http://tajikam.com

“Ситораи Афғон” Дурахши овозхонҳои форсизабон ва шиорҳои зиддиафғонии тоҷикон PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
28.01.2014 23:07

Андешаҳои як тоҷики Тоҷикистон
пиромуни ҷашнвораи мусиқии Афғонистон
Бознашр аз нашрияи "Ҳафта"

Дар ҳама озмунҳои пешин ҳамеша овозхонҳои ҷавони тоҷик ва ҳазораи киш­вар бо иҷрои таронаҳои ширин ва шевои форсии хеш ба пирӯзӣ расида буданд . Ин бор низ онон дар ин сабқати овозу мусиқӣ пешгом ҳастанд. Ҳарчанд ҳама 12 беҳтарин овозхонҳои хуб ва соҳиби овозу лаҳни ши­рин ҳастанд, вале коршиносон ва аҳли назар бар инанд, ки бидуни шакк ин бор дар бах­ши ниҳоии озмун ду овозхони тоҷики кишвар Ораши Бориз ва Довуди Пажмон барои ба даст овардани унвони «Ситораи афғон» талош хоҳанд кард. Вале ба гунае, ки намо­яндагони созмони «Анҷумани Хуросониён» ҳангоми баргузории маҳфили хосса дар Ко­бул ба ифтихори роҳ ёфтани ин ду овозхон ба бахши 12 беҳтарин баён карданд, ин ду овоз­хон бо вижагии таронахонӣ ва овози бас фо­раму дилнишини худ ба дилҳои дӯстдорони мусиқии форсӣ роҳ ёфтанд ва онон дар оян­да на танҳо дар маҳдудаи садо ва мусиқии Афғонистон, балки дар осмони нопайдокано­ри овозу мусиқии форсӣ чун ситораҳои бемо­нанд хоҳанд дурахшид ва дилҳои миллионҳо нафарро тасхир хоҳанд кард.

«Бо лаҳҷаи эронӣ нахон…»
Соли нӯҳум аст, ки дар киш­вари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху ҳамсояи мо Афғонистон ҷашнвораи овозхонҳо бо номи «Сито­раи афғон» баргузор мегар­дад. Ин ҷашнвора ҳар бор соҳибистеъдодҳои навро дар паҳнои мусиқии кишвар па­дид меоварад, ки бархе аз онон ҳоло дар саҳнаи бузурги овозхонӣ ҳам бо садои гиро­ву шево ва ширини худ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта­анд. Вале ҷашнвораи имсола бо як вижагии худ аз пешиниёнаш фарқ дорад: ин бор аз худи оғози ҷашнвора, ки марҳилаи гузиниши 160 беҳтарин дар шаҳру вилоятҳо буд, якбора зуҳури ду овозхони тоҷики ин кишвар Ораши Бориз ва Довуди Пажмон ҳам доварон ва ҳам би­нандагони телевизиони «Тулӯъ»- ро ба ваҷд овард.
