таъсиси давлати афғония забони расмии давлатии мо забони форсӣ мондааст...

Ҳеч кас дар пайи ...табдил додани русумоти давлатӣ аз забони форсӣ ба забони афғонӣ ва забони расмӣ сохтани он наяфтод”. [9

Бад ин тартиб Маҳмуди Тарзӣ ин назарияеро талқин ва теориза мекунад, ки забони форсӣ забони ориятӣ, бегона ва “ёдгори ҳукумати собиқаи Эрон” аст. Назарияи Маҳмуди Тарзӣ мабнӣ бар ориятӣ ва бегона будани забони форсӣ ва иддаои ин ки расмияти забони форсӣ “ёдгори ҳукумати собиқаи Эрон” аст, пояи илмӣ надорад, хилофи воқеиятҳои таърихӣ аст ва реша дар сиёсат ва носионилизми қавмии вай дорад.

Забони форсии дарӣ дар марзу буми мо решаҳои жарфи таърихӣ дорад. Зодгоҳ ва таҷаллигоҳи ин забон бар асоси асноду шавоҳиди фаровони таърихӣ ҳамин сарзамин буда ва расмияти он ёдгоре аст аз давраи бостон , аз ҷумла, аз замони Хуросониён ва Сомониён. Забони форсии дарӣ мероси гаронбаҳо ва мондагори як тамаддуни таърихӣ, шиносномаи як миллат аст ва бозгӯкунандаи ҳувияти миллии шаҳрвандони ин марзу бум буда ва ҳаст. Нигоранда дар ин робита батафсил дар навиштае зери унвони “Хуросон ва Фароруд зодгоҳи забони форсии дарӣ” сухан гуфтааст. Донишмандон ва забоншиносони бисёре зодгоҳи забони форсиро сарзамине медонанд, ки бахшҳои зиёди он дар қаламрави Афғонистони кунунӣ қарор дорад. [10]

Дар ҳамин ҷо мехоҳам ишора кунам, ки Маҳмуди Тарзӣ ба рағми ин ки забони паштуро “забони ватании қавмии миллатӣ” ва фаро гирифтани онро “воҷиб “ медонад ва забони форсиро забони бегона дар радифи забонҳои англисӣ, урду, туркӣ...мешуморад, нигоранда дар тамоми шумораҳои “Сироҷ –ул- ахбор” навиштае аз вай ба забони пашту надид; ҳама навиштаҳои ӯ ба забони форсист. То ҷое, ки ман огоҳ ҳастам, Маҳмуди Тарзӣ ба унвони меъмори назарияи тақсими забон дар Афғонистон ба “забони ватанӣ, қавмӣ, миллатӣ” ва “мутафарриқа”-и арабӣ, форсӣ, туркӣ, урду, англисӣ ҳама осори худро ба забонҳои “мутафарриқа” навиштааст.

Профессор Григориён дар китоби “Зуҳури Афғонистони навин” менависад: “Тарзӣ ақида дошт... бо талоши мутамарказе барои боло бурдани мавқеияти забони пашту, ки вай ва ҳамкоронаш онро “забони афғонҳо” меномиданд ва дар муқобили забони форсӣ, забони расмии кишвар ҳамроҳ бошад. Ба назари вай, пашту ё “афғонӣ” табалвари(бозтоб) асолати миллӣ , “аҷдоди забонҳо” ва забони воқеии миллӣ пиндошта мешуд.Бад ин тартиб ин забон бояд ба куллия гурӯҳҳои қавмӣ дар Афғонистон омӯзиш дода шавад. Ин амр дар даҳаи соли 1930 мелодӣ ба иҷро гузошта шуд ва бо ҷиддияти тамомтар то даҳаи 1950 мелодӣ, ки пашту забони расмӣ ва миллии Афғонистон гардид, идома ёфт”.

Яке аз дағдаҳаҳои фикрии Маҳмуди Тарзӣ носионализми қавмӣ буд, на носионализми сарзаминӣ. Аз ҳамин ҷост, ки вай дар сафҳаҳои “Сироҷ -ул - ахбор” вожаҳои “афғон ва афғония”, “аскарияи афғония”, “мулки афғон”, “миллати афғония”...ки муродаш ошкор қавми паштун, яке аз ақвоми кишвари чандқавмии Афғонистон аст, пофишорӣ дорад ва ин вожаҳоро тарвиҷ медиҳад. Ман дар ин робита ба яку ду намунаи зер ишора мекунам.

