http://tajikam.com

ОДАМ ЧӢ ТАВР БА ЧАЛА ТАБДИЛ МЕЁБАД? PDF Чоп
Муаллиф: ТЕМУР ПӯЛОДОВ   
28.01.2014 23:58

Бознашр аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», №1, 3 январи соли 2014, тарҷумаи Маҳмадшарифи РУСТАМ

...Кӯчаву майдони Бухоро, хонаи падар, забони модарии тоҷикӣ, рафиқони мактабӣ ва донишгоҳиро, ки симои бисёрашонро дар асарҳоям офаридаам, ёд кардаам. Мехоҳам, аз пояи Манори Калон, майдони Регистон, Арки амир, ки дар он на танҳо ҳокимони бегонаи манғит, балки шаҳаншоҳи тоҷикон Исмоили Сомонӣ зиндагӣ кардааст, гузар кунам. Остонаи мақбараи шоҳи бузурги халқи тоҷикро бибӯсам. Аз дил мегузарондам, ки ин дафъа ба Исмоили Сомонӣ чӣ дархост мекарда бошам, вақте ки номаамро ба сӯрохии тани мақбара мегузорам? (Аз қадимулайём мардуми Бухоро одати хубе доранд нияту хоҳишҳояшонро ба коғазе навишта ба сӯрохии паҳлӯи мақбараи Исмоили Сомонӣ мегузоранд-мутарҷим). Бухороиҳо ҳазорсолаҳо чунин мекунанд. Дар пеши назари худам модарамро барои надонистани забони ӯзбекӣ аз вазифаи мудири кӯдакистон озод намуданд...


