http://tajikam.com

Панҷ вижагии Ҳафтсин PDF Чоп
Муаллиф: Шаҳром   
23.03.2014 17:02

Дар нахустин рӯзҳои Соли Нав писандида донистам нукотеро пиромуни Ҳафтсини наврӯзӣ ба огоҳии дӯстон бирасонам.

Панҷ вижагӣ дар дарозои таърих аз сӯи ниёкони мо дар хони Ҳафтсин мавриди таваҷҷуҳ буда. 1. Номи онҳо порсӣ бошад.2. Бо бандвожа( ҳарфи) син оғоз шавад.3. Дорои поя( решаи) гиёҳӣ бошад.4.Хӯрданӣ бошад. 5. Номи онҳо аз вожаҳои таркибӣ(монанди сабзипалав, ширбиринҷ, сиртуршӣ, себизаминӣ ва монанди онҳо) сохта нашуда бошад.

 

 

Бо нигариш ба панҷ банди боло, намоён аст, ки себ, сир, сумоғ, сирка, суману( суманак),сабза( сабзӣ) ва санҷид ҳама дорои ин панҷ вижагӣ ҳастанд.

Бар ин поя:

Сунбул на хӯрокӣ аст, на порсӣ,( тозӣ аст). Сика( на хӯрокӣ асту на порсӣ), тозӣ аст.Самовар( на хӯрокӣ асту на порсӣ), русӣ аст.Ҳамчунин сӯзан, сих ва сепояву монанди инҳо…

Бо нигариш ба он чи ки омад, дар бист миллион вожаҳои порсӣ наметавон ҳаштумиро барои ҳафтсинҳои наврӯзӣ пайдо кард, ки дорои ин панҷ вижагӣ бошад.Дар поён бояд афзуд, ки ин ҳар як аз синҳои Ҳафтсин, намоди яке аз спантоҳои( ҳафт абарфаришта)кеши Зардушт аст: (Сир -- намоди Аҳуромаздо. Сабза-- фариштаи Урдубиҳишт,намоди обҳои пок аст. Себ --фариштаи Сипандормаз, фариштаи Зан намоди бордорӣ ва парасторӣ аст.Санҷид-- фариштаи Хурдод, намоди дилбастагӣ. Сирка фариштаи Амрдод--намоди ҷовидонагӣ. Суману фариштаи Шаҳревар-- намоди хорбор.Сумоғ фариштаи Баҳман -- намоди борон. Сумоғ вожаи порсӣ аст ва набояд бо бандвожаи “қ” навишта шавад.

Наврӯзатон хуҷаста бод!

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?