http://tajikam.com

Агар тоҷик ҳастӣ, аз Ашраф Ғанӣ тарафдорӣ накун! PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
02.04.2014 20:32

 

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com)

Гапи интихобот аст ва инки кадом номзади раёсати ҷумҳурӣ беҳтар аз дигаре мебошад.

Ман ба мардуми дигар кору ғараз надорам. Паштун худаш медонаду кораш, ӯзбак ва ҳазора ҳам худашон медонанд, ки ба кадом номзад рой медиҳанд. Аммо чун барои ман коркарди тоҷикҳоям арзиш дорад ва ба худ ҳақ медиҳам, ки фикру назарамро бо ҳамтаборони худам дар миён бигзорам, мегӯям, ки:
Бародару хоҳари гиромӣ, тоҷики азиз! Агар тоҷик ҳастӣ ва намехоҳӣ, ки душмани забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсониат бар ту чира гардад, ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки як фошисти қабилапараст ва бисёр мутаассиб аст, рой надеҳ ва аз ӯ тарафдорӣ накун!

 

Ман дар мавриди ин ки ба кадом як аз номзадони матраҳи дигар рой бидиҳед ё надиҳед, чизе намегӯям. Дар ҳеч даста, касе аз тоҷикҳои мо ба ҳайси раиси ҷумҳур номзад нест. Амир Исмоилхон ба сифати муовини аввали оқои Сайёф ва оқои Аҳмад Зиё Масъуд ба ҳайси дастёри аввали оқои Залмай Расул худро номзад кардаанд ва ба ин сабаб шуморе аз тоҷикҳои мо ба он ду даста рой хоҳанд дод ва аз он дастаҳо тарафдорӣ ҳам хоҳанд кард. Аммо қароре, ки ба назар мерасад, аксарияти тоҷикҳо ба дастае, ки Устод Ато аз он ҳимоят мекунад, рой медиҳанд, яъне ба дастаи доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ.

Ба назари ман бисёр хуб мешуд,ки ин гуна чанддастагӣ ва чандпорчагӣ дар миёни тоҷикҳо ба вуҷуд намеомад ва ҳамагиашон муттаҳидона дар як саф ва дар як даста мебуданд. Ин имкон ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, ки Амир соҳиб Исмоилхон ва оқои Аҳмадзиё Масъуд дар ҷараёни ин корзор ба дастаи доктор Абдулло бипайванданд. Аммо агар чунин ҳам нашавад ва ҳамин седастагӣ то охир боқӣ бимонад, ҳар фарди тоҷик назар ба шинохте, ки аз ин се нафар дорад, ба ин ё он номзад рой хоҳад дод ва дар корзори интихоботӣ ба суди яке аз онҳо талош ва кӯшиш хоҳад кард. Дар ин қисмат мо бояд ба гузиниши салиқаии ҳар кас аз хоҳарон ва бародарони тоҷики худ эҳтиром дошта бошем ва ба хотири ин интихобот тавре рафтор накунем, ки тухми кинаву душманӣ дар дилҳои мо кошта шавад. Инро қабул кунем, ки дар даврони интихобот, ҳар кас ба касе, ки дилаш хост, рой медиҳад ва ин ҳаққи мусаллами ӯ мебошад. Ин ҳақро ҳам бояд ба хоҳарон ва бародарони худ бидиҳем, ки мухолифи ҳама номзадон бошанд, агар худашон мехоҳанд. Ин набояд сабаби тафриқа ва душманӣ дар миёни мо шавад.

Аммо то он ҷое, ки бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва дастаи интихоботиаш робита мегиред, ин як меъёри бисёр асосӣ аст, ки мо, тоҷикҳо бояд хеле дар мавридаш диққат кунем. Дар ин бора ман мегӯям, ки :

Касе, ки тоҷик аст ва андаке огоҳии миллии тоҷикӣ дорад, як заррагак шуури сиёсӣ ва хиради иҷтимоӣ дорад, набояд аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пуштибонӣ кунад, набояд барояш рой ҷамъ кунад, набояд ба дастааш бипайвандад.

Ашраф Ғанӣ яъне Мулло Умар. Ашраф Ғанӣ, яъне як фошисти мутлақгарои паштун. Ашраф Ғанӣ, яъне касе, ки ба хуни мо, тоҷикҳо ташна аст ва агар қудрат дар дасташ бияфтад, решаи моро аз беху бун хоҳад кашид. Он тоҷикҳое, ки аз рӯи уқда, аз р ӯи лаҷу зид, аз рӯи бархе судҷӯиҳои дигар, худро ба додалзору толобу шӯразори тими Ашраф Ғанӣ меандозанд, решаи сиёсӣ, решаи фарҳангӣ , решаи иҷтимоии худро месӯзонанд ва ба маънои ростини калима ба худкушии сиёсӣ даст мезананд. Ман аз ҳеч касе дигар ҳам б а он сурат тарафдорӣ намекунам ва медонам, ки Шумо, дӯстону хонандагони азиз, соҳиби дидгоҳҳо в салиқаҳои мухталиф мебошед. Ман бо ҳеч касе дигар, ҳеч мушкиле надорам ва намегӯям, ки чаро касе аз доктар Абдулло ё Исмоилхон ё Аҳмад Зиё Мсаъуд ҳимоят мекунад ё намекунад. Ин кори ҳар кас аст, дили ҳар кас. Аммо ягона чизеро, ки дар муқобили он наметавонам бетафовут бимонам, ин аст, ки касе аз тоҷикҳои мо ин қадар бадбахту лаҷабоз ва худпараст шавад, ки биравад ба Ашраф Ғании фошист ва душмани тоҷик рой бидиҳад ва барояш ба истилоҳ кампойн кунад. Ин барои ман ғайри қобили таҳаммул аст ва мубориза зидди Ашарф Ғанӣ Аҳмадзайи фошисти ифротӣ ва Ҳитлармашрабро як рисолати инсонӣ ва тоҷикии худам медонам. Аз тоҷикҳои азизам мехоҳам, ки дар ин қисмат таваҷҷуҳ дошта бошанд ва фиреби ҳизби суперфошистии авғонзиллатро нахуранд ва ба дунболи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай нараванд. Ҳамин.

Бо сипос ва дурудҳои фаровон

Тоҷикам, бо тоҷиконам зиндаам

Дарвеши Дарёдилӣ.


 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?