http://tajikam.com

Шутурҳоятонро аз шиносномаҳои мо берун кунед! PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
29.01.2014 22:58

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон”( http://www.tajikmedia.com/)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Ин ки калимаи “афғон” аз шиноснома зудуда шуд, як пирӯзии бисёр бузург барои ҳама касоне аст, ки ба хотири дур андохтани номи авғон аз шиносномаҳои нав, мубориза карданд ва як зарбаи корӣ ва кушанда аст ба ҳама фошистҳои авғон, ки мехостанд ба ҳар қимате, ки шуда номи ҷаълӣ ва таҳмилии “авғон”-ро ҳувияти ҳама бошандагони кишвари мо созанд. Растохези шонздаҳуми озари(қавс) соли 1392 дар пок сохтани лаккаи нангини номи “авғон” аз ҷабини шиносномаҳои нав нақши бисёр асосӣ ва таъинкунанда дошт. Дар он рӯз, барои нахустин бор дар таърихи хунини дусаду шасту чандсолаи Авғонистон панҷ ҳазор нафар, ки бештарашон ҷавонони далери тоҷик буданд, ба хиёбонҳо рехтанд ва фарёд заданд, ки “Мо афғон нестем!”

 

 

Пас аз моҳҳо гфтугӯву кашмакаш, намояндагони Шӯрои Миллӣ матну шакл ва дигар нуктаҳоеро, ки дар шиноснома намоёнда шаванд, ниҳоӣ сохтанд ва барои раиси ҷумҳур фиристоданд, ки мӯҳри таъйид бар он бизанад. Вожаи “афғон” аз шиноснома бардошта шудааст. Ном, номи хонаводагӣ, синн ва нишониву маҳалли таваллуд ва дин дар рӯйи шиноснома ба чашм хоҳанд хӯрд.

Ин ки калимаи “афғон” аз шиноснома зудуда шуд, як пирӯзии бисёр бузург барои ҳама касоне аст, ки ба хотири дур андохтани номи авғон аз шиносномаҳои нав, мубориза карданд ва як зарбаи корӣ ва кушанда аст ба ҳама фошистҳои авғон, ки мехостанд ба ҳар қимате, ки шуда номи ҷаълӣ ва таҳмилии “авғон”-ро ҳувияти ҳама бошандагони кишвари мо созанд. Растохези шонздаҳуми озари(қавс) соли 1392 дар пок сохтани лаккаи нангини номи “авғон” аз ҷабини шиносномаҳои нав нақши бисёр асосӣ ва таъинкунанда дошт. Дар он рӯз, барои нахустин бор дар таърихи хунини дусаду шасту чандсолаи Авғонистон панҷ ҳазор нафар, ки бештарашон ҷавонони далери тоҷик буданд, ба хиёбонҳо рехтанд ва фарёд заданд, ки “Мо афғон нестем!”

Акнун дар корти намуна, ки аз шиносномаи электроникӣ пешниҳод шудааст, вақте нигоҳ кунед, дида мешавад, ки дар паси заминаи шиноснома, як қофила аз шутурон ва шутурчарронҳо ба масобаи намоди миллии кишвар ва мушаххасаи аслии ҳувияти мо дар он гунҷонида шудааст.

Фошистҳои авғон ҳар қадар ки шикаст бихуранд ва ба даҳонашон мушт кӯбида шавад, боз ҳам шарму ҳаё надоранд ва аз кӯчактарин заминаҳо ва имконҳое, ки барояшон баробар шавад, ба суди афкору ормонҳои шуми худ сӯиистифода мекунанд. Вақте дар гунҷонидани номи “авғон” ноком шуданд, як қофила шутурҳоро, ки нишони кӯчигарӣ ва авғонияташон аст, дар шиноснома ҷой додаанд. Бо ин шигард дарвоқеъ ҳамон ҳувияти пешотаърихии худро , ки шутурчаррониву кӯчигарӣ аст, ба як шакли дигар дар шиноснома гунҷонидаанд ва ба ин шева ва бо забони намодин ва тасвирӣ ҳама бошадагони кишвари моро авғони кӯчӣ мешиносонанд.

Ҳақиқат ин аст, ки аксарияти мутлақи бошандагони кишвари мо бо шутурчарронӣ ва шутурбонӣ ҳеч пайванде надоранд. На тоҷикҳо шутурчарон будаанд, на ҳазораҳо шутурбонӣ кардаанд, на ӯзбакҳо бо шутур кадом нисбате доштаанд. Дар Ватани мо шутур ва шутурчарронӣ танҳо ва танҳо ба қавм авғон пайванд дорад. Шутур танҳо метавонад намоди ҳувиятии авғонҳои кӯчӣ бошаду бас. Мо мардумони ғайриавғон ҳеч дилбастагӣ ба шутур ва шутурчарронӣ надорем. Пас чаро мехоҳанд шутурчаррониро намоди кишварӣ ва ҳувияти миллии мо созанд?