Ҳанӯз чаҳор моҳ аз интишори “Сироҷ- ул- ахбор” нагузашта буд, ки дар шумораи ҳаштуми он дар зери клишеи “Сироҷ –ул- ахбор” калимаи “афғония” ро изофа кард ва дар ин робита ҳеч тавзеҳ надод.

Маҳмуди Тарзӣ пас аз шумораи аввали соли ҳафтум (14 августи соли 1917) номи хонаводагии “Тарзӣ”- ро аз паҳлӯи номи худ бармедорад ва ба ҷои он гоҳ “Маҳмуди афғон” ва гоҳ “Маҳмуди афғонӣ” менависад, ки ошкоро бори сиёсӣ ва қавмӣ дошт. Бад ин тартиб, Маҳмуди Тарзӣ мешавад Маҳмуди Афғон, гоҳ Маҳмуди афғонӣ.

Дар ҳоле ки дар шумораи панҷум, соли шашум(14 уктубари соли 1916) “Сироҷ –ул- ахбор” навишт, ки “Тарзӣ ... лақаб ва унвоне аст, ки аз тарафи худи он қиблагоҳи муаззам, ба ин фарзанди аҳқарашон(ҳақир) ато фармуда шудааст ва дар муҳре, ки ба амри худ ҳадя ато карда буданд, Маҳмуди Тарзӣ таҳрир фармуданд ва дар аксари таҳрирот ва мукотиботи олӣ ...худашон ин фарзанди аҳқари худро “Маҳмуди Тарзӣ”хитоб намуданд....”

Аммо Маҳмуди Тарзӣ падари худро, ки дар ҳеч шеър худро афғон нагуфтааст, дар шумораи ҳаштуми соли ҳафтуми(1 декабри соли 1917) “Сироҷ- ул- ахбор” “...Сардор Ғуломмуҳаммадхон мутахаллис Тарзии Афғон ...волиди марҳуми бузургворам ҳазрати Тарзӣ соҳиби Афғон...” номид.

Амир Ҳабибуллоҳ(1901-- 1919) ба ривояти сафҳаҳои “Сироҷ- ул- ахбор” бо тамоми ақвоми кишвар бо шумули ашираи(қабила) паштун ба забони форсӣ сӯҳбат мекард ва тамоми умури кишварӣ ва лашкарӣ ба раволи (равиш, шеваи кор)гузашта ба забони форсӣ сурат мегирифт, аммо назариёти Маҳмуди Тарзӣ,ки аз нуфузи фаровоне дар дарбор бархурдор буд,босуръат дар сиёсатҳои дарбор роҳ боз кард. Пеш аз ҳама бозтоби онро дар сиёсатҳои расмии давлат ва ба вижа, дар нисоби( барнома) дарсии маорифи он барҳа(давра) метавон дид. Ба гунаи намуна дар муқаддимаи “Китоби аввали афғонӣ” чопи 1296 хуршедӣ (1917 мелодӣ) омада:

: “... Авлоди ватани азизи мо саргарми...омӯхтани алсанаи(забонҳо) мутафарриқаи арабӣ, форсӣ, туркӣ, урду, англисӣ буда... Подшоҳи хайрхоҳи ватан( амир Ҳабибуллоҳ)... забони файзонрасони афғониро, ки забони қавмӣ ва миллатии худи мо, афғониён, аст, дар нисоби таълим дарҷ фармуда, иҷро ва таълими онро дар мадрасаи Ҳабибияи муборака манзур фармуданд”.

Дар ин як ду намуна, таъсиргузорӣ ва бозтоби назариёти Маҳмуди Тарзӣ дар ҳавзаи забон дар сиёсати расмии доруссалтанаи амир Ҳабибуллоҳ ошкор аст.

Ин Маҳмуди Тарзӣ буд, ки барои нахустин бор панҷ сол пеш аз чопи китобҳои дарсӣ, забони паштуро “забони қавмӣ ва миллатӣ” ва “забони ватанӣ, қавмӣ, миллатӣ” номид ва забони форсиро дар ин сарзамин, ки зодгоҳ ва парваришгоҳи он аст ва забони модарии ҷумҳури мардум мебошад, забони бегона донист, ё ба ибораи дигар, дар радифи забонҳои хориҷӣ чун англисӣ,. ёд кард. Тавре ки дар муқаддимаи “Китоби аввали афғонӣ дар боло хондем, забони форсӣ ҷузъи забонҳои мутафарриқа ва бегона ҳисоб шуда.