Садои фораму ширин, дониши хуби мусиқӣ, маҳорати волои овозхонӣ ва интихо­би дурусти тарона якбора ононро нахуст дар садри марҳилаи вилоятӣ ва пасон пешгоми марҳилаҳои баъдии 160 беҳтарин аз ҳама ви­лоёту шаҳри кишвар гардонд. Вале дар оғоз қариб буд Орашро барои овозхонии монанд ба хониши бародарони эронӣ садди роҳаш шаванд. Чун ӯ пас аз муаррифии хеш ба хон­дани таронаи «Аз исми расму хона…» сар карду ду -се байти онро хонд, якбора довар Тоҳири Шабоб бо ишораи боло кардани даст ӯро аз хондан боздошт ва каме ошуфта гуфт: --Ту бо лаҳҷаи эронӣ мехонӣ…Бояд бо саб­ки … Вале ҳамин дам яке аз доварон гуфт, ки охир ӯ аз Ҳирот аст… Ишораи довар бар ин буд, ки гӯиши тоҷикони Ҳироти бостон мо­нанди гӯиши бародарону хоҳарони эронист ва набояд ба гунаи овозхонии Ораш чунин нукта гирифт… Вале ҳамоно Тоҳири Шабоб «насиҳат» - и худро идома дод: --Лаҳҷаи Ҳирот монанд аст ба эронӣ, вале… ту бояд аз чатри эронӣ берун шавӣ…
Ораш ба ин насиҳатгар бо назокати хос фаҳмонд, ки дар Афғонистон наметавон ки­тоби мусиқӣ ва нотаро пайдо намуд ва ӯ аз китобҳои мусиқии чопи Эрон тамрин карда­аст… Чун довар дид, ки доварони дигар ӯро ҷонибдорӣ накарданд ва аллакай ҳунари овозхонии Орашро пазируфтанд, ӯ маҷбур шуд, ки каме лаҳни гуфторашро дигар со­зад ва аз Ораш даъват кунад, ки таронаро бори дигар бихонад ва ин бор гиторро Ораш не, худи вай бинавозад… Шигифтиовар ин буд, ки Орашро барои ба гунаи эронӣ хон­данаш шахсе эрод гирифт, ки худ ҳамроҳи гурӯҳи ҳунарии чаҳорнафара таронаи «За­бони форсӣ»- ро хонда буд ва ин тарона, ки ба қалами шоири машҳур ва ҷавонмарги афғонистонӣ Қаҳҳори Осӣ тааллуқ дорад, ҳоло писандидаи мардуми форсизабон аст…
Гузиниши Ораш
ба гунаи истисно
Доварон дар марҳилаи интихоби 24 беҳтарин аз байни 160 нафар низ бештар аз ҳама ба истеъдоди фавқулъоддаи ин ду овоз­хон ишора карданд ва ҳатто бемории Ораши Бориз боъис гардид, ки ба ин марҳила 24 беҳтарин не, балки 25 беҳтарин роҳ ёбанд. Зеро он рӯз ба гуфтаи Ораш, ӯ аз Ҳирот роҳи дарозеро тай карда ба Кобул мерасад ва дар роҳ бемор мешавад. Нахуст ба иллати беморӣ ӯ тарки озмун карданӣ мешавад, вале пас аз даво кардан пизишк ба ӯ иҷоза медиҳад, ки дар озмун ширкат кунад. Чун шомгоҳӣ ба озмунгоҳ мерасад, мебинад, ки он ба поён ра­сидааст ва доварон 24 беҳтаринро интихоб кардаанд. Ораш ноумед ба хона баргаштанӣ мешавад, ки Мустафо гӯяндаи барномаи телевизионии «Ситораи афғон» ба доварон аз омадани Ораш хабар медиҳад ва онон, бо назардошти вазъи ба миёномада, ба гу­наи истисно, ба ин овозхон иҷоза медиҳанд, ки ҳунари хешро нишон диҳад. Чун овозхони ҷавони ҳиротӣ таронаи « «Танҳоӣ…»-ро ме­хонад, ҳама бори дигар овозу ҳунари тарона­хонии ӯро меписанданд ва устод Ромишгар, як тан аз доварон мегӯяд, ки ин бор ба гунаи истисно шумори беҳтаринҳо на 24, балки 25 нафар мешавад.
Дар марҳилаи пасини озмуни баргузи­ниши 12 беҳтарин аз шумори 25 нафар до­варон нахустин шуда Орашро ҳамоно пас аз ҳунарнамоӣ шодбош гуфта, эълон мекунанд, ки ӯ нахустин шуда ба даври дигари озмун роҳ пайдо кард. Довуди Пажмон, ки равиши хоси овозхонии мардумиро доросту аз тоҷикони Бадахшон намояндагӣ мекунад, низ дар ин давр ғазале аз Мавлоно хонда, бо касби ройъи ҳама доварон ба сафи 12 беҳтарин роҳ ёфт. Лозим ба ёдоварист, ки ба гурӯҳи 12 беҳтарин овозхонҳои хушистеъдод аз ақвоми гуногуни кишвар, монанди паштун,ҳазора ва ӯзбак низ роҳ ёфтанд, вале бештар аз нисфи ширкаткунандагони марҳалаи ниҳоӣ намоян­дагони миллати тоҷик, аз Кобул, Ҳирот, Ба­дахшон, Фароҳ ва дигар маҳалҳои гуногуни кишвар буданд.
