http://tajikam.com

Ҳадаф эҳёи забон ва фарҳанги миллист PDF Чоп
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
10.02.2014 22:27

 

10 феврал –зодрӯзи зиндаёд Устод Тоҳири Абдуҷаббор

Бояд гуфт, ки омӯхтани алифбои классикӣ ва иваз намудани алифбои имрӯза бо он, тавре ки баъзе касон тасаввур мекунанд, кори мушкил нест ва вақту масорифи чандон зиёдро ҳам талаб намекунад.

Барқарор кардани алифбои классикӣ, на танҳо моро бо ниёгонамон, бо таърихи халқи худ пайванд медиҳад ва аз ин тариқ моро беҳтар месозад, балки ҳамчунон ба эҳё ва равнақи забону фарҳанги миллии мо мусоидат хоҳад кард. Ба иловаи он ба ислоҳи ғалатҳое, ки имрӯз дар навиштану талаффуз кардани калимаҳо ҷой дорад, кӯмак хоҳад кард, зеро он алифбо ба хислатҳои фонетики забони мо бештар мувофиқ мебошад. Гузашта аз он имконияте ба вуҷуд меояд, ки мардуми мо китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои кишварҳои ҳамсояро мутолиа кунанд ва аз дастовардҳои фарҳангию маънавии онҳо баҳраманд шаванд.


Бахше аз дидгоҳи Аллома Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи забон, фарҳанг ва миллат

· Аз “Тоҷикам”: Агар миқрози аҷал риштаи зиндагии Тоҳири Абдуҷаббор -- пешвои Ҷунбиши милливу озодихоҳии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ, раиси Созмони мардумии Растохезро ба гунаи мармуз намебурид, имрӯз ӯ ба 68 солагӣ мерасид... Вале сад дареғ, ки ӯ панҷ сол аст, ҷисман бо мо нест. Аммо равони поки ин абармард, суханҳои паёмбаронаву ҳушдордиҳанда ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи ӯ бо мост. Ба фармудаи Устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, мо бояд он нигоштаҳои пешвои миллиамонро пора- пора гирд оварем, биёмӯзем ва барои пешрафти миллату меҳан ва забону фарҳангамон аз он порагавҳарҳо кор гирем. Зеро Устод Тоҳири Абдуҷаббор алломае буд, ки бо такя ба дониши бузургони илму адаби форс- тоҷик ва хирадмандони ҷаҳонӣ ва андӯхтаҳои хеш дар зиндагӣ сухан мегуфт ва ҳамеша ҳадафаш озодии инсон, адолат, ободиву озодии меҳан ва рушди забону фарҳанги миллиамон буд.

· Ҳарчанд пас аз даргузашти Устод бо кӯшиши шогирдон ва ҳамсафони ӯ бахше аз нигоштаҳояш дар китоби пурмуҳтавои “Меъмори истиқлоли Тоҷикистон” гирдоварӣ шуданд,вале чун китоб бо шумори кам нашр гардид ва бисёриҳо аз он бебаҳра монданд, мо кӯшиш ба харҷ додем, ки аз нигоштаҳои бебаҳои ин хирадманд пора-пора гирдоварӣ ва замонбандӣ карда, пешкаши шумо гардонем. Ин порагавҳарҳо, бовар дорем, ки то ҷое шуморо бо дидгоҳҳои ин донишманд ва шахсияти нотакрор ошно хоҳанд кард. Ҳамзамон дар ин рӯз ба равони поки Устод Тоҳири Абдуҷаббор дуруд мефиристем ва хоҳони онем, ки хостаҳои ӯ, ки озодиву ободӣ ва шукуфоии миллату Меҳан ва аз беху бун баркандани беадолативу фасод, ҷабру зулм, худхоҳиву бегонапарастӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомиа буд, ҳарчи зудтар пиёда гардад.

Аввал аз ҳама бояд гуфт, ки дар шароити мавҷуда яке аз муҳимтарин тадобири эҳёи забони тоҷикӣ ва мақому эътибори он дар ҷомеаи мо ҳамоно мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст ва ин як амри зарурӣ ва ҳатмист. Пешниҳодот ва талаби мардум, аз ҷумла аҳли адабу илм ва равшанфикрони мо дар ин бобат комилан дуруст ва маъқул аст. Возеҳ аст, ки ин гуна тадбир аз ночорӣ аст ва зимнан кӯчактарин нияти садама задан ба забони дигар миллатҳо дар назар нест. Ин матлабро ҳамагон бояд ба хубӣ дарк кунанд. Имрӯз забони тоҷикӣ дар вазъияти бӯҳронӣ қарор дошта, фавқулодда ба ҳимоят ва пуштибонии давлат эҳтиёҷ дорад. Ҳамагон огоҳанд, ки сиёсати ғалату бехирадона ва ҷабран болои мардум таҳмил шуда буд, ки корро ба ин ҷойҳо кашонд. Акнун ҳукумати мо ба сифати қудрати нерӯманди мардумӣ, бояд ба нидои халқ гӯш фаро дода, талаби барҳақ ва одилонаи онро қонеъ созад ва дар ҷиҳати рафъи оқибатҳои манфии иштибоҳот ва ҷиноёти қаблан содиршуда гом бардорад, то ин ки забони тоҷикӣ аз вазъи ногувор наҷот ёбад ва заминаи рушду равнақи баъдии он фароҳам гардад. Барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин ва тазмин гардад. Аз ҷумла мебояд, ки таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, техникумҳо, омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳҳои олӣ ва кору коргузорӣ дар тамоми муассисаҳои илмӣ, корхонаҳо, идораҳо, вазоратхонаҳо ва дастгоҳи давлат ба забони тоҷикӣ созмон дода шавад. Албатта, барои амалӣ шудани ин матлаб лозим аст, ки роҳбарону кормандони ҳизбию давлатӣ, вазоратхонаҳою идораҳо ва муассисоту корхонаҳо забони тоҷикиро ба хубӣ бидонанд.