Ба назар мерасад, ки гунҷондани забони форсӣ дар зумраи забонҳои мутафарриқа ва бегона реша дар сиёсатҳои форсиситезона ва бемории ашираӣ( қабилавӣ) дорад ва заррае такя бар пояи илмӣ намекунад.

Маҳмуди Тарзӣ “мутадовул” ( мавриди корбурди умум) будани забони форсиро дар давлати Афғонистон “як тақаддуми эъзозӣ” (иқдоми гиромидошт)медонад. Вай дар ин робита навишт: “... Забони расмии давлати матбуъаи муқаддасаи мо, аз бисёр замонҳост, ки ба форсӣ мутадовул омадааст, аз он рӯ ин ҳам як тақаддуми эъзозиро бар он афзуда аст.”

Маҳмуди Тарзӣ забони форсиро забони муносиб барои артиш ва аз ҷумла, барои қумондаҳои( фармонҳо) аскарӣ намедонад. Вай дар ин робита навишт: “... Ба камоли фахр ва сурур мебинем, ки забони аскарии давлати муқаддасаи мо, умуман забони миллатии афғонии мост, ҳама булиҳо(амрҳо) ва қумондаҳо ва таълимоти қавоиди аскарии низомӣ ба забони афғонист...Агар булиҳои қавоиди аскарӣ ба забони форсӣ мебуд, бисёр суст ва кашол ва ғайримавзун дида мешуд...”

Бегумон забони форсӣ забони донишу фалсафа, забони ирфону тасаввуф, забони идора ва сиёсат, забони шеъру адаб, забони ишқу муҳаббат, забони сулҳу сафо аст. Аммо ба ёд дошта бошем, ки “Шоҳнома” яке аз шоҳкорҳои ҳамосӣ, ба забони форсӣ суруда шудааст.

Маҳмуди Тарзӣ баъд аз он ки шоҳзода Иноятулло, домодаш ҳамакораи маориф дар дарбор таъин шуд, имкони бештар барои пиёда кардани назариёти хеш дар ҳавзаи омӯзишу парвариш меёбад ва кӯшиш барои канор задани забони форсӣ аз нисоби дарсӣ дар гузоришҳои умури маориф (омӯзишу парвариш), ки дар шумораҳои соли ҳафтум ва ҳаштуми “Сироҷ- ул- ахбор” мунташир шуда, ба рӯшанӣ дида мешавад.

Маҳмуди Тарзӣ, пас аз он ки шоҳзода Амонуллоҳ (1892-- 1960), як рӯз пас аз қатли падараш дар соли 1919 ба қудрат расид, ба унвони вазири хориҷа таъин шуд. Андаке баъд ба ибтикори Маҳмуди Тарзӣ Ҷамолпошшо, яке аз се раҳбари аслии “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ”- и Туркияи Усмонӣ ба Кобул даъват шуд ва мушовири амир Амонуллоҳ таъин гардид.

Сиёсати забонӣ ва фарҳангӣ, омӯзишӣ ва парваришии давлати амир Амонуллоҳ (1919 -- 1928) мутаассир аз назариёти Маҳмуди Тарзӣ ва Ҷамолпошшо буд. Аз ҷумла, таъсиргузории назарияи тақсимбандии Маҳмуди Тарзиро дар ҳавзаи забонӣ дар ин давра метавон дид. Бо пайравӣ аз ҳамин тақсимбандӣ, забони форсӣ ба унвони забони расмӣ ва забони афғонӣ, ки манзур забони пашту аст, ба унвони забони миллатӣ ҳам дар китобҳои дарсиву ҳам дар нашриёти адвории (даврӣ) он давра матраҳ шуд.

Ба сухани Мирмуҳаммадсиддиқи Фарҳанг, амир Амонулло дар Луя Ҷиргаи ( Маҷлиси бузург) ҳамали 1302- и хуршедӣ( апрели соли 1923-и мелодӣ) эълон карда, ки мехоҳад забони паштуро дар кишвар таъмим диҳад ва баъд анҷуманеро бо номи “Марака пашту” (Анҷумани пашту) барои пешбурди забони мазкур таъсис кард... ва китобҳои дарсӣ ба забони пашту таълиф шуд.

