
Бознашр аз нашрияи “Ҳафта” Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Мӯъмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон ...сухан дигар арзиш надорад, одам қадр надорад. Дар ҳоле, ки ақли инсоният ончунон баланд рафтааст, ки дар кайҳон метавон зиндагӣ кард. Одам афсӯс мехурад, ки дар андешаву рафтори инсонҳо хуруфот у таззод бештар пайдо шудааст истода аст ва рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Гумон мекунӣ ҳамаи кори дунё ба нуқтаи охираш расидааст, қиёмат қойим шудаистода аст.ман дигар коре аз дастам намеояд, зӯрам намерасад. Он кореро, ки то ҳоло анҷом додам, дар эҷодиёти ман таҷассум ёфтааст. Пойтахт бе ҷанг ба дасти нерӯе афтид, ки таҷрибаи таърихии давлатдорӣ надоштанд: -мардумӣ ва деҳотӣ буданд. Маърифати давлатдорӣ надоштанд.
Сӯҳбати мо бо устоди сухан Мӯъмин Қаноат, дар манзили зисти эшон доир гардид. Аз ин пеш низ чанд навбат бо ин марди воқеан хирадманд ва мутафаккири барҷаста сӯҳбатҳо доштам. Ва ҳар боре бо ӯ сӯҳбат кардаам, як ҷаҳоне тозаро, як дунё ҳарфу сухани дигарро барои худ кашф намудаам. Устод Мӯъминшоҳ, ки суханварони мӯътабаре чун шодравон Лоиқ ва устодон Бозор Собиру Гулрухсор бар устодӣ ва муаллимии ӯ қоиланд, дар ҳақиқат ганҷ ва кони сухану ҳикмат аст. Аммо ӯ бо ин ҳама виқору салобату шаҳомате, ки дорад, хеле кам ҳарф мезанад, манзурам дар матбуот аст. Вале вақте пешаш рафтед, бо нафаре рӯбарӯ мешавед, ки аз ҳама ҳаводис ва ҷараёноти давру бар ба хубӣ воқиф аст. Ин бор низ устодро ҳамон тавре ки ҳар бор медидам, солору ботамкин вале бошукӯҳу хушҳарфу сухан дарёфтам. ӯ ҳарфу суханро аз он оғозид, ки дар борааш умдатан ононе фикру андеша мекунанд, ки исмашон Рӯшанфикр ва ишқашон миллату мардум аст: -Як фикр ҳамеша маро азият медиҳад, милате, ки намунаи авваллин ва беҳтарини маданияту фарҳангро чӣ дар рисолати паямбариву ойини ростин, чӣ дар илму адабиёт ва ҳунарҳои зебо ва ҳам дар ахлоқи башардӯстона ба ҷаҳониён дод ва водор кард, ки бисёриҳо аз ӯ ибрат гиранд ва гирифтаанд, имрӯз чизе надорад. Мо тоҷикон ҳоло чизе надорем, ки ба ҷаҳониён пешниҳод кунем. Дигар мо наметавонем ҷаҳонро дигар кунем. Андешаи башариятро мо дигар карда наметавонем. Дар ин марҳила ягона коре, ки мо тоҷикон карда метавонем ин аст ки аввал дар дохил бояд бо ҳам бошем, якнавъ бахшояндагӣ бояд дошта бошем, касе иштибоҳе карда бошад, бубахшемаш, дар ҳамдастӣ коре бикунем, каме ҳам бошад аз бузургманишӣ даст бикашем, ба хотири онки мо дигар аз аҳди бузургоне чун Зардушту Рӯдакиву Синову Фирдавсиву Ҷомӣ нестем, ҳарчанд он тамаддун дигар пора- пора шудаву вуҷуд надорад! Аммо имрӯз ҳам бо вуҷуди тикка-тикка шуданаш онро