http://tajikam.com

Кажбунёдии тафаккури миллигароии паштун дар Афғонистон PDF Чоп
Муаллиф: Алӣ Майсам Назарӣ   
29.01.2014 23:25

Давлати ҳамагонӣ ва ғайриқавмӣ метавонад танишҳо ва кинаҳоро коҳиш диҳад ва эътимод ва таомули мусбатро миёни шаҳрвандон тақвият кунад. Дар чунин як вазъ, сиёсати расмии давлат чандфарҳангпарварӣ мебошад ва агар барои як миллат ва фарҳанг ёрӣ расонд, бояд барои ҳамааш бирасонад.Зимнан, давлат барои шакл додани як ҳувияти шаҳрвандӣ дар Афғонистон бояд номи ин густураи сиёсиро дигаргун кунад ва бо ҳамнавоиву пазириши тамоми миллатҳо ва таборҳо як ном ва ҳувияти ҷадидро барои худ итхоз(интихоб) намояд. Давлат, бо корбурд аз ин гуна созу корҳо, иҷтимоъро ба ҳамбастагиву ҳамгароӣ хоҳад бурд ва иқтидору машрӯъияти поё дар саросари кишвар пайдо хоҳад кард ва барои абад маъзали(мушкил) ҳувият ҳал хоҳад шуд.

 

 

Алӣ Майсам Назарӣ аз тоҷикони ангуштшуморест, ки ҳанӯз аз овони наврасӣ ба фаъолиятҳои сиёсиву эҷодӣ оғоз карда буд. Ӯ соли 1989 мелодӣ дар шаҳри Лос Анҷелеси Амрико дида ба дунё гушуд. Чун падару модар ва бобою бибиҳояш, ки аслан аз Балхи бостон ва аз тоҷикони бофарҳангу худшинос буданд, Алӣ аз хурдсолӣ бо ёрии онон ба омӯзиши ҷиддии забони модариаш пардохт ва ҳанӯз аз 13 солагӣ ба навиштани мақолаҳо ба забони форсӣ ва фаъолияти сиёсӣ сар кард. Нахуст бо ҳамсолонаш Коваи Каромӣ ва Ҷамшеди Ҳошимӣ блогҳо сохта, дар бораи Хуросонзамин ва тоҷикон ва хатарҳое, ки ононро аз ҷониби қавмгароён дар Афғонистони кунунӣ таҳдид мекунанд, матлабу иттилоъҳо дарҷ мекард. Дониши хуб ва ҷаҳонбинии васеи ӯ аз назари тоҷикон ва форсизабонони дар ғурбатбуда дур намонд ва Алии 17 соларо ба телевизиони “Хуросон”даъват карданд ва ӯ муддати се сол гардонандаи ин телевизион буд... Ҳамон солҳо Алии 18 сола аз пайи ба вуҷуд овардани торнамое шуд, ки он дар ҷаҳони маҷозӣ бояд фарҳанг, забон, таърих ва ҳувияти моро муаррифӣ мекард ва дере нагузашта он бо номи “Тоҷикам” дар интернет пайдо гардид. Нахуст “Тоҷикам” ба забони англисӣ нашр мешуд ва пасон сафҳаҳои форсӣ ва уйғурии он( барои тоҷикони Чин) арзи ҳастӣ карданд. Чаҳор сол пеш бо пешниҳоди банда ва дастгирии ин бародари ҷавони муборизам ва устод Дарвеши Дарёдилӣ сафҳаи сириллики “Тоҷикам” ҳам фаъол шуд, ки он то имрӯз дар раванди ҳамгароии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хидмат мекунад. Кори довталабона дар торнамо маро бо ин ду тоҷики ошиқи хидмат ба мардумамон ошно сохт ва дарёфтам, ки мардуми мо бо чунин инсонҳо, ки ҷуғрофиёи тоҷикро аз Варорудону Самарқанду Бухорояш ва Хуросону то Балху Ҳироту Кобулу Шерозаш ва Синду Қошғар ва ...медонанд, ба манзили мурод хоҳад расид...