Бад ин тартиб, давлати амир Амонуллоҳ бо таъсирпазирӣ аз назариёти Маҳмуди Тарзӣ худро муаззаф ба таъмими забони пашту донист. Таъмими забон, яъне умумият додани як забон, ки дар воқеият таҳмили як забон бар ҳама забонҳои дигар аст, ошкоро як амри сиёсӣ аст ва дар кишварҳои дигар таҷрибаи ноком буд. Хирадмандона мебуд, ки давлати амир Амонуллоҳ худро мутааҳид ба рушду полоиши забони пашту дар канори ҳамаи забонҳои кишвар, аз ҷумла забони форсӣ медонист. Бо ин роҳи дуруст аз сиёсати табъизомези таъмим фосила мегирифт ва роҳро ба рӯи танишҳо ва асабиятҳои забонӣ мебаст.

Давлатҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барои рушду ислоҳи забонҳои худ анҷуманҳои давлатӣ таъсис мекунанд ва ин амр аз воҷибот ва вазоифи давлатҳост. Аммо Афғонистони кунунӣ шояд ягона кишвар дар ҷаҳон бошад, ки ба рағми ин ки дорои ду забони расмӣ аст, аммо танҳо як забон аз имтиёзи доштани “марака” ё анҷуман барои тавсиа дар садаи бистум бархурдор буд.

Ба рағми ин ки дар лавоеҳ(лоиҳаҳо) ва муқаррароти давлатӣ забони паштуро асл ва забони форсиро тарҷума медонистанд, аммо дар амал ҳама умури давлат ва ҳатто суханрониҳои амир Амонуллоҳ дар Қандаҳор ( манотиқе, ки он ҷо паштунҳо бештаранд) ба забони форсӣ буд. Амир Амонуллоҳ дар соли 1304- и хуршедӣ( 1925-и мелодӣ) ба ин шаҳр сафар карда ва гузориши онро ба қалами худ ба забони форсӣ таҳия карда буд. Ӯ дар ин ҷо ба забони форсӣ суханронӣ кард ва барои ин кор ду далели зерро дар гузориши сафари худ оварда:

Нахуст ин ки “... аксари шумо ҳуззор(шунавандагон) форсӣ медонед ва ааматон(бештаратон)) метавонед, ки аз он ба хубӣ истифода кунед. Дуввум ин ки “ ...то битвонам хубтар матлаби худро зеҳни шумо бинамоям” , форсӣ суҳбат мекунам.

Аммо дар мавриди нақши забони форсӣ амир Амонуллоҳ дар ҳамин гузориш навишта:

“ ...Мутолиаи китоби форсӣ ва ҳифзи мақосиди(мазмун) он барои талабаи афғонилисон(афғонизабон) тақрибан ҳамон ҳайсиятро дорад, ки лисони олмонӣ барои дигар талабаи мо дар мактаби (дабиристон) Амонӣ”.

Албатта, манзур аз “талабаи афғонилисон” ҳамоно “донишомӯзони паштузабон” аст, ки ба сухани амир Амонулло , забони форсӣ барояшон “Ҳайсияти... лисони олмонӣ” -ро дорад, ба наҳве, ки забони олмонӣ дар мактаби Амонӣ барои донишомӯзони форсизабон дорад. Агар дар ин ҷо манзур аз ин муқоиса баёни тавонмандӣ ва ғанои забони форсӣ бошад, сухане аст дуруст ва некӯ, аммо агар нияти қарор додани забони форсӣ дар радифи забонҳои бегона, монанди забони олмонӣ бошад, сухане аст нодуруст ва зишт.

Сухани фарҷом

Он чи дар ин барҳа(давра) қобили диққат ва тааммул аст, аз як сӯ тарҳ шудани забони пашту бо ранги сиёсӣ ба унвони забони миллии кишвар ва таваҷҷуҳ ба он, ба вижа, дар ҳавзаи идора, артиш ва омӯзиш аст ва аз сӯи дигар барномарезӣ барои канор задани забони форсӣ дар гоми нахуст аз идора, артиш ва низоми омӯзишист.