таҷзия карда истодаанд. Мардум ҳеҷ андеша намекунанд, ки имрӯз Урупо якпорча шуда истодааст? Чаро? Бо ин ҳама ҳамон техникаву технологияи навтарине, ки дорад, чӣ сабаб шуда, ки рӯ ба якпорчагию муттаҳидӣ оварда истодааст ? Ҷавоби мустақим ин аст, ки Урупо чизе надорад, аслан ҳиччӣ надорад:- на захоири табиӣ, на манбаъи об, на ангишт дорад. Ягона чизе, ки дорад ин мавқеи ҷуғрофиаш асту як андоза андешаҳои озод! Барои нигоҳ доштани ҳамин нерӯи мавҷуда инҳо иттиҳоду якпорчагӣ карданд! Якпорчашавии онҳо ба хотири оҳиста- оҳиста хурд кардану то дараҷаи зарра расонидани Ориёи Бузург аст! Тоҷикистону Эрону Афғонистон-Ориёно! То андозае, ки тавонистанд ба ҳадафҳояшон расида истодаанд: -Эронро сад пора карданд, Тоҷикистонро ҳам 10 пора карданд. Манзурам аз ин ҳарфҳо инаст ки ин ҳама талошу ҷараёнҳоро онҳо танҳо барои наҷоти худашон мекунанд. Мавқеи аввалаашонро мехоҳанд пайдо кунанд. Амрико бо Урупо мувофиқ нест, инҳо низ манфиатҳои худро доранд, ки ин мавзӯи сӯҳбати алоҳида аст. -Мо 70 сол дар таркиби Шӯравӣ будем, аммо тӯли ин беш аз бист соли Истиқлолият то кадом андоза тавонистем пешрафт кунем? -Иттиҳоди Шӯравӣ як давлати абарқудрат буд! Ҳам мардумӣ буд, ҳам диктатура дошт, ҳам фақирпарвару сағирапарвар буд. Аз кулли мамлакатҳои ҷаҳон беҳтару пештар буд. Бо вуҷуди ин гуна як сохтори давлатдории бартар суқут кард ва сабаби инқирозаш ҳам ҳамон якфикриву якандешӣ буд, ки барои аксарият таҳмилӣ буд, Одам бояд истиқлоли фардӣ дошта бошад, дар тафаккуру андеша бояд озод бошад. Вақте истиқлол ба даст даровардӣ онро нахуст нигоҳ бояд дошт ва дигар инки аз он ба ваҷҳи аҳсан истифода бурдан лозим аст. Замоне, ки мо истиқлол ба даст овардем, ҳизбҳои мо, он нерӯҳои сиёсӣ, ки дар раъс ва раҳбарияти кишвар қарор доштанд, андешаи собиқашонро натавонистанд нав кунанд. Дар ҳамон мавқеи аввалаашон истоданд, боқӣ монданд. Коммунистҳо нахостанд назарашонро нав кунанд ва онҳое, ки ҳамроҳи онҳо буданд-роҳбарияти мамлакат низ. Ҳатто таҷрибаи Чинро пеши назар наоварданд, наомӯхтанд, ки онҷо ҳоло ҳам коммунистҳо сари қудратанд, лекин он қадар таҳаввуле ба вуҷуд оварданду пешрафт карданд, ки бозори кулли ҷаҳонро соҳиб шуданд! Тавонистанд, аммо мардуми мо натавонистанд! Демократҳо ҳам намедонистанд, ки принсипҳои демократӣ чисту чиро дар бар мегирад. Инҳо шаклҳои демократияро хуб наомӯхта буданду намедонистанд, ки дар Урупо чӣ шакл асту дар Индонези чӣ тавр. На омӯхта буданду на медонистанд. Инҳо ба шиорпароканӣ, ба ҳарфу ҳиҷобозӣ машғул шуданд. Мавзӯи адабиёту эстетикаро гирифтанд на бедориву ҳушёриву озодиро! Охир демократия илм аст, ҷаҳонро ҳамту бо мусиқиву рақсу бозӣ дигар