http://tajikam.com

Намодҳои Ҳафтсин PDF Чоп
Муаллиф: Administrator   
23.03.2014 16:48

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳар яки мо, албатта, суфраи наврӯзии Ҳафтсин оростем ва бо ин яке аз шартҳои пазироии Наврӯзи некӯпайро ба ҷо овардем. Вале оё медонед ҳар як аз “син”- ҳои суфраи Ҳафтсин намоди чист?

1. Сабза-- намоди навзоӣ( таваллуди дубора), баҳор

2. Себ-- намоди зебоӣ ва тандурустӣ, ишқ

3. Суману( суманак)намоди фаровонӣ( баракат), қудрат.

 

4. Сир -- саломат, дурӣ аз бемориҳо ва дар адабиёт серии чашму дил ва риояти ҳудуд.

5. Санҷиднамоди ақл, хирадмандӣ

6. Сирка --намоди шикебоӣ ва умр

7. Сумоғ-- намоди сабр.

Сикка ҳаштумин сини модерни суфраи Ҳафтсин

Сикка ҷузъи Ҳафтсин маҳсуб мешавад,аммо башар баъди зарби сикка онро рӯи суфра бурд то намоде барои афзоиши дороӣ бошад.Эрониён аз гузашта то ба имрӯз ба нишонаи тамаддун ва хирадварзӣ китобҳои Авасто, Шоҳнома ва Ҳофизро бар сари суфра қарор медиҳанд. Аммо ғайр аз ин гиёҳон ва меваҳои суфранишин,хони наврӯзӣ аҷзои дигаре ҳам доштааст. Дар ин миён “тухми мурғ” намоди зоиш ва афзоиш аст ва нишонае аз нутфа ва нажод.”Ойина” намоди рӯшноӣ аст ва ҳатман бояд дар болои суфра ҷой бигирад.”Об” нишонаи баракат дар зиндагӣ аст.

Баргардон ва баргирифта аз сафҳаи фейсбукии “Куруши бузург»

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?