Акнун ройи тамошогарон
ҳалкунанда аст
Вижагии «Ситораи афғон» дар ин аст, ки то марҳилаи 12 беҳтарин,гузиниш ҳама дар дасти чаҳор довар, мусиқору оҳангсоз ва овозхонҳои шинохтаи Афғонистон аст. Ин бор доваронро чунин чеҳраҳои сарши­носи ҳунар, монанди Тоҳири Шабоб, хонум Шаҳло Залон, Қосими Ромишгар ва Аҳмад Фатҳалихон намояндагӣ мекунанд. Вале аз оғози ҳунарнамоии 12 беҳтарин сарнавишти номзадҳои озмун ба дасти худи бинандаго­ни телевизиони «Тулуъ» мегузарад ва онон ҳар ҳафта бо ройдиҳӣ аз телефонҳои хеш беҳтаринҳоро муайян хоҳанд кард. Он овоз­хоне, ки ройи камтарин мегирад, аз идомаи сабқат маҳрум мегардад ва ниҳоят дар осто­наи ҷашни Соли Нав—Наврӯзи оламафрӯз пирӯзи ҷашнвора ва ситораи нави кишвар муайян хоҳад гардид.
Дар ҳама озмунҳои пешин ҳамеша овозхонҳои ҷавони тоҷик ва ҳазораи киш­вар бо иҷрои таронаҳои ширин ва шевои форсии хеш ба пирӯзӣ расида буданд . Ин бор низ онон дар ин сабқати овозу мусиқӣ пешгом ҳастанд. Ҳарчанд ҳама 12 беҳтарин овозхонҳои хуб ва соҳиби овозу лаҳни ши­рин ҳастанд, вале коршиносон ва аҳли назар бар инанд, ки бидуни шакк ин бор дар бах­ши ниҳоии озмун ду овозхони тоҷики кишвар Ораши Бориз ва Довуди Пажмон барои ба даст овардани унвони «Ситораи афғон» талош хоҳанд кард. Вале ба гунае, ки намо­яндагони созмони «Анҷумани Хуросониён» ҳангоми баргузории маҳфили хосса дар Ко­бул ба ифтихори роҳ ёфтани ин ду овозхон ба бахши 12 беҳтарин баён карданд, ин ду овоз­хон бо вижагии таронахонӣ ва овози бас фо­раму дилнишини худ ба дилҳои дӯстдорони мусиқии форсӣ роҳ ёфтанд ва онон дар оян­да на танҳо дар маҳдудаи садо ва мусиқии Афғонистон, балки дар осмони нопайдокано­ри овозу мусиқии форсӣ чун ситораҳои бемо­нанд хоҳанд дурахшид ва дилҳои миллионҳо нафарро тасхир хоҳанд кард. Дере нагузаш­та, дурустии пешгӯии коршиносон ва аҳли назар собит гардид. Дар озмуни 11 беҳтарин, ки бори нахуст доварон ба додани имтиёзҳо ба довталабон сар карданд, Ораши Бориз ва Довуди Пажмон имтиёзи пурраи ононро, ки 40 аст, соҳиб гардиданд. Ба вижа, ҳангоме ки Ораш таронаи «Мо сулҳ мехоҳем»- ро, ки оҳангашро худ эҷод кардааст, сароид, толорро мавҷи қарсакзаниҳои бардавом ва нидоҳои таҳсиномез гӯё тарконд. Худи ҳамон рӯз чун ин таронаро ба Фейсбук гузоштанд, дар муддати чанд соат беш аз 1700 нафар бинанда онро писандид ва ба он анқариб 500 нафар шарҳ навишта , он таронаро яке аз офаридаҳои беҳтарини солҳои ахир дар Афғонистон хонданд. Хонандае менависад: «Илоҳӣ ҷаҳонгир шавӣ, Бориз! Дуруд бар модаре, ки туро зодааст!» ва бештари онон худ ба Ораш баҳои баландтаринро додаанд. Ба навиштаи бинандаи дигар, дар таърихи ҷашнвораи «Ситораи афғон» то имрӯз чун Орашу Довуд овозхонҳое, ки сабку равиши хоси таронахониро доранд ва соҳиби овози бемонанд ҳастанд, дар арсаи ҳунар пайдо нашуда буданд. Вале, ба гунае ки гуфтем, сарнавишти пасини овозхонҳоро ройи додаи тамошобинон ҳал хоҳад кард ва агар онон ба ҳунари овозхонҳо қазовати одилона ку­нанд, дар бахши ниҳоии озмун ба эҳтимоли қавӣ мо шоҳиди сабқати Орашу Бориз хоҳем гардид, ки яке бо равиши поп мехонаду ёде аз Аҳмад Зоҳири бузург мекунад ва дигаре ба сабки мардумӣ, ки моро боз ба фарҳанги бостонӣ ва ба гуфтаи худи Довуд, дар зери гарду хоки таърих мондаи тоҷикон мебарад, ки онро Довуд дубора ба мардуми кишвар ҳадя мекунад.