(1989)

Ин амал (истиқрори мақом ва мартабаи забони тоҷикӣ) барои он зарур аст, ки фарзандони халқи тоҷик на гунгу безабон ва оҷизу нотавон, балки ба сифати инсонҳои фозил, бомаърифат, фаъол ва мисли ниёгони худ суханшиносу зебопараст ва башардӯст ба камол расанд ва ниҳоят, битавонанд, ки дар хоки худ тамоми масоили хурду бузурги худро зарияи забони модарии худ ҳаллу фасл кунанд. Ин ҳаққи табиӣ ва қонунии халқи тоҷик аст ва ҳеҷ касе набояд дар ин кор ба вай монеъ шавад.

(1989)

Ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ҳадаф нест, балки василаи ҳалли бисёр масоили муҳим ва сарнавиштсози миллат аст, ки аз солҳо ба ин тараф ба миён омада, то кунун лоинҳал мондаанд. Бинобар он бояд як силсила тадбирҳо ва чорабиниҳо андешида шавад ва амалӣ гардад.

Возеҳ аст, ки дар шароити мушаххаси ҷумҳурии мо дар иртиботи ин мавзӯъ як теъдод мушкилот пеш меоянд. Яке аз онҳо – масъалаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳост, ки ин вазифаро то ҳол забони русӣ иҷро мекунад. Ҳоло аз таҳлили тамоми ҷавониби ин масъала худдорӣ карда, фақат ҳаминро тазаккур медиҳам, ки агар забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо эълон гардад, дар он сурат яқинан вазъи фалокатбори мавҷуда ҳеҷ тағйир нахоҳад кард. Биноан, пешниҳод мекунам, ки танҳо забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Тоҷикистон эълон гардад ва вазифаи забони муоширати байни миллатҳоро низ иҷро намояд.

(1989)

Масъалаи забони русӣ – марбути миллати рус аст ва миллати рус аз чандсад ҳазор нафар намояндагони он, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, иборат нест. Забони тавоно ва рушдёфтаи русӣ дар кишвари паҳновари Русия забони давлатӣ аст ва ҳеҷ чизе ва ҳеҷ касе бар он таҳдид намекунад ва эҳтиёҷоте ҳам надорад, ки миллатҳои дигар бар ҳимояи он бархоста, онро ба сифати забони давлатӣ дар ҷумҳуриҳои миллӣ эълон кунанд. Айни ин чизро дар мавриди забони ӯзбакӣ ва забонҳои дигар метавон гуфт. Дарки ин маънӣ мушкил нест, ки имрӯз дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар ҳолати ногувор ва мӯҳтоҷи ҳимоя аст, на русӣ ё ӯзбакӣ. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи тоҷикон поймол шудааст, на русҳо ва ин забони тоҷикӣ аст, ки аз доираи истифодаи қонунии худ дур андохта шудааст, на русӣ ё ӯзбакӣ. Илова бар он забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳеҷ гуна таъсир ва таҳдид намекунад. Вале додани мақоми давлатӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистон зарбаи мудҳише хоҳад буд ба забону фарҳанги миллати тоҷик.

(1989)

Дар мавриди ононе, ки худ забони тоҷикиро намедонанд ва ё хуб намедонанд ва аз ин рӯ тақозои ду (ё се) забони давлатиро мекунанд, бояд гуфт, ки онҳо аз сабаби дарки амиқ надоштанашон мехоҳанд манофеи миллатеро қурбони манофеи шахсии худ созанд.

Ҳамчунон дар мавриди ононе, ки зарурати дар мактабҳои олӣ ба забони тоҷикӣ таълим додани фарзандони халқи тоҷикро рад мекунанд, бояд гуфт, ки чунин мафкура баҳонае беш нест. Возеҳ аст, ки фориғони донишгоҳҳои Тоҷикистон умдатан дар миёни мардуми тоҷик кор ва зиндагӣ хоҳанд кард ва мардум ба духтурону инженерон ва агрономҳою мутахассисони кордону ҳолдон зарурат доранд, на ба кадрҳои гунгу нодон. На танҳо эҳёи забону фарҳанги миллати тоҷик, балки пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳамин чизро тақозо мекунад.