Ҳар боре бо ин дӯсти ҷавони муборизам аз роҳи интернет гуфтугӯ мекунам, ҳамеша аз ӯ як ҳарфи тоза, як нақшаи нав дар кори худшиносӣ ва ҳамгароии тоҷикон ва форсизабонон мешунавам. Оре, Алӣ нақшаҳои зиёд дорад ва боре дар ин бора ба гунаи муфассал хоҳем гуфт. Ҳоло ҳамин қадар мегӯем, ки соли гузашта Алӣ Майсам Назарӣ тоза ду Донишгоҳ, яке Донишгоҳи Колифорниёи Лос Анҷелес ва Донишгоҳи иқтисод ва улуми сиёсии Ланданро хатм карда, мутахассиси улуми сиёсӣ ва эроншиносӣ гардид. Ӯ мақсад дорад, ки акнун ба меҳанаш баргашта, барои ободу озод ва пешрафта гардидани Хуросон, ки имрӯз номи Афғонистонро дорад, хидмат кунад. Ҳарчанд Алии Назарӣ дар дарознои беш аз даҳ соли фаъолияти рӯзноманигориаш матлабҳои ҷолибе дар бораи забон ва фарҳангамон нигоштааст, вале ин матлабе, ки дар зер хоҳед хонд, яке аз беҳтарин нигоштаҳои ӯст. Бисёре аз донишмандон ва фарҳехтагон дар бораи қавмгароии афғонӣ ва зарарҳои бас бузурги он барои имрӯзу ояндаи Афғонистон матлабҳо навиштаанд, вале ин матлаби Алии Назарӣ метавон гуфт, ки қуллаи он нигоштаҳост. Дар ин навишта нигоранда пайдоиши қавмгароии афғонӣ ва об хӯрдани решаҳои он аз гандаоби Аврупову Туркияро бо мисолҳои рӯшан ва илмӣ баён мекунад ва бовар дорад, ки ҳама гуна қавмгароӣ, аз ҷумла қавмгароии афғонӣ чун қавмгароии туркӣ бо шикаст анҷом хоҳад ёфт...Ӯ дуруст таъкид мекунад, ки барои барҳам додани ин зуҳуроти номатлуб, ки ҳама доштаҳои кишварро бо номи як қавме, ки гузаштаи дурусти таърихӣ ва фарҳангӣ надорад, яъне бо қавми афғон баста медонанд, бояд номи кишварро дигар кард, зеро ин кишвар, ки пеш онро Хуросон меномиданд, аз ақвоми гуногун ташкил ёфтааст ва ба номи як қавме, ки ҳам забонаш ва ҳам худаш дар ҷомиа аксарият ҳам несту ҳам ҷойгоҳи дуруст надорад, номгузорӣ шудани он барои ақвоми дигари кишвар беэҳтиромӣ ва боз ҳамон як гунаи дигари сиёсати қавмгароии афғонӣ аст...

Мо дастандаркорони торнамоҳои “Тоҷикам” ва “Тоҷикон” ҳамкорамон Алӣ Майсам Назариро бо ин нигоштаи ҷолибаш, ки дар “Тоҷикам” ба хати форсӣ дарҷ шуду ҳоло ба хати сирилик пешкаши Шумо мегардад, шодбош мегӯем ва хоҳони ҳамеша сарбаланду комгор ва пирӯз будани ӯ дар арсаи эҷод ва сиёсат ҳастем, ки ин сарбаландиву комгорӣ ва пирӯзии ҳамаи мо , тоҷикон ва форсизабонон ҳам хоҳад буд.

Насибҷон Амонӣ,

дабири сафҳаи сириллики торнамои “Тоҷикам

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То Сурайё меравад девор каҷ.

Пас аз таҳлил ва фурӯгушоӣ ҳоло дидгоҳҳоямро дар бораи бӯҳрони ҳувият ва ҷору ҷанҷолҳои ахир дар Афғонистон ироа менамоям.