«Ситораи афғон»
ва мо—варорудиён
Шояд баъзе хонандагони мо бипур­санд, ки мо , мардуми Тоҷикистон ва ҳама варорудиён чаро ба ин ҷашнвора ҳоло чунин таваҷҷӯҳ мекунем ва ин кор пеш­тар ба мушоҳида намерасид. Посух ба ин пурсишро шояд то ҷое худи шумо, хо­нандаи бориксанҷ, аз навиштаҳои боло пайдо кардаед. Бале, Афғонистон кишва­ри ҳамзабон ва ҳамтаъриху ҳамфарҳанги мост ва ҳар як рӯйдоди муҳими ин кишвар, ба шумули рӯйдодҳои фарҳангии он, ба­рои мо, тоҷикони Вароруд ҷолиб ва арзиш­манд аст. Бубинед, ҳарчанд ба даргузашти Аҳмад Зоҳир 35 сол шуда, вале садои ин ҳунарманди нотакрор ҳамоно дар кишвари мо ва дар байни ҳама тоҷику форсизабонон ҷойгоҳи хосса дорад. Ва ё корномаи тоҷики бузург, сипаҳсолори номвар Аҳмадшоҳ Масъуд барои ҳар як тоҷик ошно ва мояи ифтихори бемисл аст. Ҳоло танҳо зикри номи шахсиятҳои саршиноси ин кишвар, ки зодаи хонадони тоҷик ҳастанд, сафҳаҳои зи­ёдеро мехоҳад. Охир дар ин кишвар, ки по­раи Хуросони бузург аст, беш аз 12 миллион тоҷик зиндагӣ мекунад, ки ин анқариб ду баробари тоҷикони Тоҷикистон аст. Сарна­вишти онон, таъриху фарҳангу расму русу­ми онон, албатта, як пораи фарҳанг ва таъ­рихи умумитоҷикӣ ва умумифорсӣ аст ва аз ин нигоҳ барномаи «Ситораи афғон» ҳам, ки дар он асосан таронаҳои форсӣ мехонанд, барои мо арзишманд ва ҷолиб аст. Албатта, ҳама таронаҳои форсӣ барои мо чун ша­кар ширин аст. Вале бояд гуфт, ки дар ин ҷашнвора борҳову борҳо таронаҳо аз ашъо­ри Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то сурудаҳои Лоиқи бузург ҳам садо додаанд ва ҳамчунин оҳангҳои дилнишини Далер Назарову шодравон Одина Ҳошим ва дигар овозхонҳои номдори Тоҷикистон аз ҷониби овозхонҳои ҷавони афғонистонӣ замзама гардидаанд, ки ин барои мо боз ҳам хушоянд аст Ҳамчунин таронаҳои овозхонҳои шинох­таамон Ҷӯрабеки Мурод,шодравон Зафари Нозим, зиндаёд Кароматуллоҳи Қурбон, Манижаи Давлат, Нигина Амонқулова , Шабнами ­Сурайё, Нигора Холова, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод ва даҳҳо нафари дигар ба ҳаводорони мусиқӣ дар Афғонистон писанданду ба мо, варорудиён сурудаву оҳангҳои Амирҷони Сабурӣ, хонум Маҳваш, Фарҳоди Дарё, Ҳангома,шодравонҳо Зоҳир Ҳувайдо, Сорбон ,Аҳмад Зоҳири нотакрор бас гуворову дилнишинанд. Чун мо чу­нин робитаи танготанги фарҳангӣ бо ҳама мардуми ин кишвар дорему бо тоҷикони он ҷо узви як хонадон ва посдори забон ва фарҳанги ягонаем, месазад, ки бикӯшем, то мо битвонем, барномаҳои телевизио­нии ҳамдигарро бидуни мушкилот бубинем. Чун ҳоло ҳеч ба телевизиони муштараки форсӣ даст намеёбем, ҳадди ақал тавонем, ки бо ҳам табодули