(1989)

Ба хубӣ донистани забон чӣ маънӣ дорад? То чӣ андоза касе бояд забонеро фаро гирад, то ки шоистаи ин ном бошад? Оё зинаи поинтарин, ки баъд аз он забондонӣ оғоз мегардад, кадом аст?

Ба назари ман, ҳангоми муайян намудани ин зинаи поинтарин ё ҳадди ақали луғатҳо ва калимаҳо, бояд ин нукта мадди назар гирифта шавад, ки забон – ин василаи маърифат, муошират ва фаъолияти гуногун мебошад, ки аксаран дар ягонагӣ зоҳир мешаванд. Биноан, касеро танҳо дар сурате метавон забондон ҳисобид, ки агар ӯ забонро ба андозае, ки барои иҷрои мақосиди дар боло зикршуда зарурат аст, фаро гирифта бошад. Яъне бо ин забон дар мавзӯъҳои маишӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, адабӣ ва ихтисосӣ, ақаллан битавонад озодона ва беғалат гуфтори дигаронро фаҳмад, худ сухан кунад, хонад ва нависад.

(1989)

Бидуни мутолиаи ҳамаҷониба қабул кардани қарорҳои беасос ва ба дараҷаи сиёсати расмӣ бардоштани дузабонӣ, ҷабран таҳмил кардани он болои мардум ба қимати гарон тамом шуда, оқибатҳои манфӣ ба бор меорад. Чунин оқибатҳо аллакай зоҳир шудаанд. Аз ҷумла, вазъи бади забони тоҷикӣ, олудагии он, маҳдудияти муқтазиёти маънавии мардум, аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъол набудани онҳо, хароб шудани пояҳои ахлоқ ва ғайра натиҷаи ҳамин гуна сиёсат аст.

Бо дарназардошти ин матолиб оё зарур аст, ки ин қадар заҳмат ва вақт ба харҷ дода, мардумро дузабона созем? Хосатан, ки самараи он дар муқобили масорифи бузург хеле ночиз ва ҳатто манфӣ аст?

Магар беҳтар нест, ки нерӯи мардум аввал аз ҳама барои ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологӣ равона шавад? Ҳалли ин масъалаҳо ҳамчунон кору заҳмат ва маблағу вақти хеле зиёдро талаб мекунад. Аммо умри инсонҳо кӯтоҳ ва корҳои муҳимтар аз дузабонӣ дар зиндагӣ бисёранд. Масрафи ғайриоқилонаи вақти танги мо боиси зоеъоти бузург ва беҳуда дар миқёси ҷомеа мегардад. Ба ҳар сурат, масъалаи дузабонӣ набояд дар утоқҳои ором ва дарбастаи як теъдод ашхоси соҳибмансаб ҳал шавад. Онро бояд мардум ҳал кунад, зеро мустақиман ба ҳуқуқ ва манофеи миллат ва ҳар шахс дахл дорад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дар ин кор ба ҷабру зӯрӣ роҳ диҳад. Омӯхтани забони дуюму сеюм бояд комилан ихтиёрӣ бошад.

(1989)

Мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ҳадаф нест, балки васила аст. Ҳадафэҳёи забон ва фарҳанги миллист. Агар дақиқтар бигӯем, мақсади асосӣ – тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеа, миллат ва худи инсон аст. Забону фарҳанг маҳсули ҷомеаи инсонӣ буда, пешрафти онҳо ба пешрафти ҷомеа вобаста аст ва ҳамзамон барои пешрафти ҷомеа аст. Аммо ҷомеа иборат аз инсонҳост ва чигунагии ҳолати инсонҳо ва сатҳу пояи камолоти онҳо чигунагии ҳолат ва дараҷаи пешрафти ҷомеаро таъйин мекунад.

Аз ин ҷост, ки бояд тамоми тадобири лозима иттихоз ва амалӣ шавад, то як муҳити иҷтимоии мусоид ва созгор барои ташаккул ва рушди солими инсон, инсони озод ва баркамол, ки ҳам шарти пешрафти ҷомеа ва ҳам ҳадафи он аст, эҷод гардад. Возеҳ аст, ки ба ин мақсад бояд як силсила масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқӣ ҳал карда шавад.

(1989)

Тавре ки мебинем, масъалаҳою мушкилоти зиёд дар пеш аст. Ҳал намудани онҳо, расидан ба як ҷомеаи мураффаъ ва эҳёи забону фарҳанги миллӣ ба фаъолият ва кору заҳмати ҳамаҷонибаи тамоми мардум, ҳар фарди ҷомеа вобаста аст.