Дар таърихи Афғонистон нахустин бор аст, ки ин мавзӯъ ба ин дараҷа ва сатҳ баён мешавад ва як гуфтумони ҷиддӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст. Дар гузашта ин ҷустор ба унвони як тобу барои ҷомиа сохта шуда буд ва ҷараёнҳои чапу рост ҳамвора аз ин баҳс дурӣ меҷустанд то боварҳои идеоложики эшон зери пурсиш қарор нагирад ва аз чаҳорчӯби ҷаҳонватанӣ мунҳариф(берун) нашаванд. Ҳатто «Сафзо» ва «Созо», ки барчаспи қавмгароӣ бар сарашон зада шуда буд, ҷуръат ва ҷасорати тарҳи ин масоилро надоштанд . Аммо дар чанд соли охир дар миёни тоҷикон ва бақия миллатҳо ва ақвоми ғайрипаштун ин тилисму тобуи фарсуда ва пӯшолӣ(бебунёд) дар ҳоли шикастани тадриҷӣ қарор дошта, ва ниҳоятан имрӯз суханони зананда ва хоркунандаи миллигароёни паштун, ҷараёнҳои вокунишии додхоҳӣ ва миллигароии инҳоро низ қувват бахшида аст.

 

Барои банда ҳарфҳои женерол Абдулвоҳиди Тоқат ва дигар афғонҳои тундрав, шигифтовар ва аҷиб набуд, чунки мухтареъи(ихтироъкунанда) ин доъия(иддао) ва дуктруни мутаноқиз на Исмоили Юн мебошад ва на Тоқат, балки бунёнгузорони ин миллигароиро муқассири аслӣ медонам ва аз реша ин ҷараён чунин мушкилотро доштааст. Бино бар ин, дар ин навиштаи кӯтоҳ ҳиммат хоҳам варзид, ки ба таърих ва таквини(пайдоиш) ин ҷараён бипардозам то биёбам ин боварҳои ботил ва ношоист аз куҷо маншаъ мегирад ва барои чи дар ин сарзамини мутакассир(чандфарҳангиву чандқавмӣ) ба вуҷуд омада ва чаро равшанфикрони афғонтабор монанди Тарзӣ, Мӯманд, Ҳабибӣ ва ғайра як асл ва дуктрини ғайриинсонӣ ва ғайриамалиро тарсим(ба вуҷуд овардан) карданд то имрӯз шаҳрвандони ин диёр дучори бӯҳрони ҳувият шаванд.

Оқои Маҳмуди Тарзӣ , ки солҳо дар қаламрави Усмония( Туркияи имрӯза) зиста буд, сахт зери таъсири миллигароёни турк қарор дошт ва дар замони баргашт ба зодгоҳаш улгӯи(намуна) миллигароӣ ва миллати турконро барои мардуми хеш ба армуғон овард. Қобили тазаккур аст, ки андешаҳо ва боварҳои Тарзӣ ва ёронаш бо туркҳо тақрибан ҳамсон буд ва нахустин ҳаракати ТарзӣҶавонони афғон” ном дошт, ки купии “Ҷавонони турк” буд. Модел( модел) ва улгӯи туркии мафҳуми миллат аз улгӯҳои урупоӣ тафовут дорад ва дар асл дар омехтаи модели Олмону Фаронса аст. Туркҳо ба ин бовар буданд, ки танҳо бо намодҳо(нишона) , арзишҳо, одоб ва русум, таърих, асотир ва забони як қавм мешавад ҳуввияти миллии як давлатро ба вуҷуд овард ва барои ҷилавгирӣ аз эҷоди дарди сар ва музоҳимат аз тарафи ақвоми дигар, боист онҳо ё дар ин миллат ҳамгун ва зубб(ҳал) шаванд ва ё аз кишвар табъид, лизо дар Туркия пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал аромана қалъ ва қамъ(несту нобуд) шуданд, миллионҳо юнонӣ табъид ба Юнон шуданд ва ҳуввияти курд ба ҳуввияти туркони кӯҳӣ масх(иваз) шуд. Ҷанбаи қавмгароиаш аз Олмону Урупои шарқӣ гирифта шуда буд ва ҷанбаи ҳамгунхоҳиаш аз Фаронса. Тарзӣ дар замони назария пардохтан ва шакл додани дуктрини “миллати афғон” аз ҳамин фурмул ба кор бурд ва ҳуввият, таърих, забони ( пашту) афғонӣ ва исломро ба ҳайси чанд асли асосиаш гумошт . Маҳмуди Тарзӣ ҳамин дидгоҳро дар “Сироҷ ул ахбор” чунин муаррифӣ карда буд: “Моро миллати афғон ва хоки поки ватани азизи моро Афғонистон мегӯянд. Чунончи одот, атвор, ахлоқи махсус...дорем, забони махсусеро низ молик мебошем, ки он забонро “забони афғонӣ” мегӯянд. Ин забонро бояд монанди ҳарзи(монанд) ҷон бояд муҳофиза кунем, дар тараққиву ислоҳи он ҷиддан кӯшиш кунем . Танҳо мардумони афғонизабон не, балки ҳамаи афроди ақвоми мухталифи миллати Афғонистонро воҷиб аст, ки забони афғонии миллатии ватании худро ёд бигирад.Дар мактабҳои мо аҳамтарин омӯзишҳо, бояд таҳсили забони афғонӣ бошад. Аз омӯхтани забони инглисӣ, туркӣ, ҳатто форсӣ, таҳсили забони афғониро аҳам ва ақдам(муқаддам) бояд шумурд...Ба фикри оҷизонаи худи мо, ягона вазифаи Анҷумани олии маориф, бояд ислоҳу тараққӣ ва таъмими забони ватанӣ ва миллатии афғонӣ бошад...” (Сироҷ-ул- ахбор” , шумораи 2, 20 сунбулаи 1294(20 сентябри с.1915).