Дар оғози моҳи октябри соли равон (1998-шарҳи мутарҷим) банда дар ҳайати нависандагони рус дар Душанбе будам. Дар вақтҳои холӣ ба эҷоди қаламкашони ҷавон шинос шудам. Баъди фурӯпошии давлати ягона мо- москвагиҳо аз эҷодиёти қаламкашони музофот, ки аз ғояи реализми сотсиалистӣ раҳо ёфтаанд, ба куллӣ бехабар будем. Дар бораи чӣ менавишта бошанд онҳо? Киро хонандаи худ интихоб кардаанд: ғарбӣ, шарқӣ, рус ё эрониро?
Ман он ва
қт аз ҳодисаи ба сари ҳамқавмони худ-тоҷикон омада: таҳқиру фиреб ва ҷанги бародаркуш дар ташвиш будам.
Он
ҳое, ки ба навиштаҳои ман шиносанд, медонанд, ки банда ягон вақт, дар ягон ҳолат дар назди режиме сар хам накардаам. Вақте соли 1991 дар ҷумҳурие, ки ман зиндагӣ мекардам, яккаҳокимиятӣ ҳукмфармо гашт, ман ба Маскав фирор кардам. Он ҷо маро адибон роҳбари Иттифоқи нависандагон интихоб карданд.
Наход,
ҳамаи он дастовардҳое, ки халқи тоҷик дар муддати асрҳо ғун кардааст, аз байн мераванд? Ба болои ин, вақте пай бурдам, муроҷиатҳои бешумори ман аз Маскав ба дӯстон ва ҳамқаламонам: Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор намерасанд, бештар ғамгин шудам. Онҳо дар ҷойи корашон набуданд…
Акнун баъди чор-пан
ҷ сол бо эҷодиёти адибони ҷавон шинос шуда, чеҳраҳои навро мебинам. Дар байни онҳо романи Мансур Суруш «Чала»-ро аз маҷаллаи «Помир» бо ҳавас хондам. Рости гап, аввал нафаҳмидам чаро он ба дилам менишинад. Баъд фаҳмидам, он ба ҳолати рӯҳии ҳамонвақтаи ман мувофиқ омадааст.
Гап дар он буд, ки баъди ан
ҷоми Рӯзҳои адабиёт ман қарор додам, аз Душанбе ба Бухоро равам. Чанд рӯзро дар хонаи падар, дар гузари Сӯфиён гузаронам. Дар оромгоҳи дарвозаи Шергирон дар сари марқади волидонам –падарам Исҳоқ-муаллим ва модарам Ризвон, бародари ҷавонмаргам Афзал дуову фотиҳа хонам.
Охир, к
ӯчаву майдони Бухоро, хонаи падар, забони модарии тоҷикӣ, рафиқони мактабӣ ва донишгоҳиро, ки симои бисёрашонро дар асарҳоям офаридаам, ёд кардаам. Мехоҳам, аз пояи Манори Калон, майдони Регистон, Арки амир, ки дар он на танҳо ҳокимони бегонаи манғит, балки шаҳаншоҳи тоҷикон Исмоили Сомонӣ зиндагӣ кардааст, гузар кунам. Остонаи мақбараи шоҳи бузурги халқи тоҷикро бибӯсам. Аз дил мегузарондам, ки ин дафъа ба Исмоили Сомонӣ чӣ дархост мекарда бошам, вақте ки номаамро ба сӯрохии тани мақбара мегузорам? (Аз қадимулайём мардуми Бухоро одати хубе доранд нияту хоҳишҳояшонро ба коғазе навишта ба сӯрохии паҳлӯи мақбараи Исмоили Сомонӣ мегузоранд-мутарҷим). Бухороиҳо ҳазорсолаҳо чунин мекунанд. Дар пеши назари худам модарамро барои надонистани забони ӯзбекӣ аз вазифаи мудири кӯдакистон озод намуданд. Модарам ба кумитаи вилоятии ҳизб шикоят набурд, балки бо «ариза» ба Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард, номаашро ҳамроҳи шамъи афрӯхта ба сӯрохии мақбара гузошт. Ногуфта намонад, имрӯз мақбараи Исмоил Сомонӣ ягона суроға аст, ки ба он ҷо бо забони модарӣ-тоҷикӣ муроҷиат карда, бо ҳамон забон ҷавоб гирифтан мумкин аст. Фақат вақте ки зимоми давлат дар Бухоро ба дасти пешвои ҷадидон, болшевики оянда -Файзулло Хоҷаев гузашт, барои ба забони ӯзбекӣ гузаронидани «дафтардорӣ»-и Сомонӣ кӯшиш кард. Аммо ё рӯҳи подшоҳи тоҷикон аз ин кор норозӣ буд, ё корманди «дафтардорӣ» ба истеъфо рафт, ки кӯшиши туркикунонии дафтардории он дунё ҳам амалӣ нагашт.
Ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад: боре бухороии куҳансоле аз Исмоили Сомонӣ узр мепурсид, аз он ки ӯ –тоҷик, ба милиса иҷозат додааст, ки дар ҷойи миллат дар шиносномааш ӯро ӯзбек нависад. Он вақт ин корро нисбат ба тамоми мардуми ҳафт пушташон тоҷик раво медиданд.
Ҳамин тавр, вақте ки ман хоҳиши ҳарчи зуд ба Бухоро рафтан кардам, аз авзои рафиқони душанбегӣ пай бурдам, ки ин душвор аст. Тамоми намуди алоқа: ҳавоию заминӣ байни Душанбе, Самарқанд ва Бухоро на бо айби Душанбе баста аст. Маслиҳат шуд, ки аз шимол ба сарҳади ӯзбекистон равам, аз он ҷо ба таври пинҳонӣ ба Қӯқанд гузарам, сипас, бо мошини дигар ба Тошканд рафта, аз он ҷо бо самолёт ба Бухоро парам. Албатта, ин ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки маро дастгир накунанд ва бо гуноҳи сарҳадшиканӣ ба ҷавобгарӣ накашанд… Дар ниҳоят, аз иҷрои ин нияти хавфнок даст кашидам. Нақли модарам ба ёдам расид, ки чӣ тавр дар даврони амир бо шутур ба дидорбинии хешовандонаш аз Бухоро ба Душанбе дар ду рӯз рафта расидааст. Сафари ман бошад, аз Душанбе ба Бухоро дар ин асри технология агар ягон фалокат рӯй надиҳад, се- чор шабонарӯз кашол ёфтанаш мумкин аст…
Магар ин теша ба решаи миллат задан нест? Чаро то
ҷикони Душанбе, Хатлон, Хуҷанд, Помир аз дидани пойтахти таърихии худ аз замони давлатдории Сомониён- Бухоро, ёдгориҳои таърихӣ, китобу дастнависҳои қадимӣ, мусиқӣ, сарчашмаи забони адабӣ, намунаю рамзҳои моддиву маънавии халқи хеш маҳруманд? Пайвандону дӯстонро хабар гирифта наметавонанд, ҳамчун дар Олмони дар вақташ қисматшуда ва имрӯз дар Куриёи дунима.
Боз ба «Чала» р
ӯ меорам. Тоҷир Зеэв ва ду нафар машҳадӣ Моше ва Або умедворанд, ки аввал ба Бухоро, сипас, ба Туркистони русиявӣ расида, ба зери ҳимояи қонунҳои ба ном пешқадами он медароянд. Монанди ман, ки мехостам ҳамон вақт илоҷе карда ба Бухоро расам. Бо мутолиаи китоби Мансур Суруш гумон мекардам аз сарҳад гузашта истодаам. Ана, боз як чеҳраи шинос: Дар гузари мо-Сӯфиён як бухороии чала зиндагӣ мекард бо номи аҷиб -Камин. Зиндагии ӯ маро ба ҳайрат меовард. Аз чӣ бошад, ба тӯю сури мардум намерафт, аммо аз мотам намемонд. Наход, ин пирамард фақат бо ғаму дарди мардум шарик аст? Ман дар ин бора модарамро пурсон шудам. «Камин чала аст, -гуфт ӯ.- Яҳудие, ки исломро қабул кардааст. Ин аз дин гаштагонро на худиҳояшон -яҳудиҳо, на мусулмонон қабул мекунанд… Аҷаб рӯзи сахт…».
Дар романи Суруш «Чала» дар бораи чала
ҳо Моше ва Або, Пинҳос, фарзадону наберагони онҳо нақл мешавад. Дар бораи садҳо нафар яҳудии Бухоро, ки ба ҳукми тақдир исломро қабул кардаанд, то ҳуқуқи он ҷо зиндагӣ кардан пайдо кунанд. Аммо аз ин мондаву аз он ронда шуданд. Чала на танҳо рондаи ду дунёст. Вате саҳнаи чӣ тавр аз тарафи рӯҳониёни яҳудӣ ба қабристонашон роҳ надодани тобути Мордихейи чаларо ва аз тарафи эшонҳо ба оромгоҳи мусулмонон низ роҳ наёфтани наъши ӯро пеши назар меорам, ба хулосаи муаллиф розӣ мешавам: «Бо рӯҳи ду тақсим зиндагӣ кардан душвор аст. Аз як дурӯғ даҳҳо дурӯғи дигар ҳосил мешавад…».
Достони Суруш тамсилист. Умуман, тава
ҷҷӯҳи адиби ҷавонро ба тамсил М.Муллоҷонов дар сарсуханаш ба китоби зери назар бо номи «Рондашуда» (шакли мухтасари ривоятии романи «Чала») низ қайд кардааст. Чала новобаста ба миллат онест, ки баҳри ғаризаи нафсонӣ ва манфиати ҳаминлаҳзаина забон, дин ва халқи худро мефурӯшад. Чала- мавқеи маънавӣ, роҳи хиёнат, ҳолати рӯҳиест, ки дар як лаҳза метавонӣ аз баҳри ҳама чиз бароӣ.
Барои ман барин як бухоро