(1989)

Чун давраи ташаккулёбии инсонҳо дар оила, кӯдакистонҳо ва мактабу донишгоҳҳо мегузарад, биноан онҳо таваҷҷӯҳи махсуси ҷомеа ва давлатро талаб мекунанд. Албатта, барои тарбияи атфоли тоҷик дар кӯдакистонҳои тоҷикӣ дар ҳама ҷо бояд шароити лозим фароҳам оварда шавад ва кори тарбия дар кӯдакистонҳо ба маротиб беҳтар гардад. Бояд дар кори таълиму тарбия ва барномаҳои дарсии мактабҳо ва донишгоҳҳо тағйироти ҷиддӣ ворид гардад ва ҳам базаи моддӣ ва техники онҳо бо дарназардошти тақозои замон ва дастовардҳои илму техника таҷдид ва тақвият гардад. Зимнан таваҷҷӯҳи махсус ба омӯхтани забон, адабиёт ва таърихи халқи тоҷик мабзул гардад ва бад-ин манзур соатҳои дарсӣ барои ин фанҳо хеле зиёд карда шавад. Китобҳои дарсии ҷадид тавассути олимони тоҷик тартиб ва нашр гарданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои васеъ бархурдор бошад ва набояд ҳама он чизеро, ки аз марказ мерасад, тӯтивор такрор ва тақлид кунад. Мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд симои худ ва мазмуну мӯҳтавои миллии худро дошта бошанд.

(1989)

Ба хотири таъмин кардани иртибот ва пайванди имрӯзу гузаштаи халқи тоҷик ба эҳёи забону фарҳанги миллат лозим аст, ки хатои фоҳиши содиршударо ислоҳ намуда, дубора дар сар то сари Тоҷикистон ба алифбои классикӣ баргардем. Тақозои шоираи номии мо Гулрухсор («Ҷ,Т» 8.03.89) ва талаби мардум дар ин бобат комилан дуруст ва барҳақ аст. Ақоиди як идда ашхос, ки дар ин ҷиҳат баҳонаҷӯӣ ва мушкилтарошӣ мекунанд, ҳеҷ асосе надорад.

Албатта, омӯхтани алифбои классикӣ таври хусусӣ, дар маҳфилу курсҳо ва бо кӯмаки рӯзномаҳо иқдоми нек аст. Вале ин роҳ роҳи ҳалли масъала нест. Ба қавли мардум «уштурро бо кафлез об додан» нашояд. Ба ақидаи ман, лозим аст, ки таи як ду соли оянда тамоми корҳои муқаддимотиро анҷом дода, гузаштан ба алифбои қаблӣ дар ҳама ҷо оғоз гардад. Дар мактабҳо омӯхтани алифбои мазкур бояд аз синфи аввал шурӯъ шавад. Ҳамзамон дар синфҳои дигар (2-10) ва ҳам дар омӯзишгоҳҳою донишгоҳҳо омӯхтани он оғоз гардад, то ба тадриҷ дар як муддати кӯтоҳ алифбои феълӣ комилан ба алифбои классикӣ иваз шавад. Зимнан, барои калонсолон ташкил кардани курсҳои «маҳви бесаводӣ» кори мушкил нахоҳад буд.

(1989)

Бояд гуфт, ки омӯхтани алифбои классикӣ ва иваз намудани алифбои имрӯза бо он, тавре ки баъзе касон тасаввур мекунанд, кори мушкил нест ва вақту масорифи чандон зиёдро ҳам талаб намекунад.

Барқарор кардани алифбои классикӣ, на танҳо моро бо ниёгонамон, бо таърихи халқи худ пайванд медиҳад ва аз ин тариқ моро беҳтар месозад, балки ҳамчунон ба эҳё ва равнақи забону фарҳанги миллии мо мусоидат хоҳад кард. Ба иловаи он ба ислоҳи ғалатҳое, ки имрӯз дар навиштану талаффуз кардани калимаҳо ҷой дорад, кӯмак хоҳад кард, зеро он алифбо ба хислатҳои фонетики забони мо бештар мувофиқ мебошад. Гузашта аз он имконияте ба вуҷуд меояд, ки мардуми мо китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои кишварҳои ҳамсояро мутолиа кунанд ва аз дастовардҳои фарҳангию маънавии онҳо баҳраманд шаванд.

Албатта, барои истифодаи васеъ аз нашрияҳои кишварҳои ҳамсоя, хусусан Эрон ва Афғонистон, лозим аст, ки робитаҳои мустақими фарҳангӣ ва илмӣ бо онҳо барқарор гардад ва табодулаи осори адабӣ, илмӣ ва ҳунарӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

(1989)

· Яке аз сабабҳои ҳолати ногувори забони тоҷикӣ дар ҷумҳурии мо, ба ақидаи ман, иборат аз даст кашидан аз алифбои арабиасоси тоҷикӣ-форсӣ ва ба ивази он дар соли 1929 ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ ва баъдан дар солҳои 1939-1940 гузаштан ба алифбои русӣ (кириллитса) мебошад. Ин амале буд носавоб ва комилан ғалат, зеро як силсила масъалаҳои мушкилу печида ва оқибатҳои манфиро ба бор овард. Аз ҷумла, бар асари он дар байни имрӯз ва гузаштаи халқи тоҷик садди бузурге эҷод ва риштаи инкишофи таърихи мо қатъ гардид. Ин амал дар роҳи фаро гирифтани ғанои маънавии ниёгонамон монеа ба вуҷуд оварда, мардумро мисли фарзандони ятим ва бепадар аз мероси фарҳангии гузаштагонамон маҳрум ва дур сохт, ки ин ҳама боиси фикру нотавонии забони наслҳои имрӯз шудааст.