«…Забони афғонӣ аҷдоди забонҳо ва миллати афғонӣ аҷдоди ақвоми ориёӣ мебошад…»

«Сироҷ ул ахбор» , шумораи 9 , 3 уми далви 1291.

Маҳмуди Тарзӣ бо баён ва нигоштани чунин афкор, як фароянди миллатсозии қавммеҳварро ба роҳ андохт ва барои ҷунбишҳои қавмгарои афғонӣ як дуктрин ва роҳнамудро пешкаш кард. Рушд ва таҳмили забони пашту ё афғонӣ, таҳмили ҳуввияти афғон, бознависии таърихи Афғонистон ва гиреҳ задани ислом барои машрӯъият додан ба ин барнома, усули устувор ва дигаргунношудании миллати афғон гашт. Ин як иддаъои ҷадид ва худҷӯш нест. Замоне ки қавмгароён имрӯз дар канори афғоният исломиятро қарор медиҳанд , бал як асли муҳим дар низоми эътиқодии онҳо мебошад. Ислом барои муваҷҷаҳ(тавҷеҳ) сохтани доъияашон ва тазйифи дигар ҳуввиятҳо ҳамвора ва пайваста ба ҳайси як афзори қавӣ сӯиистифода шудааст. Ҳамчунин Тарзӣ нахустин поягузори таърих ва ривояти қавмароёнаи афғонҳо шумурда мешавад. Ӯ ҳарфҳои беасос ва муболиғаомезро роҷеъ ба афғонҳо мунташир кард ва ба таври мисол якеаш ҳамин ки афғону афғонӣ ниёкони тамоми ақвом ва забонҳои ориёӣ мебошад, аст. Бар пояи ҳамин иддао, таърихнигорони афғон пас аз Тарзӣ онро густариш ва тавсиа доданд ва назарияи бумӣ ва муҳоҷир, луй Афғонистон(Афғонистони бузург) ва дигар мақулаҳоро(падида) ҷаълу ихтироъ намуданд. Ба асли матлаб, ки баргардем, Тарзӣ мисли туркон як барномаву дуктрини миллии мутаноқизро мутадовил(расм) намуд, ки бидуни дарназардошти воқеиятҳои иҷтимоъ, кишварро ба сӯи партгоҳ равона сохт. Алорағми суботу пирӯзии кӯтоҳмуддат, туркҳо низ дар дарозмуддат дучори мушкилот шуданд, зеро курдҳо пас аз нимаи садаи бист ҳувияти худро эҳё карданд ва барои чанд даҳа алайҳи истибдод ва худкомагии туркҳо мубориза намуданд ва саранҷом имрӯз давлати Туркия ночор аст бо курдҳо ба як тафоҳум ва тавофуқ бирасад ва аз мавқифи худ ақибнишинӣ кунад ва дар мафҳуми миллат ва ҳувияти миллӣ таъдил ва тағйир биёварад. Агар Тарзӣ ин равандро оғоз намекард ва аз моделҳои маданӣ ва ғайриқавмии Урупои ғарбӣ иқтибос менамуд, шояд мардуми Афғонистон дучори ин гуна ихтироқу(тафриқа) низоъ намешуд.

