http://tajikam.com

Мапурс PDF Чоп
Муаллиф: Зафари Сӯфӣ   
28.01.2014 23:34

Бегона дар Фарғонаам, дар Чочу Тирмизу Насаф,
С
ӯзи Самарқандам маҷӯ, доғи Бухороро мапурс.

Умре чу
қад кардам алам бо нанги тоҷиконаам,
Туркона сангам мезананд ин
ҷову ҷам он ҷо, мапурс.

Дунии дунёро магӯ, аз ғуссаву ғамҳо мапурс,
Аз душмании д
ӯстон ҳарфе мазан, ёро, мапурс.

Сармаст, масти
ҳасрату дарди ҳазоронсолаам
Аз ман ра
ҳи майхонаҳо в-аз бодаву мино мапурс.

Оташ бигирад оламе пинхони ман пайдо шавад,
Ра
ҳме бикун бар ҷони худ, пинҳону пайдоро мапурс.

Аз дурдасти устура як ёдгори вопасин
Ман зиндаам бо рафта
ҳо, ҳолову фардоро мапурс.

Бегона дар Фар
ғонаам, дар Чочу Тирмизу Насаф,
С
ӯзи Самарқандам маҷӯ, доғи Бухороро мапурс.

Умре чу
қад кардам алам бо нанги тоҷиконаам,
Туркона сангам мезананд ин
ҷову ҷам он ҷо, мапурс.

Бас
ҷустаанду ҷустаем, пайдо нашуд аз он нишон,
Ҳарфи адолатро мазан, он тухми анқоро мапурс.

Начало формы

Конец формы

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?