Ба рағми ҳама талошҳое, ки барои канор задани забони форсӣ анҷом ёфт, аммо як нигоҳи кӯтоҳ ба феҳристи китобҳо, ҷароид ва низомномаҳои давлат дар давраи Амония (1298 –1308- и хуршедӣ( 1919 –1928-и мелодӣ) нишон медиҳад, ки забони форсӣ бинобар тавоноӣ, пуштивонаи тамаддунӣ ва ғанои забонӣ ҳанӯз дар амал ҷойгоҳи бисёр баланде дорад.

Дар сарзамини мо забонҳои фаровоне дар таи садаҳо дар канори ҳам зиста ва табъан бо ҳам доду ситаде низ доштаанд ва дар омезиши фарҳангҳо, эҷоди тафоҳум ва ҳамдилӣ байни ақвоми марзу буми мо нақше шоиста ва боиста ифо кардаанд. Ин амр бетардид бахше аз мероси фарҳангӣ ва доштаҳои муштараки ҳавзаи таърихи тамаддунии мост.

Гузиниши забони порсӣ (Persian) ё порсии дарӣ ба унвони забони муштарак ва умумӣ дар сатҳи кишвар бар асоси адабиёти навишторӣ ва тавоноии посухгӯии он ба ниёзҳои девонӣ, илмӣ, адабӣ ва муоширатӣ дар дарознои садаҳо ба таври табиӣ ҷо афтода ва пазируфта шуда буд. Ё ба иборати дигар, мардумони мо забони форсиро ба унвони забони муштарак ва фароқавмӣ дар амри барқарории иртиботи умумӣ ва гӯишҳои қавмӣ дар миёни ақвоми худ, дар хонавода ва маҳали хеш мавриди истифода қарор медоданд.

Нигоранда бар ин бовар аст, ки аз нигоҳи арзишҳои инсонӣ ҳама забонҳои меҳан бо ҳам баробаранд ва дар вопасин таҳлил мутааллиқ ба ҳама шаҳрвандони кишвар мебошанд. Забони форсӣ ба унвони забони куҳан,тавоно, адабӣ, донишӣ, сиёсӣ, идорӣ, муоширатӣ, бозаргонӣ, осонфаҳм ва бавижа муштарак ва фароқавмӣ дар амри пайванд додани ақвом ва ҷуғрофиёи пароканда дар ҳавзаи тамаддунии мо дар дарозои садаҳо пайваста нақши пураҳамияти таърихӣ ва ҳассосе доштааст.

Сухани ахир ин ки назариёт ва дидгоҳҳои Маҳмуди Тарзӣ дар ҳавзаи забон ва барномарезии канор задани забони форсӣ дар гоми нахуст аз ҳавзаи идора ва омӯзиш тавасути ҳокимиятҳои баъдӣ дунбол шуд, ки достоне аст фоҷиабор ва то ҳанӯз сояи сангини он назариёт бар гуфтумони забон дар Афғонистон маҳсус( эҳсосшаванда) аст...

Понавиштҳо:

¹Паштунҳо ба ду гурӯҳи умда, яъне дуронӣ ва ғалҷоӣ тақсим мешаванд. Ҳар як аз ин гурӯҳҳо ба ашираҳои ( қабилаҳо) кӯчак ҷудо мешаванд ва умдатан дар ду сӯи марзи Афғонистону Покистон зиндагӣ мекунанд.

¹ “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ” аз соли 1908 то соли 1918 -и мелодӣ қудратро дар императории Усмонӣ дар даст дошт. Ин ҷамъият андешапардоз ва муҷрии понтуркизм ва понисломизм буд ва ба ҳамкорӣ бо Олмон таъкид дошт. Ин ҷамъият дар соли 1914 давлати Усмониро вориди ҷанги ҷаҳонии аввал кард. Пас аз шикасти Туркия дар ҷанги ҷаҳонии аввал, раҳбарони “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ” ба Олмон фирор карданд ва онҳо дар соли 1919 таи фармоне ба василаи давлати Мустафо Камол аз артиш хориҷ шуданд. Раҳбарони аслии ҷамъият Анварпошшо, Ҷамолпошшо ва Талъатпошшо буданд.

Шуморе аз соҳибназарон Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ”- ро масъули шикаст ва таҷзияи императории Усмонӣ ва меъмори барномаи наслкушии аромана( арманиҳо) дар соли 1915 медонанд, ки чандсад ҳазор кушта дар пай дошт.