кардан намешавад! Хуллас, онҳое, ки ба майдон омаданд, аз чизе огаҳ набуданд. Мавқеи ҷуғрофиамон низ нақши муҳим дошт. Он нерӯҳои исломие, ки доштем аз ҳар ҷиҳат бедор ва фаъол шуданд. Инҷо низ аз онҳое, ки аз илми Ислом кам хабар доштанд, аз муллоҳои одӣ сӯиистифода карданд. Мардумро барвақт ба майдонҳо кашиданд. Ҳатто Тӯраҷонзода чанд бор баромад карда даъват кард, ки мо омода нестем, ҳоло барвақт аст, 11 дар 100- ҷомеа моро мефаҳмаду халос! Аммо ҳарфи инкасро ҳеҷ кас гӯш накард…Тамоми корҳои рӯзгор мондагӣ, мардумро таҳрик доданду оварданд ва майдоншинӣ карданд. Ин бас набуд, ки боз майдони «Озодӣ»-ро ташкил карданд. Он вақт ман дар Маскав, дар Шӯрои олӣ кор мекардам, гоҳ- гоҳ, ки ташаннуҷ эҷод мешуд, меомадам. Аммо инҷо маро одами замони шӯравӣ ҳисобида қабул накарданд, яъне онҳое, ки чизе аз дипломатияю сиёсат мефаҳмиданд, аз майдонҳо ронданд, нагузоштанд ҳарфашонро гӯянд. Онҳое, ки чизеро намедонистанд ба майдонҳо омаданду ниҳоят ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд.. Баъди ҷанги дохилӣ ягон кас мардумро ба ҳам оварда натавонист. Ҳаракати «Ваҳдат» ташкил шуд , ман раиси Кумитаи иҷроя ва муовини раис интихоб шудам. Эмомалӣ Раҳмон раиси ин ҳаракат буд. Панҷ сол кор кардам , мардумро ҷамъ кардем, як коре шуд, ки онро метавон ба «гургоштӣ» нисбат дод. Яъне зоҳиран оштӣ шуданд аммо дар асл на ин гурӯҳ ба он гурӯҳ бовару эътиқод дораду на онаш ба дигарӣ. Вакте ки Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар моҳи июни соли 1997 даар Маскав миёни ҳукумат ва мухолифин ба имзо расид, аз Афғонистону Эрону Русия мардум ба Ватан баргашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо таваҷӯҳ зоҳир кард ва қарор қабул кард:- Акнун ки сулҳу ризоият ба миён омад, ба инҳо кӯмак кунем, пешрафт кунанд. Ҳамин тавр ёрдам доданро шурӯъ карданд ва оғоз шуд: -сохтани роҳҳо, шикофтани нақбҳо, сохтмони биноҳо,нерӯгоҳҳо, яъне давраи созандагӣ шурӯъ шуд. Душанбе ҳам пас аз ҳамин муоҳида нафаси озоду осуда кашид ва шурӯъ карданд ба бозсозӣ ва ҳоло оҳиста- оҳиста ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил мешавад. Сулҳ бошад, оромӣ бошад, мардум метавонад обод кунад, офарад, ихтироъ намояд, зеро мо аз азал, азалӣ аҳли фарҳангу фарҳангофар будему ҳастем. Ҳамин тариқ корҳои хубе дар ин миён ба иҷро расид, вале чизи асосие, ки ҳадафи мо буд- Инсонсозиро фаромӯш кардем, инсонро насохтем, дар кадом ҳолате, ки буд то ба имрӯз ҳамон тавр боқӣ монда аст. Дар шууру андешаву фарҳанги мо таҳаввулот ворид нагардид! Илми мо натавонист инсонро такон диҳад. Чаро мо натавонистем? Чаро мо наметавонем? Решаву асли ҳама камбуде, ки дорем, дар ҳама