Ман ба фошистҳои каллапӯки авғон мегӯям, ки : На худи мо шутурчарронӣ кардаем, на падарони мо шутурчаррон буданд. Меҳрубонӣ намоед, шутурҳоятонро аз шиносномаҳои мо берун кунед!

Ҳайронам, аз ин ки ин фошистҳои авғон чӣ қадар чашмсафед ва дидадарову аблаҳ ҳастанд? Ба гап ҳеч намефаҳманд. Мо солҳост, ки дар баробари кӯшишҳои бартариҷӯёна ва фошистиашон истодагӣ ва муқовимат мекунем ва ба ҳазор забон барояшон мегӯем, ки “Мо авғон нестем” ва намепазирем, ки ҳувияти қавмии худро болои мо таҳмил кунед. Барояшон ҳазорон бор ба бисёр рӯшанӣ гуфтаем,ки азизон, мо аз худ фарҳангу забон ва ҳувият дорем, чаро кӯшиш мекунед, ки худатонро, ҳувиятатонро, ному нишонатонро болои ҳама мардуми кишвари мо ба зӯру ҷабр ва ҳазор ва ба ҳазор найранг биқабулонед? Чаро ин бемории хатарнокатонро дармон намекунед, ки боъиси табоҳии як кишвар ва миллионҳо нафар мешавед? Чаро мисли инсон ба дигарон ҳам ҳаққи зинда мондан ва ҳувият доштану худашон буданро намедиҳед? Дигарон, ки намехоҳанд шумо, мардуми қабилаӣ ва пешотаърихиро мисли худ созанд,шумо чаро талош доред, ки мардумони нибатан пешрафта ва тамаддунофарини дигарро мисли худ бисозед? Магар мемиред, ки бо ҳамагон дар сулҳу сафо ва баробариву бародарӣ зиндагӣ кунед? Магар ба қабилаи шумо чӣ зиён ва осебе мерасад, ки тоҷикҳо тоҷик бошанд, ҳазораҳо ҳазора бошанд, ӯзбакҳо ӯзбак бошанд ва дигар тираҳову тоифаҳо ҳам худашон бошанд? Авғон будан ба шумо чӣ додааст, ки дигарон ҳам авғон шаванд?

Мо мегӯем, ки биёед мисли инсон, бо эҳтиром ба якдигар, бо қабули ҳувияту забон ва фарҳанги якдигар, дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунем. Табъизу бартариҷӯӣ ва фошизми авғониатонро дур бияндозед ва бигзоред, ки мардумони сокин дар ҷуғрофиёи хунине, ки Авғонистон номаш ниҳодаанд, ба хубӣ ва оромӣ нафас бикашанд ва инсон бошанд. Шумо фошистҳои мариз, ватани моро ба сӯи табоҳӣ ва таҷзия тела карда роҳӣ ҳастед. Шумоед, ки намегузоред, мардум рӯи хушиву амният ва оромиро бубинанд. Ҳамечаспидаед, ки Худо як Худост, ин ҷо Авғонистон аст ва ҳама касоне, ки дар он зиндагӣ мекунанд, авғон ҳастанд. Ҳамечаспидаед, ки ҳама қудрати сиёсӣ ва иқтисодиву низомӣ ва ҳама чизҳои дигар дар дасти қавми худатон бошад. Дар бештар аз дусаду шасту панҷ сол чи гиле ба сари мардумони кишвари мо задед, ки ҳанӯз ҳам мисли куя ба чавкиҳо часпидаед ва ҳеч ҳозир намешавед, ки як мӯй аз қудрати сиёсӣ дур шавед? Охир, барои Худо, дигарон ҳам инсон ҳастанд, дигарон ҳам ҳаққи зиндагӣ доранд. Шумо чӣ вақт, ба ростӣ, “инсон” мешавед?

Мо намехоҳем, ки шутурҳои Шумо ва шутурчарониатон ба масобаи намоди кишварӣ ва ҳувияти ҳамагонии мо шиносонида шавад. Мо як шиносномаи поку обрӯманд мехоҳем . Шиносномаи бисёр имрӯзӣ ва пасомодернро бо шутурчарониҳои пешотаърихиатон хароб насозед. Ҳамин.

Дарвеши Дарёдилӣ,

январи соли 2014.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?