http://tajikam.com

Интихобот: Афғонистон бо Толибон ё Афғонистони озод? PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
12.06.2014 22:14

Мардуми Афғонистон пас аз чанд рӯз ба паси сандуқҳои рой рафта ба номзади дилхоҳи хеш доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ё доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай рой медиҳанд.Вале ин интихоб интихоби одӣ набуда бас сарнавиштсоз аст. Зеро дар ин рӯз мардум ояндаи худ ва кишвари азизашонро муайян месозанд ва ба пурсиши аслӣ, ки онҳо бо Толибон хоҳанд буд ва ё бидуни онҳо посух мегӯянд. То имрӯз ҳар ду номзад бо барномаҳои қабл аз интихоботии худ, ки доктор Абдуллоҳ онро «Ислоҳот ва ҳамгароӣ» ном гузоштаасту доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай «Таҳаввул ва тадовум» унвон кардааст ва бо бархурди пешина ва имрӯзиву суханрониҳои хеш мавқеъи худро дар ин маврид пурра рӯшан кардаанд. Доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва бештари ҳамсафони ӯву узви тими «Таҳаввул ва тадовум», ки дар байнашон Анварулҳақ Аҳадӣ, Исмоили Юн, генерал Тоқат ва даҳҳои дигар Афғонмиллатиҳо, пуштибонҳои воқеъӣ ва пасипардагии Толибон ҳастанд, мехоҳанд, ки пас аз пирӯзӣ Толибонро ба ҳукумати хеш ҷалб кунанд, Худи Ашраф Ғанӣ ҳам монанди раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай ононро бародарони норозии худ мехонад. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар мулоқот бо интихобкунандагон дар даври аввали интихобот дар шаҳри Қандаҳор бо ифтихор гуфт, ки ӯ Толибонро аз зиндони Багром раҳо кардааст. Ва дере нагузашта Толибони раҳокардаи вай бо роҳандозии аъмоли террористӣ ва интиҳорӣ садҳо кӯдаку пир ва занону мардони бегуноҳро ба ҳалокат расониданд. Вале пурсиш ин ҷост, ки агар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба қудрат бирасад,Толибон ба ҳукумати ӯ хоҳанд пайваст ва аз барномаи ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард? Посух ба ин пурсиш норӯшан боқӣ мемонад, зеро Толибон то имрӯз чунин майле ба ҳукумати Карзай, ки Толибонро бародари худ мехонд, накарданд. Возеҳ аст, ки Толибон танҳо як хоста доранд, ки он бунёди ҳукумати комилан ифротиву бунёдгароёна аст, ки бар асоси иддаои онҳо гӯё он бар пояи аҳкоми шариати исломӣ фаъолият хоҳад дошт. Дар ҳоле ки дар он мақтаъзамоне, ки ҳукумати худро ба зӯр дар Кобул мустақар карданд, мардуми озодихоҳи кишвар ва ҳамаи ҷаҳониён ваҳшоният ва ҷаҳолати ононро аз наздик мушоҳида карданд. Толибон бузургтарин бути 53 метраи ҷаҳонро дар Бомиён, ки қидомати камназири таърихӣ дошт, ба хок яксон карданд. Онҳо ба занон намегузоштанд, ки на танҳо ба мактаб раванд, балки ҳатто кафши баландпошна бипӯшанд ва мардум телевизион тамошо кунанд. Бар илова, онон ба табъизи густурдаи нажодӣ ва қавмӣ сар карда, бисёр тоҷикону ҳазораҳо ва ӯзбаку туркманҳоро ба қатл расонида, ёдгориҳои зиёди фарҳангӣ, китобу дастхатҳои(осори хаттӣ) форсиро аз байн бурданд. Ҳамаи ин бедодиҳои Толибон ба ҳамагон, аз ҷумла ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳам рӯшан аст, вале ин сиёсатмадор танҳо ба хотири бо ҳар роҳ расидан ба қудрат аз ваҳшониятҳои бародарони худ чашм мепӯшад ва ин бор ба далоили қавмӣ ва нажодӣ аз Толибон пуштибонӣ меҷӯяд.