Пас аз Маҳмуди Тарзӣ касе, ки пешгом ва мағзи мутафаккири фароянди миллатсозӣ гардид, Муҳаммадгулхони Мӯманд аст. Ҳамон қадар ки Тарзӣ дар ҳукумати Амонӣ дорои нуфузу вазнаи сиёсӣ буд, ба ҳамин андоза Мӯманд низ дар ҳокимияти Оли Яҳё мақоми боло ва нуфузи фаровон дошт. Мӯманд мисли Тарзӣ донишомӯхтаи яке аз донишгоҳҳои Туркияи Усмонӣ буд ва яке аз сарсахттарин ва тундравтарин дунболаравони ҷарёни миллигароие, ки Тарзӣ бунёд ниҳода буд, шумурда мешавад. Дар замони ҳокимияташ дар шимолу ғарби кишвар дорои ихтиёри том ва қудрати номаҳдуд буд . Ӯ масъули тағйири номҳои манотиқ аз порсӣ ба пашту, сарнагунии катибаҳои таърихӣ ва сангҳои гӯристонҳо ,мусодира ва ғасби заминҳои борвар ва ҳосилхез ва ҷобаҷоии ҳазорон хонаводаи паштун аз ҷануб ба шимол мебошад. Ҳамчунон ӯ бо фишору таблиғоти беш аз ҳад , бисёр аз аъзои хонаводаи салтанатиро шустушӯи мағзӣ намуда буд ва аз тариқи онҳо хост як идда аз мақосид ва аҳдофи худро мутаҳаққиқ(амалӣ сохтан) созад. Якеаш зудудан ва ҳазфи забони порсӣ бо ҳамёрии Наъимхон(писаркокои(амак) Зоҳиршоҳ ва бародари Сардор Довуд) аз низоми омӯзишии Афғонистон барои чанд сол буд . Аммо билохира барномаашон ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд ва ногузир шуданд, то порсиро дубора ба ҷойгоҳи қаблиаш баргардонанд. Мӯманд яке аз пешгомони ҳамин ҷараён имрӯз шуморида мешавад ва ҳамеша қавмгароён саъй карданд, ки муқаллиди роҳу аъмолаш бошанд. Яке аз миллигароёни дигаре, ки барои рушди забони пашту тухми хушунатро кошт ва паштунҳоро фаро хонд, ки бо шамшер, на бо қалам, забони худро зинда созанд , Абдулҳай Ҳабибӣ аст. Ҳабибӣ дар ин сурудаи порсӣ паштунҳоро ба хушунат даъват намуд.

Қавми ман! Эй тӯдаи волонажод,

В -эй ниёкони ғаюрат марду дод.

Бо ту дорам гуфтугӯи маҳраме

То зи асрори ҳаёт огоҳ шавӣ.

Бишнав , ай паштуни босидқу сафо,

Ҳофизи кӯҳсори қалби Осиё

Гар бузургӣ хоҳиву озодагӣ

Ё чу аслофи ғаюрат зиндагӣ

Аввалан , пашту, лисонат зинда соз.

Ҳам бар ин шолуда(поя) кохат барфароз,

То тавонӣ такя бар шамшер кун

Қасри миллатро бар он таъмир кун.

Ҳабибӣ дар ин шеър барои паштунҳо як ғурури козиб мехост ба вуҷуд биёварад ва мустақиман зеҳнияти паштунҳоро бо бартарии нажодӣ ва такя задан ба шамшер олуда месозад. Аз ин ки ин шахс паштунҳоро ба қалам ва китобат ва нависоӣ даъват ва раҳнамоӣ мекард ва аз паёмҳо ва намодҳое кор мегирифт, ки эътимод ба нафси паштунҳоро тақвият менамуд, бештар ҳамтаборони худро ба сӯи бимнокӣ ва нигаронӣ фаро хонд то душманони дохиливу хориҷӣ барои худ битарошанд ва барои тасаллии худ забони порсиро муқассири аслии ақибмондагӣ ва нокомии рушди забони пашту муаррифӣ кунанд ва ниҳоятан ҳамлавар ба сӯи порсӣ бо шамшери тезу буррон шаванд.