ришта, ин надоштани инсони замонавӣ аст! -Дар бораи гургоштӣ гуфтеду онки мо натавонистем аз сулҳи ба дастомада манфиати дилхоҳ ба даст орем, яъне ҳамон эътимоду бовари тарафайн ҳосил нашуд... -Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқи аҷибе рух дод ва чӣ ангезае дошт, ки ростӣ то ҳол дар бораи он андеша мекунам. Ин ҳам бошад муҳоҷирати ом ба зодгоҳи худаш, пойтахтро партофта фирор кардан. Раштӣ ба сӯи Рашту помирӣ ба Бадахшон, хуҷандиҳо ҳатто ҳукуматро раҳо карданду рафтанд. Ин як таҳаввули бисёр аҷиб аст. Илми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ ҷомеашиносони мо ҳамин равандро таҳлил накардаанд. Аз ҳама чизи бад ҳамин буд. Вақте ҳама фирор карданду рафтанд, инҷо холӣ монд. Инҷоро нерӯҳое соҳиб шуданд, ки таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд. Роҳбарияти таҷрибадоштаи даврони шӯравӣ ҳама фирор карданд. Онҳое, ки дар замони шӯравӣ таҷриба доштанд, рафтанд. Роҳбарияти Тоҷикистон дар дасти помириҳову қаротегиниҳову хуҷандиҳо буд. Ҳамаашон фирор карданд. Инҷо ҳеҷ кас намонд. Кӣ ангеза дод, ки онҳо фирор карданд? Иллати инро бояд пайдо намуд. Пойтахт бе ҷанг ба дасти нерӯе афтид, ки таҷрибаи таърихии давлатдорӣ надоштанд: -мардумӣ ва деҳотӣ буданд. Маърифати давлатдорӣ надоштанд. Инҳо чӣ кор карданд, аз дигар гурӯҳҳо ба идораи давлат гирифтанд, ҳамчу мушовиру маслиҳатдеҳу роҳнамо. Ман ҳам будам ва то ҳоло дар гурӯҳи машваратии Ҳукумат ҳастам, аз таҷрибае, ки дорам роҳи наздиктарину бехафвтаринро нишон медиҳам. -Дуруст аст ки неруҳои ҳукуматро гирифта таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд ва ин як камбуди ҷиддӣ дар амри эъмори давлат барои тоҷикон дар даврони истиқлол буд. Аммо, баъди гузашти бисту чанд сол тафаккури раҳбарияти мо дигар шуд ё хайр? Номаи охирини шумо ва чанде дигар аз равшанфикрони ҷомеа ба раисиҷумҳур дар иртибот ба қазияи Зайд Сайидов ба эътибор гирифта нашуд.. -Зайд Сайидро ман аз наздик намешиносам, ҳамагӣ се дафъа дидааму халос. Шахсан барои ман мавриди тавваҷӯҳ буд, ки як одам тавонистааст ин қадар ободкориҳо кунад. Ҳайф аст ки ҳамчунин инсон дар зиндон нишинад дар ҳоле ки метавонад боз ҳам обод кунад, созад, офарад. Моҳи ноябр дар Маскав будам. Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки пас аз як ҳафтаи он 25 ҳазор зиндониро озод карданд, аз ҷумла онҳоеро ки барои озодандешиву назари дигар доштан зиндонӣ шуда буданд. Ҳатто баъзе зиндониҳое, ки дар Фаронса паноҳанда буданд, онҳоро ҳам озодӣ доданд. Дар ҳамин марҳала мо ҳам ин номаро навиштем, ки Соли нав асту маврид ва фурсати бахшояндагист. Владимир Путин 25 ҳазор нафарро озод кард, ба ҳамин хотир , шояд ки ин амали Путин таъсир расонаду ба назар гиранд, нома навиштем. Бубинед ҳоло Путин дар ҷаҳон шахсияти аввалин аст! Вале он қадар хоксору заминӣ аст, ки ҳатто вақте ба толор меояд, намефаҳмӣ, ки аз куҷо омад? Бе ягон ҳамҳамаву дамдама. Зайд воқеан барои Тоҷикистон хидмат кард. Касе баробари ӯ бино бунёд накардааст, бо ин қадар зебоиву шаҳомат! На ҳукумат ва на каси дигар ба ин поя сохта наметавонад. Мутаассифона сохторҳои қудратӣ табиатан як навъ кинаварию кинатӯзӣ ҳам доранд. Аз ин ҷо буд, ки гуфтем чун инҳо ки ин қадар сахт мегиранд, шояд Президент бахшояндагиву меҳрубонӣ намояд…бахшидан дар кулли ҷаҳон мавҷуд аст ва аз фазилатҳои бисёр ҳам олии роҳбарону раисони раиятпарвар маҳсуб мешавад! Дар ҳар сурат ҳоло ҳам умедамонро накандаем. Шояд дар Соли нави худамон –Наврӯз як кори хайре, неке анҷом дода шавад . Онҳое, ки барои Тоҷикистон хидматҳои арзанда карданд, дар зиндонҳо зиёданд. Ҳатто одамоне, ки дар вақташ ба Президент хеле наздик ҳам буданд, шахсан амнияти ӯро таъмин намуданду гоҳе барои давлату ҳукумат ҷонбозиҳо низ кардаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки бо дасисаи гурӯҳе нишастаанд… -Ба назари шумо мушкили роҳбарияти имрӯза чист? Бархеҳо мегӯянд, ки такяи зиёд ба ҳаммаҳалҳо ва аз шумори онҳо ташкил кардани ҳукумат ва низ ҷалби наздикон ба мақомоти раҳбарӣ аз иштибоҳҳои ахири роҳбари давлат аст. Дар ин марҳила Президент нерӯҳои дигарро низ гирд овард. Сарвазир ва раиси Академияи улум аз Хуҷанд оварда шуд. Вале ба назари ман усули давлатдориро дигар кардан даркор. Аз куҷо меореду намеоред ҳоло ин муҳим нест, муҳим он аст, ки дар доираи конун амал намоянд! Аз усули давлатдорӣ бояд шиносанд, ки ин миллати оддиву содда нест, ба умеди ташвиқу таблиғ намешавад дигаронро фиреб дод. Чи хеле гуфтам ман дар Маскав будам ва онҷо чор рӯз истодам. Дар маҷлиси Путин пурра то шаб ширкат варзидам. Натиҷаи хубе барои кишварҳо СНГ аз ҷумла Тоҷикистон хоҳад дод. Як рӯзи дигар истодам ба хотири ширкат дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба 85- солагии зодрӯзи Чингиз Айтматов, нависандаи номвари Қирғизистон . Дар ҳамин маҷлис мо чор тоҷик суханронӣ ва гузориш кардем. Барандаи қисми фарҳангии барнома тоҷикдухтари мо Хуршедабону Ҳамроқулова буданд. Раиси умумии ҷаласа Михаил Синелников буд.Ноҳиди Зайналпур бо навоҳои дилошӯби ориёӣ маҷлисро хеле гарм кард, ки ҳама ба по хеста кафкӯбӣ карданд. Роҳбари ҷаласа баъди Зайналпур эълом кард, ки аз Бухоро дастаи муғанниёну мутрибон ва раққосон омадаанду онҳо оҳанги “Мавригӣ” иҷро мекунанд. Инҳо мавригӣ мехонанд. Дигар ҳама мутаваҷҷеҳ шуданд. Аксарияти аҳли толорро туркзабонҳо ташкил карда буд.