http://tajikam.com

Бегумон доктор Абдуллоҳ пирӯз аст! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
18.04.2014 10:05

 

Иттилоъҳо ба мо бовар мебахшанд…

Ба гунае ки медонед, Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон то имрӯз танҳо 10 дарсади орои мардумро дар 26 вилоят баршуморида, муайян кард, ки доктор Абдуллоҳ бо соҳиб шудан ба 41, 9 дарсади рой дар сафи пеш аст ва доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо 37,6 дарсад ройи ин 10 дарсадӣ дар ҷойи дуюм аст. Залмай Расул 9 дарсад ва Абдурраб Расул Сайёф беш аз 5 дарсад рой гирифтаанд. Орои 4 номзади дигар хеле кам аст. Вале ҳам дар Афғонистон ва ҳам берун аз он огоҳони масоили ин кишвар ва масоили интихобот бар инанд, ки доктор Абдуллоҳ дар маҷмуъ беш аз 58 дарсад ройро ба даст оварда, тақрибан пирӯз гардидааст ва танҳо ин кор мондааст, ки Комиссиюни интихобот ин иттилоъро расман таъйид намояд. Ин рӯзҳо нахуст, намояндагони дастаи «Ислоҳот ва ҳамгароӣ» ва ҳам худи доктор Абдуллоҳ дар гуфтугӯҳо бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ гуфтанд, ки бо эҳтимоли қавӣ масъалаи интихобот дар даври нахуст ҳал хоҳад шуд ва зарурати рафтан ба даври дуюм нахоҳад монд. Ҳамчунин бисёриҳо бар ин назаранд, ки даҳ дарсади орои 8 вилояти дигар аз ҷониби Комиссиюни мустақили интихобот, ки бештари аъзо ва сарварони он аз раиси ҷумҳури ҳозира Ҳомид Карзай ва одамонаш намояндагӣ мекунанд, амдан шуморида нашуда ва ба шумори ройи даҳдарсадии умумӣ ҳамроҳ карда нашудааст, то пирӯзии доктор Абдуллоҳ дар бахши аввали шумориши оро ба ҳамагон рӯшан нагардад. Зеро бар пояи иттилои ба дастовардаи дастаи доктор Абдуллоҳ ин номзад аз ин 8 вилоёт дар бештаринаш бидуни шак бештарин ороро ба даст овардааст. Аз сӯи дигар, агар 212 ҳазор ройи гирифтаи доктор Абдуллоҳро ба 26 вилоят тақсим кунем, ба ҳар вилоят беш аз 8 ҳазорӣ мерасад. Албатта, доктор Абдуллоҳ дар баъзе вилоят бештар ва дар баъзеи дигар камтар рой гирифтааст, вале мо ин ҷо ба гунаи умумӣ ҳисоби миёнаро чун меъёр қабул кардаем. Аз рӯи ин ҳисоб доктор Абдуллоҳ дар 8 вилояти боқимонда ҳам ба ҳисоби миёна аз 10 дарсади баргаҳои шуморидашуда 8 ҳазорӣ рой бигирад, ин худ 64 ҳазор хоҳад шуд, ки баробар ба наздик 13 дарсади ройи даҳдарсадии баргаҳои шуморидашуда хоҳад шуд. Эҳтимол дорад, ки ин номзади мардумӣ аз ин вилоёт аз ин ҳам бештар рой ба даст орад. Зеро бар пояи ҳисоби пешакӣ, ки ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ зери даст дорад, ӯ танҳо дар ду вилояти ғолибан паштунишини Пактико ва Вардак ройи камтар( 30% ва 43%) гирифтааст. Вале дар 6 вилояти боқимонда ҳисоби умумии пешакии ройи доктор Абдуллоҳ беш аз 50 дарсад ва ҳатто то ба 75 дарсад аст: Ғӯр 75%, Бадахшон 70%, Бағлон 63 %, Дойкундӣ 60 %, Ғазнӣ 55 %, ва Нуристон 52 %. Агар орои аз нозирон ба Ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ расидаро, ки гурӯҳи шумориши орои ин ситод баршуморидааст, бо бахши орои даҳдарсадии Комиссиюни мустақили интихобот муқоиса намоем, ба чунин натиҷа хоҳем расид, ки натиҷаи 10 дарсади орои доктор Абдуллоҳ, ки Комиссиюни интихобот эълом кардааст, дар он вилоёте баландтарин аст, ки орои пешакии ба Ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ расида низ баланд буд. Ба гунаи мисол, орои 10 дарсадии эълоннамудаи Комссиюни интихобот дар вилояти Панҷшир 91,7 % ва натиҷаи умумии аз нозирон расида 90% аст. Ҳамин гуна ин ду иттилоъ(нахустӣ иттилои Комиссиюни интихобот ва дуюмӣ орои пешакии аз нозирони Ситоди доктор Абдуллоҳ расида чунин аст: Балх 57% ва 70% , Ҳирот 66 % ва 68 %, Самангон 68 % ва 65 %, Сарипул 65 % ва 53 %, Парвон 76 % ва 65% ,Бомиён 70 % ва 60 %, Кописо 71 % ва 55 %... Яъне, дар маҷмӯъ ройи доктор Абдуллоҳ аз ҳисоби 10 дарсад баргаҳои шуморидашуда дар ҳама вилоёт ба 55 дарсад хоҳад расид, ки ин бечуну чаро пирӯзии ӯро таъмин месозад…Аз сӯи дигар бо назардошти ин ки дар тақрибан ҳамаи ин 8 вилояти боқимонда доктор Абдуллоҳ бештар аз дигар номзадҳо рой ба даст меорад, ҳамон ҳисоби пешакии гурӯҳи шумориши орои дастаи доктор Абдуллоҳ, ки 58 дарсад муайян шуда буд, дуруст хоҳад баромад. Акнун вақти зиёде намондааст, ки дурустии ҳисоби пешакии Ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ ва ин ҷамъу тарҳи мо ҳам аз ҷониби Комиссиюни мустақили интихобот расман таъйид хоҳад гардид ва доктор Абдуллоҳ пирӯзи интихоботи сеюми раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом хоҳад шуд.

 

.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?