Пас бояд дарбиёбем, ки имрӯз яке аз далоил, ки қавмгароёни афғон мухолифат ба забони порсӣ нишон медиҳанд, ҳамин аст. Онҳо мепиндоранд, ки рӯйиш ва боландагии порсӣ, яъне қурбон кардани забони пашту ва ин нигаронӣ сабаб шудааст, ки на танҳо ин мавзӯъ як дағдағаи сиёсӣ барояшон бошад, балки ба як дағдағаи равонӣ барои онҳо мубаддал шудааст. Ин марази адами эътимод ба нафс ва доштани дилнигаронӣ ва ноустуворӣ боъиси уқдаи ҳақорат ва дигар бемориҳои равонӣ хоҳад шуд, ки ба ғайр аз афзудани кӯтоҳфикрӣ, хашму хушунат бо дигаронро тарвиҷ мекунад. Равоншиносон бо қотеъият ба чунин бовар ҳастанд, ки аксарияти кушторҳои дастаҷамъӣ ва наслкушиҳо аз тарафи афрод ё гурӯҳҳое иҷро мешавад, ки ҳамин чолишҳо ва бемориҳои равониро доранд.Бино бар ин миллигароёни паштун бо доштани чунин афкор ва усул дар гуфтумони миллии эшон маҳкум ба дучор шудан ба чунин бемории равонӣ будаанд. Бояд рӯшанандешони паштунтабор бикӯшанд то миллати худро аз ин раванд наҷот бидиҳанд ва аз ин ки дигаронро омили бадбахтиҳо ва ақибмондагиашон бишморанд, аносири заъфи худро пайдо кунанд ва заминаҳои пешрафт ва тавсиаи солимро фароҳам созанд. Миллигароёни миёнарави паштун бояд як бадил(роҳ) ва як дуктрини навро барои мардуми худ ироа кунанд ва барои абад андешаҳои ботили гузаштаро раҳо намоянд.

Бояд азғон(эътироф) кард, ки дуктрин ва барномаи миллии сохта ва бофташуда аз сӯи афроде чу Тарзӣӯманд ва ғайра боъис шудааст, ки миллигароёни афғон чунин як мавқиф ва мавзеъи дур аз мантиқ ва воқеиятро дошта бошанд. Ин ҷараён дар мағзу ҳастааш пур аз таноқизу тазод аст ва ҳамааш ношӣ аз кӯтаҳфикрӣ ва кажбоварии бониёни ин ҷараён ва афкор мебошад. Яке аз таноқизҳое, ки омили ин бӯҳрони имрӯзӣ шудааст, таҳмили ҳувияти афғон аст.

Ҳувияти афғон, ки дар таърих истилоҳе буд, ки тоҷикон ва аъроб танҳо барои паштунҳо ба кор мебурданд, вале дар замони ҳукумати Амонуллоҳхон ва Тарзӣ сари сокинони ин сарзамин таҳмил шуд ва то имрӯз идома дорад. Бояд ба арз бирасонам, ки таърифи ин ҳувият аз бобати ҳамин сиёсат таноқиз пайдо кард, зеро имрӯз ҳам барои шаҳрвандони Афғонистон истифода мешавад ва ҳам барои чанд миллион паштунтабори покистонӣ. Яъне ки афғон ҳам ҳувияти қавмӣ ва ҳам фароқавмӣ ва фаромарзӣ мебошад. Таҳмили ҳувияти як қавм болои ҳама ақвоми сокин дар кишвар ва адами қуваи истидлол(далел) ва санҷиши ҳамин фароянди миллатсозии давлатҳои афғонмеҳвар буд, ки ҷараёнҳо ва фарояндҳои миллатсозии ақвоми дигарро низ ангезонад. Имрӯз дар паҳлӯи ҳувияти миллии афғон чанд ҳувияти миллии дигар ҳам вуҷуд дорад ва дар баробари таҳмили ҳувияти афғон муқовимат менамоянд ва ин боъиси бурузи танишҳо ва даргириҳои гуногун шудааст. Хостҳои мутафовит дар ҷомиаи мо сабаб шудааст, ки имрӯз ихтилофот ташдид биёбанд ва шикофҳои қавмӣ пуррангтар гарданд. Пас касе наметавонад дар вазъи мавҷуд муддаъӣ бошад, ки ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ҷузъи як миллат ҳастанд ва адами шиори нуҳуфтаи таҷзия дар замони ҷангҳои гузашта мисдоқи(санад) мавҷудияти ин миллати воҳид ва бузург аст.