барномаҳои фарҳангӣ бикунем. Ё Тоҷикистон метавонист ба ҷои барномаҳои футболу намоиши филмҳои русии телевизионҳои Русия як шаба­каи хешро ба барномаҳои телевизионҳои ҳамзабононамон дар Афғонистону Эрон ва шабакаҳои телевизионии форсӣ дар Амри­кову Аврупо ихтисос медод, то бо ин роҳи бас некӯ мо чунин барномаҳои ҷолиб, монан­ди «Ситораи афғон»- ро ба гунаи мустақим тамошо карда, ба ҳам наздиктар мешудем, ҳамдигарро хубтар мешинохтем ва дарк мекардем, ки мо ҳама бародару хоҳарем ва ҳеч эҳсоси бегонагӣ надорем ва сиёсатҳо ва бегонапарвариҳо ва номустақилиҳо буданд, ки моро аз ҳам дур нигоҳ медоштанд… Мо­дом ки мо дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи забону фарҳанг ва ҳуввияти хеш ба ҳамгароӣ ниёз дошта бошем, чунин ҳамгароӣ, пеш аз ҳама ,албатта, бояд бо ҳамзабонон ва ҳаммиллатонамон дар саросари гетӣ бо­шад, на бо кишварҳое, ки фарҳангу забон ва таърихи бегона доранду моро бо суханони дурӯғини «шарики стратегӣ» мутеъ ва бар­даи хеш карданианд.
Чаро «Ситораи афғон»?
Вале дар мавриди ин ки ин ҷашнвораро «Ситораи афғон» ном карданд, ҳанӯз аз оғози он баҳсҳо сурат гирифта буд ва ҳоло низ он идома дорад. Ба андешаи бештари ононе, ки ҷонибдори «Ситораи афғон» номида шудани ҷашнвора ҳастанд, «афғон» вожаест, ки ба ҳама афғонистониён иртибот мегирад. Вале гурӯҳи дигар ба ин андеша мухолифанд ва мегӯянд, ки вожаи «афғон» ҳамеша ифода­кунандаи як маънӣ, яъне паштун аст ва аз ин нигоҳ «Ситораи афғон» номгузорӣ шудани ин ҷашнвора ҳам чун ҳама мардуми ин кишварро «афғон» номидан, дуруст нест. Агар ба таъри­ху фарҳанг ва мардуми кишвар бингарем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки ҷонибдорони гурӯҳи дуюм ҳақбаҷонибанд. Зеро таърихи ин киш­вар бештар бо мардуми тоҷик ва дигар ақвоми ғайри паштун бастагӣ дораду фарҳанги онон дар ҷомеа нақши бештаре дорад. Ҳамчунин Афғонистон кишвари бисёрмиллат аст ва дар ин кишвар ягон қавм аксарият нест, танҳо ин ҷо забони аксарият ҳаст, ки он ҳам на за­бони пашту, балки форсист, ки забони аслии тоҷикону ҳазораҳо ва чанд ақвоми дигари кишвар аст…
Пиромуни вожаи афғон ва ҳамчунин номи ҷашнвора вақтҳои ахир баҳс боз ҳам доғтар шуд ва ҳатто он сабабгори гирдиҳамоиҳои эътирозии бемонанди тоҷикон дар шаҳри Кобул ва баъзе вилоёти кишвар, аз ҷумла вилояти Ғӯр гардид. Зеро тақрибан як моҳ пеш ду қавмгаро-- генерал Тоқат ва Исмоили Юн дар гуфтугӯи телевизионии Жвандун дар ҳаққи тоҷикон ва дигар ақвоми ғайрипаштун суханони тавҳиномез баён карданд ва онон паштунҳоро қавми асосии кишвар ва ақвоми дигарро омада аз хориҷ ва ҳатто…ҳаромӣ эълон карданд. Чунин суханон, ки дар киш­вар аз ин пеш ҳам бо шеваҳои гуногун аз забони қабилагароёни паштун на як бору ду бор садо дода буданд ,ин бор косаи сабри тоҷикон ва ғайри паштунҳоро лабрез сохт ва ҳазорон нафар бо шиорҳои «Мо афғон нестем!» ба майдонҳо рехтанд. Афғон будан ё набудани шаҳрвандони кишвар ҳамчунин дар расонаҳои гурӯҳӣ ва дар дунёи маҷозӣ ба гунаи васеъ мавриди баррасӣ қарор ги­рифт ва дар Фейсбук ҳоло низ даҳҳо матлаб ва лавҳаю навиштаҷоти «Мо афғон нестем!», «Афғон= паштун!» ба чоп расиданд. Дар ин навиштаҳо шаҳрвандон бо далелу арқом зикр мекарданд, ки дар кишвари бисёрмиллат чун Афғонистон наметавон ҳама мардумро бо номи як миллат, яъне афғон(паштун) ёд кард ва ин ҷо миллатҳои тоҷик, афғон( паштун), ҳазора, ӯзбак, туркман, нуристонӣ, балуҷ, пашаӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Акс ва сояи ин баҳсҳо ва ҷанҷолҳо то ҷое ҳатто ба ҷашнвораи «Ситораи афғон» афтод. Дар оғоз дастандаркорони ин ҷашнвора таронаеро, ки дар он аз афғон ёд мешавад, ба барнома ворид карданд ва онро ширкаткунандагони озмуни 12 беҳтарин ба гунаи гурӯҳӣ сароиданд. Вале дар худи оғози ҷашнвора сарояндаи хушовоз Довуди Пажмон, ки аз тоҷикони Бадахшон аст, таронаи « Бӯйи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме…»- и устод Рӯдакиро замзама карда, ҳамагонро ба ёди Бухорои шариф бурд…Сониян, барои таъкиди намояндаи қавми ҳазора будани хеш овозхони хушсалиқа Аноҳито Улфат ҳамеша бо либоси хоси ҳазораҳо ба саҳна мебаро­яд ва бештар таронаҳои форсӣ бо шеваи ҳазорагӣ мехонад… Ва ҳатто Сӯҳроби Илёр, ки аз қавми ӯзбак аст, дар таронаи ахири хеш оҳанги дар ӯзбакистон машҳурро бо каме ди­гар кардани матн хонда, гуфт, ки « ман фар­занди ӯзбакам», ки ҳамаи ин ишораҳоест бар ин ки онон афғон нестанд…
Аз ин нигоҳ, ба андешаи нигоранда ва ҳам таъкиди худи тоҷикони ин кишвар бояд ба номи ҷашнвора таҷдиди назар кард ва онро «Ситораи Афғонистон» номгузорӣ намуд, то он ситорае, ки дар осмони мусиқӣ ва овоз­хонии кишвар пайдо мегардад, ба як қавми алоҳида, яъне паштун мутааллиқ нагарди­да, Ситораи ҳамаи мардуми кишвар, яъне Афғонистон шавад. Аз сӯи дига, ба гунае, ки гуфтем, дар 8 ҷашнвораи пешин боре ҳам ба афғонҳо( паштунҳо) муяссар нагардидааст, ки ба пирӯзӣ бирасанд ва Ситораи воқеии афғон шаванд. Дар ҳамаи ин ҷашнвора тоҷикон ва ё ҳазораҳо дастболо шудаанд, ки ин ҳам то ҷое «Ситораи афғон» ном кардани ҷашнвораро зери пурсиш мебарад ва бори дигар ба дурусту фарогир будани номи «Ситораи Афғонистон» далолат мекунад.



 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?