· Аз ҷониби дигар, ин сиёсати ғайриоқилона корро бад-он кашонд, ки тоҷикони муқими кишвари мо аз ҳамзабонони хориҷии худ – мардуми Эрону Афғонистон ҷудо монданд ва робитаҳои фарҳангию адабӣ бо онҳо гусаста шуд, ки ин амр бидуни шак ба рушди забон ва адабиёти тоҷик таъсири манфӣ ворид кард.

· Ҳаққо ки:

· Ҳар ки ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

· Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.

· (Ҷ. Румӣ)

Ҳамон тавре ки маълум аст, дар Эрону Афғонистон ва ҳам дар Ҳинду Покистон осори гаронбаҳои бузургони қуруни гузашта ва шуарою нависандагони муосири ин кишварҳо ва соири кишварҳои ҷаҳон борҳо нашр шуда ва ҳам тавассути олимон ва муҳаққиқони онҳо корҳои зиёде дар таҳқиқи осори адабию фарҳангии бузургони мо анҷом дода шудааст, рисолаю мақолаҳои зиёд таълиф ва нашр шудааст. Аммо мардуми мо аз онҳо комилан бебаҳра мондаанд, зеро ба китобу маҷаллаҳо ва рӯзномаи он кишварҳо дастрасӣ надоранд ва гузашта аз он аксарияти мутлақи тоҷикони шӯравӣ онҳоро хонда ҳам наметавонанд. Ҳадди ақал барномаҳои телевизионии Эрону Афғонистон дар Тоҷикистон пахш намешавад, то мардум битавонанд аз каломи фасеҳу ширин ва баёни малеҳу рангин баҳраманд шаванд.

· (1989)

Алифбои русӣ (кириллитса), ки мо имрӯз аз он истифода мекунем, наметавонад тамоми хислатҳои фонетикии забони тоҷикиро ифода кунад. Аз ҷумла, алифбои мазкур имконият намедиҳад, ки фарқи байни садонокҳои кӯтоҳ ва дароз ба хубӣ ташхис шавад, зеро онҳо бо як ҳарф ифода мешаванд. Барои мисол, дар калимаҳои меҳр, меҳмон, меҳргон, солеҳ, беҳтар… ва дар калимаҳои зебо, дебо, бекор, бедил, меҳан, сероб…, садоҳои миқдоран ва ҳам сифатан мухталиф бо як ҳарфи «е» ифода ёфтаанд. Ё худ, дар калимаҳои дил, фикр, ҳосил, соҳил, инсон, имом… ва дар калимаҳои шир, амир, панир, имон, замир, занҷир… зарияи ҳарфи «и» овозҳои аз ҷиҳати дарозӣ гуногун ишора шудаанд. Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани иштибоҳот дар талаффузи калимаҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ дар таълим ва омӯзиши забон гардида ва мегардад.

· Албатта, бо дарназардошти ин матлаб саволҳое ба миён меояд, ки оё чӣ гуна ва ба кадом асос аз алифбои пешин даст кашида, алифбои дигарро ҷорӣ намуданд? Ин гуна тасмим аз тарафи кӣ ва чаро иттихоз шуд? Оё ин мавзӯъ дар маърази муҳокимаи мардум гузошта шуда буд ва ё ҷабран таҳмил гардид? Мутаассифона, аксарияти мутлақи ҳамватанони мо наметавонанд ба ин саволҳо ҷавоб бидиҳанд. Онҳо ҳамчунон намедонанд, ки чаро номи падар ва исми фомилии мо, тоҷикон, ба шакли русӣ ба иловаи суффикси «ов», «ова» ва «евич», «евна» сохта мешаванд? Чаро номҳои зебо ва анъанаҳои мо, масалан, Аҳмади Носирӣ имрӯз ба Ахмед Насырович Насыров табдил шудааст? Чӣ касе чунин амали беҷо ва ношоистаро роиҷ сохтааст? Дар ин бора чизе намегӯянд, наменависанд. Лозим аст, ки ба ин саволҳо ҷавоб гуфта шавад ва ҳақиқати ҳол ошкор гардад.

