http://tajikam.com

Доктор Абдуллоҳ баранда аст! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
07.04.2014 17:05

Чанд лаҳза пеш ҷадвале тавассути Комиссиюни мустақили интихобот дар дастраси расонаҳо қарор гирифт, ки он бидуни ягон шакку шубҳа дар интихоботи сеюми раёсати ҷумҳурӣ баранда будани доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳро собит месозад. Дар ин ҷадвал омадааст, ки аз ҷумлаи беш аз 8 миллион интихобкунанда, ки дар интихобот ширкат кардаанд, 4.622. 526 нафарашон ба доктор Абдулло рой додаанд, ки ин баробар ба 57,13% аст. Ӯ дар 24 вилояти кишвар Кобул, Парвон, Бағлон, Дойкундӣ, Бадахшон, Панҷшир, Кундуз, Тахор, Самангон, Балх, Лағмон, Лӯгар, Нимрӯз, Зобул, Бомиён, Ғазнӣ, Нуристон, Ҳирот, Фароҳ, Бодғис, Ғӯр, Сарипул, Вардак, Кописо ройи баландро ба даст овард.

Аз нигоҳи дарсадӣ доктор Абдуллоҳ дар вилояти Панҷшир-- хоки муқаддасе, ки Аҳмадшоҳ Масъуди бузургро ба ҷаҳон додаст, баландтарин ройро касб кард. Дар ин ҷо наздик ба 95 дарсад мардум аз ӯ пуштибонӣ кардаанд. Ҳамчунин бештарини ройро ҳам ӯ аз бахшҳои тоҷикнишини кишвар -- Кобул(945.913),Бадахшон( 389.762),Балх( 389.543), Ҳирот(338.519),Бағлон( 321. 875) Кундуз(250.062),Парвон( 199.636), Тахор(149. 679) гирифтааст. Ҳамчунин ройи ӯ дар бахшҳои ҳазораҷот ва пашуннишини кишвар ҳам кам нест. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки аз ин номзади мардумӣ ҳамаи ақвоми кишвар пуштибонӣ карданд. Ҳоло дар ин сабқат доктор Залмай Расул бо касби бештар аз якуним миллион оро, ки баробар ба 18,73% аст, мақоми дуюмро соҳиб аст. Ин номзад дар 6 вилояти ғолибан паштуннишини Қандаҳор, Хӯст, Кунар, Пактиё, Пактико,Ҳилманд баландтарин ороро касб кард. Ба доктор Ашраф ғанӣ Аҳмадзай, ки ситодаш даъвои пештозии сабқатро мекарду ба вай муовини аввалаш Абурашид Дӯстуми ӯзбак 3 миллион рой ваъда карда буд, 1.374. 247 рой ,яъне 16,98% ва ҷои сеюм насиб гардид. Ӯ дар як вилояти паштуннишини Ҷалолобод ва ду вилояти бештар ӯзбакнишини Ҷузҷон ва Форёб ройи баландро гирифт. Панҷ номзади дигар Абдурраб Расули Сайёф, Гулоғо Шерзай, Қутбиддини Ҳилол, Довуд Султонзай ва ҲидоятАмин Арсало ҳамагӣ 578 ҳазор ё 7,14% ройи мардумро ба даст оварданд.

 

Ёдовар мешавем, ки ин бахши пешакии натиҷаи ройдиҳӣ аст ва Комиссиюни мустақили интихобот пас аз баррасиҳо натиҷаи расмӣ ва аввалияи интихоботи президентии Афғонистонро рӯзи 24 апрел эълон эълон хоҳад кард. Вале бисёриҳо ба пирӯзии доктор Абдулло дар ин сабқат ҳеч шаке надоранд ва ба бовари онҳо, фақат онро расман эътироф кардани ин ниҳоди интихоботӣ мондаасту бас.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?