Мо форсизабонҳо як даҳ нафар будем. Хуб бухороиҳо мавригиро шурӯъ карданд, раққосаҳои шаҳлочашму оҳунигоҳи бухориву самарқандии узви ин даста ба рақс пардохтанд. Матни суруду оҳанги мавригӣ, ки тоҷикӣ аст мо роҳат гӯш кардем вале бақияи аҳли толор миш-мишу фиш-фиш мекарданд, ки ин чи тур аст? Ба кадом лаҳну шева аст ин суруд? Хуллас, ба Синелников, раиси ҷаласа аз толор хатча фиристоданду гуфтанд, ки бухороиҳо чи хонданд, ки мо нафаҳмидем. Синелников гуфт, ки сурудҳои мавригӣ ин сурудаҳои эрониҳои Бухоро аст, ки нусхаи он бо номи Чорзарб танҳо дар Тоҷикистон аст. Хулоса ҳамин маҷлиси ёдбуди дӯсти бузурги қирғизи ман Чингизро дар Маскав мо тоҷикҳо гарм кардем.Мардум ҳама дар ҳайрат уфтода ва аз фарти иштиёқи зиёд ба тоҷикҳову фарҳанги тоҷикҳо моро ба банкет (зиёфат) даъват карданд, ки ман гуфтам узр, инҷо бачаҳои тоҷик дар як тарабхонаи назди Майдони сурх як пиёла чой кардаанду маро онҷо ба навор ҳам мегиранд. Яъне тоҷикон, агарки афроди арзандаву сазоворашон дар ҳар маҳфилу маҷлисе ҳатто дар он лаби дунё фиристода шаванд, метавонанд ҳунару санъати баландро ба намоиш бигзоранд. Метавонанд барандаи тамоми ҷоизаҳо шаванд, дар тамоми ҷаҳон маданияту фарҳангамонро муарифӣ намоянд, аммо дар инҷо намегузоранд. Агар ин нафрон, ки он маҳфилро гарм карданд ба ватани худ ба Тоҷикистон оянд, шароиту имконият намедиҳанд. -Пас аз навиштани нома ба номи раиси ҷумҳур ба шумо ягон хел ҷавоб омад? -Не, аслан хомӯш буданд, ҷавобе надоданд. Шояд дер расида бошад. -Мегӯянд, ки солҳои пеш ҷойгоҳи Мӯъмин Қаноат хеле баланд буд ва Шумо дар аксари маҷлисҳо ширкат меварзидед, аммо имрӯз мебинем мақоми шуморо намешиносанд ва торафт шуморо аз майдон берун мекунанд, сабабаш чӣ бошад? -Мушкилӣ ин ҷост, ки ман дар баъзе масъалаҳо фикрамро ошкоро мегӯям, чӣ дар маҷлис бошад ва чӣ дар матбуот. Аз гуфтани сухан ҳақ истиҳола накардаам. Ё инки фикрҳоямро ба мушовиронашон мерасонам, ки барои мисол ҳамин коре, ки мекунед, оқибаташ чандон хуб нест, саҳеҳ нет. Усули давлатдории қабилагию қавмию хонаводагиро ман чандин бор навиштаму гуфтам, ки кори хубе нест, бас кардан даркор, айб аст, дар ҳоле ки мо худро давлати демократӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ муарифӣ мекунем. Ҳатто ин усули давлатдории имрӯзаамон аз усули давлатдории Сомониён қафотар меистад! Дар Сомониён феодализми пешрафта буд, ин бошад феодализми ибтидоӣ аст! Аз давраи ғуломдорӣ ба феодализм инсон як марҳилаеро тай мекунад, ки мо дар ҳамон давра қарор дорем! Ин гапҳоро ки мегуфтем, хуш намеояд албатта. Дигар ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, ки ин гуна ҳарфҳоро