http://tajikam.com

Жириновский: Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтанд (ВИДЕО) PDF Чоп
Муаллиф: "Озодагон"   
28.01.2014 23:22

Жириновский таъкид кардааст, Русия 150 сол боз бо кишварҳои Осиёи Миёна забон як карда наметавонад ва ишора намудааст, ки Маскав дастандаркори бисёри ихтилофҳо дар минтақаи Осиёи Миёна мебошад.
“Мансабдорҳо дар Маскав нишаста, минтақаи Осиёи Марказиро ноогоҳона аз нигоҳи миллию марзӣ тақсимбандӣ карданд. Дар натиҷа узбакҳо Самарқанду Бухорои тоҷиконро соҳиб шуданд, ки дурдонаи минтақаи Осиёи Миёна мебошад.
Навори баромади Владимир Жириновский -- роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия дар мавриди ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли 2013  дар шабакаи Ютуб гузошта шуда буд, то кунун даҳҳо ҳазор бинанда гирифтааст.

Дар ин навор Владимир Жириновский дар Думаи давлатӣ барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна зарур хондааст, ки Русия на аз артиш, балки аз лоиҳаҳои иқтисодӣ кор бигирад. Жириновский таъкид кардааст, Русия 150 сол боз бо кишварҳои Осиёи Миёна забон як карда наметавонад ва ишора намудааст, ки Маскав дастандаркори бисёри ихтилофҳо дар минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

“Мансабдорҳо дар Маскав нишаста, минтақаи Осиёи Марказиро ноогоҳона аз нигоҳи миллию марзӣ тақсимбандӣ карданд. Дар натиҷа узбакҳо Самарқанду Бухорои тоҷиконро соҳиб шуданд, ки дурдонаи минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Қазоқу қирғизҳоро, ки ягон фарқият надоранд, ду миллати алоҳида эълон карданд. Дар натиҷа як адовати қавмӣ ба миён омад. Пеш аз вуруди русҳо дар Осиёи Миёна хонигариҳо буданд ва аз нигоҳи миллӣ тақсим нашуда буданд. Ин хирадмандии мардуми минтақа буд ва дар ҳамгироӣ зиндагӣ мекарданд”,-таъкид кардааст ӯ.

Жириновкий дар идома афзудааст, Русияро зарур аст, аз таърих ибрат гираду дар замони муосир барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна на аз аскарон, балки аз лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ кор бигирад: “Тоҷикистон меваю сабзавоти барвақтӣ дорад. Бояд интиқоли онҳо ба Русия роҳандозӣ шавад. Кишварҳои Осиёи Миёна пахтаю маҳсулоти хом ва қувваи арзони кориро дорад. Бояд дар он ҷо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа дар бозори Русия ҷои маҳсулоти пастсифати Чинро маҳсулоти Осиёи Марказӣ мегирад.”

Дар зери навори ин баромади Жириновский дар Ютуб ҳудуди 200 наазар нашр шудаанд, ки бархе ӯро ҳақ ва баъзеи дигар миллатгаро, дурӯя ва иғвоангез хондаанд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?