ӣ, ки аз гузаштагони бузурги халқи тоҷик- Исмоили Сомонӣ ва Баҳоваддини Нақшбанд ифтихор дорам, чунин менамояд, ки фаъолони давраи баъди Инқилоб чун Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев, Чинор Имомов, ки таърих барояшон дар соли 1924 имконият дод, барои халқи ҷафодидаи худ хидмат кунанд ва номашонро баъди Исмоили Сомонӣ дар таърихи тоҷикон сабт созанд, низ чалаанд (ин назари шахсии Темур Пӯлодов аст-мутарҷим). Онҳо аз паи ғояҳои пантуркистӣ, моҷароҷӯӣ шуда, дар лаҳзаи тақдирсози тақсимоти миллӣ замини тоҷиконро чун гӯсфанди ҳисорӣ қурбон карда, сару дилаш-Самарқанду Бухороро ба бегонаҳо доданд. Шояд ба дилашон шайтон ҷой гирифта буд?! Аз ҳамон вақт то ба имрӯз монанди ман, миллионҳо бухороӣ ва самарқандиҳоро онҳое, ки дар ӯзбекистон «ба ҷояшон шинонданианд», «таҷик» меноманд, яъне, бегона мешуморанд, дар Душанбе бошад, онҳое, ки рӯҳашон чала аст, моро «ӯзбак», яъне, бегона мешуморанд. Ҳамин тавр, яке аз авлодони бафарҳанги Исмоили Сомониро, ки новобаста ба саддгузориҳо забон, фарҳанг, урфу одати тоҷиконро нигоҳ доштаанд, мехоҳанд чала кунанду нимодам ҳисобанд.
Соли 1990, ва
қте ки ман дар қатори ҳафт нафар ба вакилии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз Бухоро номзад будам, дархосту хоҳиши ҳамдиёронро ба назар гирифта, пешниҳод кардам, ки дар ҳудуди вилояти Бухоро забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ расмӣ эълон шавад. Чӣ воҳимае андохтанд он вақт чалаҳо! Маро вайронкор ҳисобиданд.
Он ва
қт ман як умедворӣ доштам: Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн меравад. Бо парокандашавии он қонун ва қарорҳои вай низ бояд беэътибор дониста шаванд. Барои халқи тоҷик имкони ҳалли боадолатонаи масъалаи тақсимот ба миён омадааст. Аммо тоҷикон ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ гаштанд, барои таҳлили амиқ, дарёфти ҷойи хеш дар дунёи нав имкон пайдо нашуд. Қувваҳои беруна ба ҳарос афтида, онҳоро ба ҷанги бародаркуш кашиданд. Онҳое, ки он вақт иродаи дигаронро ба ҷо меоварданд: демократҳо - ҷадидҳои ҳозиразамон ва анъанапарастон- «куҳнаҳо» шояд ягон вақт ба худ меоянд ва мефаҳманд, ки чӣ тавр имкони камёфти таърихӣ барои худшиносии халқи тоҷик бори дувум дар давоми як аср аз даст рафт.
Имр
ӯз, дар марҳалаи баъдиҷангӣ тоҷиконро барои он ки рӯҳан эҳё шаванд ва аз бадбинӣ, дурӯғ, хиёнат пок гарданд, ғояи муттаҳидкунанда зарур аст. Таърих зарурияти чунин як ғояро дарк карда, тоҷиконро ба таври табиӣ дар санаи бузург гирду ҷамъ оварданист. (Мутаассифона, мо дар соли ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён тоҷиконро аз Аврупову Амрико даъват кардему тоҷикони ҳамсояи худро натавонистем ҷамъ оварем-мутарҷим). Соли 1999 ба зодрӯзи давлати тоҷикон - Сомониён 1100 сол пур мешавад. Ман баъзан ба хаёл меафтам, ки чӣ мешуд, агар қисмат моро ба ин муносибат ба қафо, масалан, ба соли 1994, ё андаке пеш, масалан, ба соли 2010 мебурд. Дар сенздаҳ соли оянда, баъд, даҳсолаи аввали қарни нав дар роҳи дарёфти симои миллии худ ба чӣ ноил мегашта бошем? Хушбахтона, қисмат барои мо, тоҷикон, новобаста ба душвориҳо, хайрхоҳ аст. Ояндаи мо нек бояд бошад. Ҷойи тоҷикон дар байни халқҳои пешрафта аст. Зеро Худованд ин ҷойро барои мо арзонӣ доштааст…
(«Наш современник», №
3, 1998),
Аз сарсухани китоби Мансур Суруш, «Чала», Душанбе, 1999.

 

 

Начало формы

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?