http://tajikam.com

Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пирӯзи интихобот?! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
06.04.2014 23:22

 

Бино ба иттилои боэътимоде, ки аз 18 вилояти Афғонистон расида, ба доктор Абдулло 1 135 731 нафар рой доданд, ки ин 50,3 дарсади ройи умумии ин интихобкунандагон аст. Доктор Абдуллоҳ дар Кобул, Парвон, Балх, Кундуз, Бомиён, Кописо, Нуристон, Панҷшир ва Фароҳ ройи бештари интихобкунандагонро ба даст оварда, ҳамоно пешсафи сабқат аст.

 

Дар ҷойи дуюм Ашраф Ғанӣ Амадзай аст, ки ба ӯ 867 510 интихобкунандаи ин вилоёт рой додаанд, ки инбаробар ба 38, 4 дарсад аст. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар вилоёти Зобул, Кунар, Лағмон, Ҷузҷон, Форёб, Сарипул, Нимрӯз ва Пактико бештарин ройро касб кардааст. Залмай Расул ҳоло дар ҷои сеюм аст ва ба ӯ дар ин вилоёт 226 895 кас рой додаанд, ки ин баробари 10,05 % аст. Ройи ба даст овардаи Абдурраб Расули Сайёф 26 783 адад аст, ки ин ҳамагӣ 1,10 % аст. Ӯ дар байни ин 18 вилоят дар ҳеч яке ройи баландро соҳиб шуда натавонистааст. Ройи чаҳор номзади дигар низ ночиз аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Афғонистон 34 вилоят мавҷуд аст ва ҳоло натиҷаи боэътимоди ройдиҳӣ дар 18 вилоят, ки беш аз нисфи вилояти кишвар аст, ба даст омадаст. Агар дар 16 вилояти боқимонда натиҷаи ройдиҳӣ монанд ба ин вилоёт бошад, доктор Абдуллоҳ бо касби 50 % +1 рой бидуни мушкилот ба пирӯзӣ хоҳад расид. Бар пояи иттилоҳои пешакӣ доктор Абдуллоҳ дар вилоёти Ҳирот, Бадахшон, Тахор, Самангон, Ғазнӣ , Бағлон ва ва Ғӯр аз 50 то 75 дарсади ройро соҳиб шудааст. То чӣ андоза воқеият доштани ин иттилоъ пас аз чанд соат ё пас аз ягон рӯз рӯшан хоҳад гардид. Вале бо ин ҳама,Фозили Санҷоракӣ -- сухангӯи Ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ ба хабаргузории Форс гуфтааст, ки номзади онон ҳоло дар бахшҳои шимол, марказ ва ғарби кишвар аз 70 то 90 дарсади ройро соҳиб шуда, дар маҷмӯъ бо 50 % +1 рой ба пирӯзӣ расидааст ва дигар ниёзе ба даври дуюм кашонидани интихобот нест. Ҳамчунин нашрияи бонуфузи амрикоии «Ню Йорк таймс» ҳам дар шумораи тозаи худ матлабе бо номи «Доктор Абдуллоҳ пирӯз аст» ба чоп расонидааст.

Ёдовар мешавем, дар интихоботе, ки 5 апрел дар Афғонистон баргузор гардид, 8 номзад барои ба даст овардани мақоми раёсати ҷумҳурӣ талош карданд ва дар он беш аз 7 милион мардум ширкат кард, ки ин 58 дарсади шумораи умумии интихобкунандагон аст. Нозирон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ин интихоботро як рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сарнавиштсоз мехонанд ва бидуни ҳарос аз Толибон барои муайян кардани ояндаи худу кишвари хеш ширкати густурда кардани мардумро як рӯйдоди нодир ва фавқулъодда меҳисобанд .

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?