· (1989)

Бисёре аз сабабҳои вазъи ногувори забони тоҷикӣ ба чигунагии фаъолияти органҳои ҳукумат ва идораи давлатӣ вобаста аст. Дар кишвари мо давлат бо тамоми органҳои он ба як мошини бузург ва қудратманд табдил шудааст, ки ҳама чизро дар бар мегирад, ҳама корро созмон медиҳад ва тамоми масъалаҳои марбути фаъолият ва зиндагии ҷомеаро ҳаллу фасл мекунад. Дар ҷомеаи мо, маъмулан, ҳеҷ коре ё амале бидуни ихтиёр, роҳбарӣ ва ширкати органҳои ҳизбӣ ва давлатӣ сурат намепазирад. Аз ҷониби дигар, мардум, одамони оддӣ дар муқобили ин дастгоҳи нерӯманд хеле заифу нотавон буда, ҳуқуқ, озодӣ ва ихтиёри комил надоранд, дар кори қонунгузорӣ ва иттиҳози тасомим дар масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкат намекунанд ё хеле кам ҳисса мегузоранд.

Бо назардошти ин нукта метавон гуфт, ки органҳои ҳукумат ва идораи давлатӣ дар таназзули забони тоҷикӣ нақши муҳим бозиданд. Дарвоқеъ, ин ҳолати ногувор аз бисёр ҷиҳат натиҷаи амалӣ намудани як силсила иқдомоти сиёсӣ мебошад. Аз ҷумла, қарор дар бораи даст кашидан аз алифбои тоҷикӣ-форсӣ, ки таъсири мудҳиш ба сарнавишти забону фарҳанги мо дошт на аз тарафи мардум, балки тавассути органҳои ҳизбию давлатӣ қабул ва амалӣ шудааст. Ташаббускор ва созмондиҳандаи сиёсати шум ва доманадор бар зидди зиёиён, рӯҳониён ва аҳли дину мазҳаб ва таъқибу нобуд сохтани онҳо низ ҳамин органҳо буданд ва бо ин амали хеш зарбаи шадид бар пайкари фарҳанги маънавии миллат ворид намуданд.

Масъалаҳои номгузорӣ, тағйири номҳои шаҳру деҳот ва кӯчаву муассисаҳо низ аз ҷумла салоҳиятҳои органҳои ҳукумат ва идораи давлатӣ мебошад. Маҳз ба «кӯшишу ғайрати» онҳо бисёр шаҳру деҳот, аксарияти кӯчаву хиёбонҳо, колхозу совхозҳо ва муассисаҳову корхонаҳои Тоҷикистон имрӯз номҳои ноҳинҷор ва ғайри тоҷикӣ доранд. Барои мисол, аз ҷумлаи 200 колхозу совхозҳои пахтакори Тоҷикистон танҳо камтар аз 40-тояш номи тоҷикӣ доранду бас. Ба «шарофати» онҳо тоҷикон то ба ҳол филмҳоро асосан ба забони русӣ тамошо мекунанд. Албатта, номҳои зебо ва анъанавии тоҷикӣ на ба ихтиёри мардум шакли русӣ гирифта, бо иловаи суффиксҳои «ов», «ова» ва «ович», «овна» навишта мешавад.

(1989)

Бо дарназардошти он ки номҳои одамон ва шаҳру деҳот дар таърихи ҳар кадом халқу кишвар ва худшиносии миллат аҳамияти калон дорад, зарур аст, ки шаклҳои қаблии номҳои тоҷикон роиҷ гардад, яъне аз илова намудани суффиксҳои «ов», «ова», «ович» ва «овна» ба номи падару фамилияи тоҷикон сарфи назар шавад. Ҳамчунон дар сар то сари Тоҷикистон номҳои ноҳинҷор ва ғайри тоҷикии шаҳрҳою деҳаҳо, колхозу совхозҳо, муассисаҳою корхонаҳо ва маҳаллаҳою кӯчаҳо ба номҳои таърихӣ ва зебои тоҷикӣ иваз карда шавад.

(1989)

Миллат на танҳо такягоҳи афроди ҷомеа аст, он ҳамчунон мардумро бо неъматҳо ва хидамоте таъмин мекунад, ки ҳамагон ба онҳо ниёз доранд, вале ҳеч кас ба танҳоӣ наметавонад онҳоро ҳосил кунад. Дар ҷое, ки миллат шакл гирифта бошад, маъмулан, афроди ҷомеа худро мансуби он организми воҳид медонанд, забону фарҳанг ва арзишҳои миллии худро гиромӣ медоранд ва барои ободию амнияти сарзамину ҳаммиллатҳошон омодаи фидокорӣ мебошанд. Дар миёни афроди миллат эҳсоси ҳамбастагию бародарӣ вуҷуд дорад ва маъмулан, онҳо бо якдигар хамкорию рафоқат мекунанд.