занад. Вале нагӯед намешавад. Агар аз пайи ислоҳаш нашавем оқибаташ бисёр бад аст! Он қадар баде ҳаст, ки гуфтан мумкин нест! Худо нигаҳ дорад. -Чаро дигар шоирону нависандагон, зиёиён мӯҳри хамӯшӣ бар лаб задаанд. Ин нишонаи тарс аст, хушомадгӯӣ ё чизи дигар? -Фикр мекунам онҳо на ҷуръат доранд, на таҷриба доранд ва на шинохти ҷаҳонӣ доранд! Гапи онҳо ду пула арзиш надорад! Гапи маро ними ҷаҳон қабул мекунад. Гапи ман таъсир дорад, зеро маро мешиносанду медонанд. Барои ман манфиати миллат, бақои ин милати куҳанбунёд ва тамоми форсизабонони ҷаҳон дар мақоми аввал меистад. Дар ягон шабакаи телевизионҳои Тоҷикстон маро нишон намедиҳанд! Қариб чор сол мешавад, вале ман тоқат мекунам. Бубинед дар шаҳри Волгоград мактаби рақами 52-ро ба номи ман гузоштанд! Дар инҷо бошад…. Дар онҷо ҷоизаи достони «Суруши Сталинград» -ро таъсис додаанд, ки ҳар сол дар маросими махсусе, ки барои мактаббачаҳои саросари ин вилоят доир мешавад ва ин достонро қироат мекунанд, инъому ҳадяҳо медиҳанд. -Гуфтед, ки моҳи май боз ҳам Маскав меравам? -Бале, дар ҳайати мушовараи президенти Русия В.В.Путин ман ҳам аъзо ҳастам. Роҳбари бевоситаи ман набераи нависанда Алексей Толстой -Владимир Илич Толстой аст. 9 май Маскав меравам ва як моҳ онҷо хоҳам буд. Қарор аст як медали бахшида ба ҳафтод солагии ғалабаи Сталинград дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ман супоранд. Дар ин маҷлис роҳбарияти ҳукумати вилояти Волгоград ва гурӯҳи ветеранҳои ҷанги Сталинград ширкат меварзанд. -Дар воқеъ афроди маъруфу машҳури тоҷик дар ватани худ қадр надоранд, камтар тақдир мешаванд вале онҳое бологузару маҷлиснишинанд, маслиҳатдеҳу мушовиранд, ки миёни мардум шинохта нестанд. -Охир, инҳо чӣ маслиҳат медиҳанд, чун чизеро намедонанд?! Ҳоло ин саволи шумо ба хотири ман як давра ё марҳалае аз гузаштаро овард. Соли 1948 Боймирзо Ҳайити чустӣ ҳаракатеро алайҳи шӯравӣ ташкил дод, ки мақарри он дар Мюнхени Олмон буд. Ин ҳаракат дар барҳам задани шӯравӣ нақш дошт. Бубинед Уинстон Черчил, сарвазири Англия соли 1947 дар парламент суханронӣ карда гуфт, ки: -Ҷанги ҷаҳонӣ тамом шуд, аммо ҷанг давом дорад! Ҷанги сардро дар назар дошт ӯ. Пӯлод Толису Улуғзода ва то ба Маҳмудҷон Воҳидов қурбонии ҳамин ҳаракати Боймирзо Ҳайит шуданд! Ин ҳаракат то дер замон фаъолият дошт. Ҳайит, ки дигар пир шуда буд ба ҷойи худ муовин мекофт, албатта аз мардуми Фарғона. Дар яке аз сафарҳои Пӯлод Толис дар кадом як ҷашнвораи ҷавонҳо дар Берлин, чи хеле мешаваду бо ӯ сӯҳбат мекунад. Инро КГБ-и шӯравӣ мефаҳмад ва натиҷа ин шуд, ки Толис нобуд гардид. Азиз Улуғзода, котиби комсомоли МГУ буд ва чандин забонро медонист. ӯро