Дар фарҷом, барои ҳалли ин бӯҳрони ҳувият ва поён додан ба низоъ миёни ақвом, танҳо як роҳи ҳал вуҷуд дорад, ки бо татбиқи он метавон масирро тағйир дод ва ба сӯи ҳамгароӣ рафт. Он роҳи ҳал ҷудоии мафҳуми давлат ва миллат мебошад ва ғайрисиёсӣ намудани ҷараёнҳо ва ҷунбишҳои миллигаро. Ба назари банда, мо ниёз ба як барнома ва фароянди навини миллатсозӣ ҳам надорем то аз ин бӯҳрон худро берун намоем. Миллатсозӣ дар Афғонистон дучори нокомӣ ва шикаст нашудааст , балки аз оғоз як рангу бӯи қавмиро барояш бахшиданд ва билохира имрӯз миллатҳои қавмӣ дар ҷомиа дорем, ки мароҳили гуногуни миллатсозиро паймуданд ва барои сохтани як миллати нав, восозии онҳо замонгир ва беҳуда мебошад. Имрӯз мо як миллат-давлат нестем, бал як давлат бо як танаввӯъи миллатҳо ва ақвом мебошем ва лизо ин воқеияти ҷомиаи худро бояд бипазирем. Мо хеле кишварҳое дорем, ки чунин сохтору низомро доранд ва барои овардани ҳамнавоӣ ва иҷмоъ созу корҳои муносибе ёфтанд. Яке аз ин кишварҳо Молизӣ(Малайзия) аст, ки дар соли 1963-и тарсоӣ чанд миллати қавмӣ зери як сохтори федеролӣ давлате ташкил доданд, ки ба ғайр аз Сингопур, бақияаш то имрӯз зери ҳамин чатри бузург зист доранд. Дар қонуни асосии Молизӣ омада, ки ин кишвар муташаккил аз миллатҳои гуногун ва мутафовит аст, аммо ҳуқуқи ҳамаашон баробар ва давлат барои саодат, тавсиа ва пешрафти ҳамаи онҳо хоҳад кӯшид ва хидмат намуд.Як намунаи дигар Бритониё аст, ки як сохтори воҳид ё мутамарказ дорад ва аз тариқи як иттиҳодия, чаҳор миллат(Ирланди Шимолӣ, Скотланд, Велс ва Инглистон) як давлати муштаракро сохтаанд ва агар рӯзе расид, ки дигар чунин иттиҳодро ба салоҳ ва судмандии хеш набинанд, аз равишҳои мардумсолорӣ, монанди ҳамапурсӣ, ҳаққи интизоъро(ҷудоӣ) доранд. Пас агар кишварҳои дигар накӯшиданд, ки як давлат –миллат шаванд, чаро мо замону неруи худро талаф кунем ва хоби миллат шудану аз миён рафтани миллатҳои қавмиро дошта бошем? Давлати ҳамагонӣ ва ғайриқавмӣ метавонад танишҳо ва кинаҳоро коҳиш диҳад ва эътимод ва таомули мусбатро миёни шаҳрвандон тақвият кунад. Дар чунин як вазъ, сиёсати расмии давлат чандфарҳангпарварӣ мебошад ва агар барои як миллат ва фарҳанг ёрӣ расонд, бояд барои ҳамааш бирасонад.Зимнан, давлат барои шакл додани як ҳувияти шаҳрвандӣ дар Афғонистон бояд номи ин густураи сиёсиро дигаргун кунад ва бо ҳамнавоиву пазириши тамоми миллатҳо ва таборҳо як ном ва ҳувияти ҷадидро барои худ итхоз(интихоб) намояд. Давлат, бо корбурд аз ин гуна созу корҳо, иҷтимоъро ба ҳамбастагиву ҳамгароӣ хоҳад бурд ва иқтидору машрӯъияти поё дар саросари кишвар пайдо хоҳад кард ва барои абад маъзали(мушкил) ҳувият ҳал хоҳад шуд.

.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?