(2005)

Миллатро метавон ба андоми инсон ташбеҳ кард. Ба монанди он, ки сару тану дастҳою пойҳо ва… ҳама аҷзои як пайкаранд, афроди ҷомеа низ аъзои як миллатанд ва неку бади худро бо ҳам мебинанд. Ҳамон гуна ки агар даст ё пойи одам осеб бинад, тамоми организм ранҷ мебарад, агар касе ё касоне аз афроди миллат (хоҳ ошно, хоҳ ноошно) осеб бинанд, тамоми миллат зарар мебинад. Бинобар ин, афроди бомаърифат раво намедоранд, ки бар дигарон осебе расад. Албатта, инсонҳо яксон нестанд. Аз ин рӯ, дар байни афроди ҷомеа, ба вижа дар байни афроди каммаърифату ноогоҳ бо сабабҳои гуногун ихтилофот пеш меояд ва ҳатто дар баъзе ҳолот ихтилофоти хеле ҷиддӣ. Аммо, дар ҷое ки манофеъи миллӣ матраҳ аст, он ихтилофот фурӯкаш мешавад.

(2005)

Бештари нишонаҳои миллат дар ҷомеаи мо машҳуд аст. Забону фарҳанг ва одобу русуми миллии худро дорем. Ифтихороти миллиро ҳам. Аммо, сатҳи худшиносии тӯдаҳои васеъи мардум хело пойин аст. Эҳсоси ҳамбастагию ҳамдилӣ ва масъулият дар баробари имрӯзу фардои миллат камтар дида мешавад. Барои афроди миллат тамоми маҳалҳою навоҳии Ватан ва мардуми он азиз аст ва ҳисси миллӣ болотар аз ҳисси маҳал аст. Аммо дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ривоҷ дорад, на ҳисси миллӣ. Аз ин беморӣ ҳатто «равшанфикрон» барканор намондаанд. Гузашта аз ин, бархе аз ҳамватанони мо мансубият ба динро муҳиммтар аз мансубият ба миллат медонанд.

(2005)

Гуфтугӯю баҳс дар миёни афроди миллат як амри табиӣ ва ҳатто зарурӣ аст. Зеро ин кор шарти пешрафт ва ба суди миллат аст. Аз ин рӯ, афроди миллат бо якдигар баҳс мекунанд, вале ҷанг намекунанд. Аммо дар Тоҷикистон баракс аст: баҳс кардан расм нашудааст, вале ҷанги нангин сурат гирифт. Ҳоло муҳим нест, ки тарроҳони ин моҷаро киҳо буданд ва чи ҳадафҳое доштанд. Муҳим ин аст, ки гурӯҳе ё гурӯҳҳое аз мардуми мо олати дасти бегонагон шуданд ва ба хотири ҷоҳу мол даст ба тоҷиккушӣ заданд. Ин корест, ки бо рӯҳияи миллӣ созгор нест. Ҷанги дохилӣ худ нишони он аст, ки дар кишвар ё қавмҳои мухталиф вуҷуд доранд ва манофеъи онҳо бо ҳам созгор нестанд, ё мардуми он ҳанӯз ба пояи миллат нарасидаанд.

(2005)

Манофеъи миллӣ дар он аст, ки миллат ҳукумати солеҳу солим дошта бошад. Бинобар ин, миллат зимоми ҳукуматро ба дасти ашхоси кордону содиқ ва покдоману шоиста месупорад. Аз кадом маҳал будани аъзои ҳукумат барояш ҳеч муҳимм нест. Аммо дар Тоҷикистон ҳангоми тақсими мансабҳо пеш аз ҳама ба қавму маҳал менигаранд, на ба кордонию шоистагии шахс, яъне манофеъи миллиро қурбони манофеъи шахсӣ мекунанд.

Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки агарчи тоҷикон беш аз ҳазор сол пеш аз ин ҳамчун халқ ташаккул ёфта буданд, вале раванди ташаккулёбии миллати тоҷик ҳанӯз ба поён нарасидааст.

(2005)

Фарди тоҷик дар гуфтори радиёву телевизион, матолиби матбуот ва дар вуҷуди «қаҳрамонони» филмҳою намоишномаҳои театрҳо худро намешинохт, андешаҳои худ ва олами ботинии худро намедид. Гӯё ӯ ҳеҷ вуҷуд надошт, дарду ғам ва зиндагии бефурӯғи он кирои гап намекард...

(майи 1991)

Албатта, ҳеҷ ҷои шак нест, ки вазъияти мавҷудаи забону фарҳанги миллии мо низ бояд ислоҳ шавад ва забони модарии мо дубора эҳё ва мақому мартаба ва эътибору нуфузи худро соҳиб шуда, воқеан ба «пояи миллат» ва давлати он табдил гардад. Гузашта аз он, ин масъала ба ҳуқуқи миллат иртибот дорад ва набояд он аз ин ба баъд ҳам поймол гардад.

(1989)

Тӯдаҳои васеи мардум ба ҳадде аз масоили доғи зиндагӣ, аз сиёсату давлатдорӣ дур шудаанд, ки акнун бисёр касон ба дарки равандҳои сарнавиштсози ҷомеа қодир нестанд, тавони ҳамаҷониба фикр ва таҳлил кардани падидаҳои рӯзгорро аз даст додаанд.

Маҳдудияти фаъолияти фикрӣ ва зоҳирбинию хушбоварии соддалавҳонаи бисёр касон ба ҳаддест, ки онҳо гуфтори «болонишинон» ва навиштаҳои қаламкашони матбуотро бидуни шакку шубҳа бовар мекунанд, агарчи дурӯғи маҳз бошад ҳам. Зеро онҳо аз сиёсату сиёсатбозиҳо ва фисқу фасоди он бехабаранд. Онҳо намедонанд, ки дурӯғгӯию фиребгарӣ, дурӯягию мунофиқӣ ва ҳилаю найранг барои сиёсатмадорон, дурусттараш барои ҳукуматдорони ҷоҳталабу мансабпараст ҳам касб асту ҳам ҳунар.

(майи 1991)

Пӯшида нест, ки чунин соддагию хушбоварии кӯдакона ва бемаърифатии ҳамагонӣ аз як тараф ва худхоҳию ҷоҳталабии ҳукуматдорон аз ҷониби дигар, барои ҷомеа оқибатҳои мудҳиш ба бор меоварад. Алоими даҳшатзои он аллакай намудор шудааст.

Биноан, моро мебояд ки аз хоби ғафлат бедор шавем, ҳолати худ ва ҷомеаи худро ба хубӣ дарк кунем, ҳақшиносу ҳақталаб бошем, маҳдудияту бетафовутиро як сӯ гузорем, ҷаҳлу нодониро дур андохта, донишу маърифатро соҳиб шавем, барои озодию ободии халқу ватан, барои зиндагии беҳтари фарзандони худ талош кунем.

Вагарна таърих, наслҳои оянда моро нахоҳанд бахшид...

( майи 1991)

Албатта қудратҳои бузург ғаразҳои сиёсӣ ҳам доранд, ин комилан равшан аст, вале муҳим ин аст, ки мо дар ин миён манофеи худро мешиносем ё не, ва ба он амал мекунем ё не.

(2006)

Иллати асосии пасмондагӣ (маҳалгароиву қурбони манофеъи шахсӣ кардани манофеъи миллӣ—Н.А) – авомили сиёсӣ, пеш аз ҳама, тохтутозҳои ақвоми бегона, тақсиму пора кардани сарзамини мо ва ҳукумати тӯлонии режимҳои истибдодӣ будааст. Маҳз ҳамин будааст, ки раванди ташаккулёбии миллати моро хело печида ва ҳатто мутаваққиф сохтааст. Бо ин ҳама, майл ба сӯи пешрафту такомул дар ҷомеаи мо, бавижа дар миёни афроди огоҳу равшандил ҳамеша зинда будааст.

(2005)

Ҳоло дар кишвари мо марҳилаи тозае оғоз шуда ва имконоти бештар барои густариши раванди ташаккулёбии миллат фароҳам омадааст. Дар ин марҳила ҳадафи асосӣ иборат аз расидан ба пояи миллати рушдёфта аст. Ин ҳадаф таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди забону фарҳанг миллӣ дар заминаи пешрафти иқтисод, илму техника, ислоҳоти системаи омӯзишу парвариш ва боло бурдани тахассусу маърифати сиёсии мардум ва ҳалли масоили дигарро дар бар мегирад. Албатта, ин кори соддае нест. Хусусан, дар ҷое ки сатҳи маърифати ҳукуматдорон ва ҷомеа пойин бошад. Бинобар ин, доштани ҳукумати солеҳе, ки иборат аз ашхоси покдоману кордон ва бомаърифату содиқ ба миллат бошад ва битавонад фасоду қонуншиканиҳоро решакан ва адлу додро дар ҷомеа таъмин намояд, фавқуллода муҳимм аст.

(2005)

Расидан ба зинаи миллати рушдёфта ба суди ҳамагон аст. Ин ҳамон ҳадафест, ки метавонад ва бояд ҳамагонро муттаҳид созад. Шояд ҳоло дар ҷомеаи мо ин ҳадаф ба андозаи кофӣ фарогир нашуда бошад, вале афроди равшанфикри кишвари мо ин андешаро доштанду доранд. Ин асл муҳимм аст.

(2005)

Миллатҳои рушдёфта кам кам ба ин натиҷа мерасанд, ки ҳеҷ миллате наметавонад ҳамаи масоили худро ба танҳоӣ ҳал кунад ва ягона роҳи ҳалли мушкилот – ҳамкориҳои судманду густарда бо кишварҳои дигар аст. Яъне дарки он бештар мешавад, ки тафриқаю душманиҳо шоистаи инсонҳо нест ва «бани одам аъзои якдигаранд» ва ҳатто «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Чунин рӯҳия хоси марҳалаи болотари рушди миллатҳо аст. Аммо на ҳамаи миллатҳо ба ин поя расидаанд.

(2005)

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?