бурданду ба ҷойи Ҳайит омода карданӣ шуданд, ки ҳаракаташон фурӯ афтод. Вале дар ин миён Улуғзода, бузургтарин нависанда ба азоби зиёд дучор шуд. Улуғзода бузургтарин нависандаи тоҷик буданд, аз Айнӣ ҳам пурқувваттар, ҳамин одами бузургро шикастанд! Ман аз ҳамаи ин ҳаракатҳову ташкилотҳо бохабарам. Ё ҳамин чанд рӯзи пеш дар маҷлиси солонаи АУ иштирок доштам. Як кашфиёту навигарӣ дар илм нест! Ду рӯз беҳуда гузашт! Кай боз дар таърих президенти Акедемияро бо фармон таъин мекунанд?! Дар ягон ҷои ҷаҳон мумкин нест ин кор! Президенти Акедемияро бо раъйпурсии пинҳонӣ олимон интихоб мекунанд! Ин нафар дар илми ҷаҳонӣ бояд чеҳраи шинохташуда бошад! Масалан дар ҷаҳони имрӯза мисли Собит Неъматуллоев ҳеҷ кас нест, ягона аст дар риштаи худаш. ӯ марди рост ва ҳақгӯй аст. -Шумо, ки аз раванду бофтҳои иҷтимоии мухталифи олам огаҳӣ доред, метавонед бигӯед, ки чаро дар мо як нафар, ки ба курсӣ соҳиб шуд, дигар раҳо кардан намехоҳад? Чаро дар Арманистон ин тавр нест, чаро дар Гурҷистон ин тавр нест? Аммо дар мо ... Ин нишонаи шуури пасти омиёна аст. Як навъ хурофот . Гумон мекунанд, ки президентӣ як мақоми аз ҳад баланд аст. Аслан ҳеҷ чиз нест. Ҳукумат аст, ки бояд кор кунад. Президент барномаи корро таҳия ва назорат мекунад. Дар кишварҳои дигар ҳукумат кор ва Президент назорату ислоҳ мекунад. Аммо ин хеле ки дар мо ҳаст... Зӯри ҳеҷ кас намерасад, ки агар ҳама кор дар дасти як нафар бошад, ҳатто вақт намерасад. -Ояндаро чи гуна мебинед? -Гуфта наметавонам, зеро мо комилан барои оянда омода нестем, на зиёиҳо, на сиёсатмадорон, на мардум. Аз оқибаташ метарсам, ки як таркиш нашавад.Таркиши аз дохилу аз беруну аз атроф, оташфишон. Ин бисёр хатарнок аст, ки ҳам давлат ва ҳам миллат аз байн меравад. Аммо прогнози онро кас намедонад, ки кай ва баъди чанд вақт иттифоқ меафтад. Пеш аз ҳама мо бояд ҳамин роҳи таркишро бубандем, ки миллату давлат аз байн наравад! Ба хусус, ки агар маводди таркандаро аз хориҷа,аз неруҳои хориҷа оварданӣ бошанд. Пеши онро бояд гирифт. Ин ки мегӯед маводди тарканда, ин як рамз, тамсил аст.Магар не? -Оре, ин идеология аст, равияҳои мухталиф асту.... роҳбандиҳо асту... хулоса фишорҳои гуногун аст... Бубинед, ҳамин ду ҳодисаи ахирро, ки бародарони озарӣ анҷом доданд. Катибаҳои форсии рӯи мақбараи Низомиро аз байн бурданд ва ҷояшро ба туркӣ доданд. Гӯю чавгонро моли миллати худашон эълон карданд.... Аммо давлатдорони мо чӣ? Дар фикри гирд овардани хешу табору ҷамъ кардани сарвату пулу молу намедонам мошину хонаҳои боҳашамату ... Афсӯс, ки хеле маҳдуд ва хеле танганд ва инҷо ҳар кас барои худаш ва ба роҳи худаш, ҷавонмардӣ, мардӣ кам мондааст...
|