¹ Фарҳанг, Мирмуҳаммадсиддиқ, Афғонистон дар панҷ қарни ахир, Вирҷиниё, 1998, саҳ. 309- 310

¹ Нигоҳ: ба мақолаи нигоранда: “Пажӯҳише тоза бар замона ва корномаи таҷаддудхоҳии “Сироҷ- ул- ахбор”. Фаслномаи “Ориёнои бурунмарзӣ”, шумораи баҳорӣ, 1387(2008и мелодӣ) хуршедӣ, Свид( Шветсия) ё Фаслномаи “Гуфтугӯ” шумораи 51, тобистони 1387-и хуршедӣ, Теҳрон.

¹ Ҷамолпошшо, яке аз раҳбарони барҷастаи “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ”(1906 -- 1918) буд. Вай ҳамроҳ бо Анварпошшо ва Талъатпошшо дар хилоли ҷанги ҷаҳонии аввал раҳбарии императории Усмониро дар даст дошт.

Ҷамолпошшо пас аз шикасти Усмонӣ дар ҷанг, дар ноябри соли 1918 ба Олмон фирор кард ва чанде баъд ба Маскав рафт ва дар соли 1920 бо ибтикори Маҳмуди Тарзӣ ба Кобул даъват шуд ва ба унвони мушовири амир Амонуллоҳ таъин шуд. Ҷамолпошшо яке аз меъморони сиёсати даромехтани понтуркизм ва понисломизм буд, ки рӯёи эҷоди Туркияи бузургро бар сар дошт. Вай бо Анварпошшо, ки роҳбарии босмачиҳоро дар Осиёи Миёна ба ӯҳда дошт, дар тамос буд. Ҷамолпошшо бо истифода аз имконоти давлати амир Амонуллоҳ пиёда кардани барномаи “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққӣ”- ро пеш мебурд, ки ба зиёни давлати амир Амонуллоҳ ва мардуми Афғонистон тамом шуд.

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул -ахбор” шумораи 2, 20 сунбулаи соли 1294(1915и мелодӣ)-и хуршедӣ

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 9, 3 далви соли 1291(1912)-и хуршедӣ

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 2, 20 сунбулаи соли 1294-и хуршедӣ

¹ Ҳамон ҷо

¹Вартан Григориён(1934-и мелодӣ) мудири Бунёди илмӣ-пажуҳишии Корнегии Ню йорк ва яке аз чеҳраҳои мумтози акодемикии Амрикост. Вай нависандаи китоби пажуҳишии “Зуҳури Афғонистони навин” аст, ки навиштани он ҳашт солро(1960-- 1968) дарбар гирифт. Ин китоб тавассути Алӣ Оламии Кирмонӣ ба забони форсӣ баргардон ва Муҳамадиброҳими Шариатии афғонистонӣ чоп шуда.

¹ Vartan Gregorian, The Emergence of Modern Afghanistan, Stanford, California 1969, p 175

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 5, соли шашум, 14 уктубари соли 1916.

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 8, соли ҳафтум, декабри соли 1917.

¹ Китоби аввали афғонӣ, саҳ. 3 ва 4, Китобхонаи диҷитоли Афғонистон. http://afghanistandl.nyu.edu

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 22, 13 ҷавзои соли 1296(1917и мелодӣ)

¹ Тарзӣ Маҳмуд,”Сироҷ- ул- ахбор” шумораи 2, 20 сунбулаи соли 1294 - и хуршедӣ.

¹ Нигоҳ: ба мақолаи нигоранда ”Сироҷ- ул- ахбор” ва забони форсӣ, моҳномаи “Най”, шумораи даҳуми соли нуҳум, ақраби соли 1390(1911), Финланд .

¹ Фарҳанг Мирмуҳаммадсиддиқ, Афғонистон дар панҷ қарни ахир, Вирҷиниё, 1998, саҳ. 396

¹Амир Амонуллоҳ, Ҳокимияти қонун дар Афғонистон, Тасҳеҳ ва таълифот аз Ҳабибуллоҳи Рафеъ, 1378, Пешовар

¹ Ҳамон ҷо, саҳ. 175

¹ Ҳамон ҷо, саҳ. 87

¹ Ҳамон ҷо, саҳ. 27

¹Нигоҳ кунед ба листи китобхонаи диҷитоли Афғонистон, даврони Амония, http://afghanistandl.nyu.edu

.

.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?