 

Вале ин нукта рӯшан аст, ки Толибон ба ҳеч ваҷҳ бо ҳукумати секулори Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки солҳои зиёд дар Ғарб зиндагӣ кардаасту, ба бовари бисёриҳо, то ҷое ғарбгаро ҳам шудааст, бо ҳам нахоҳанд омад. Рӯйдодҳои пешин гувоҳ бар инанд, ки барои Толибон ба ҷуз ҳадафҳои сиёсӣ дигар ҳеч увлавияте вуҷуд надорад ва инро дар мисоли муносибати онон бо доктор Наҷибуллоҳ дар соли 1996 метавон фаҳмид. Вақте ки Толибон ба Кобул наздик омада буданду ба мардум ва шаҳр хатари ҷиддие таҳдид мекард, нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд аз шаҳр берун шудан хостанд. Онон, чун расми мардонагӣ, аз душмани худ доктор Наҷибуллоҳ, ки дар дафтари намояндагии Созмони Милал дар Кобул паноҳанда буд, даъват карданд то ҳамроҳашон аз шаҳр берун шавад. Вале Наҷибуллоҳ бо назардошти ин ки ӯ ҳам аз нигоҳи қавмӣ паштун асту Толибон ҳам асосан аз ин қавм таркиб ёфтаанд ва бо умеди ин ки ба ҳамқавми худ гузашт хоҳанд кард, ин пешниҳодро радд кард. Вале Толибон баробари ворид шудан ба шаҳр Наҷибуллоҳ ва ду муҳофизеро, ки Аҳмадшоҳ Масъуд ба шеваи ҷавонмардиву айёрии хуросонӣ дар ихтиёри вай гузошта буд, ба дор кашиданд...

Аз сӯи дигар, дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ мақоми муъовини аввали раёсати ҷумҳур ба Абдуррашид Дӯстум ихтисос дода шудааст, ки ӯ чун қотили садҳо ва ҳазорҳо Толиб дар Афғонистон шинохта шудааст. Ва ин ҳам омили дигарест, ки садди ба ҳам омадани Толибон ва тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мегардад. Аз ин нигоҳ баёнияи Анварулҳақ Аҳадӣ, раиси Ситоди интихоботии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки гуфта буд, “Мо пас аз ба сари қудрат омаданамон ба Толибон дар ҳукуматамон муваққатан ҷой хоҳем дод” чандон воқеъӣ нахоҳад буд. Ва агар ҳатто чунин ҳам шавад, барои ҳамагон торику норӯшан хоҳад монд, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо роҳи мардумсолорӣ ва увлавият ба озодиҳои инсон, ки онро бештари мардуми Афғонистон мехоҳанд, хоҳад рафт ва ё роҳи Толибониро пеш хоҳад гирифт, ки он муқобили ҳама гуна мардумсолорӣ ва озодиҳои инсон асту ҳамагонро ба асри ҷаҳолату ваҳшат ва торикиву пасмондагӣ мебарад.

Вале, дар тафовут аз тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, роҳ ва гузиниши тими “Ислоҳот ва ҳамгароӣ” бо сарварии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар мавриди Толибон рӯшан аст. Дар мулоқотҳои пешазинтихоботӣ доктор Абдуллоҳ бо қатъият эълом кард, ки онон алайҳи ҳар гуна хушунат ва ифротгароиву интиҳор ва табъиз ҳастанд ва роҳашон роҳи демократӣ, озодиҳои инсон ва тағйироту ислоҳот ва ҳамгароӣ аст.Доктор Абдуллоҳ гуфт, ки онон бо Толибон сулҳ мехоҳанд, вале на сулҳ бо роҳи тазарруъ, балки сулҳи боиззат. Яъне онон аз гурӯҳи Толибон мехоҳанд, ки онон ҳам чун соири ақвоми кишвар бояд ба Қонуни Асосӣ эҳтиром гузоранд ва дар чаҳорчӯби ҳамин қонун кору зиндагӣ бикунанд, на ба сари мардуми кишвар ҷабран он низоми ифротгароии мазҳабиеро пешниҳод кунанд ва барои бунёди он талош кунанд, ки мардуми Афғонистон дар охири садаи 20 ҳосили талху заҳрогини онро чашида буданд. Толибон дар замони ҳукмронии худ ва то имрӯз таҳти ниқоби мубориза алайҳи ҳузури нерӯҳои хориҷиён дар Афғонистон ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳи кишварро ба ҳалокат расониданд ва даҳҳо деҳу маҳалҳои зистро ба коми оташ кашониданд. Аз дасти онон ва ҳамдастони онҳо-- гурӯҳи Ал-Қоида даҳҳо ҳамсафони доктор Абдуллоҳ, сипаҳсолорон ва муборизони ҷиҳод ва муқовимат ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар монанди Аҳмадшоҳ Масъуд, Бурҳониддини Раббонӣ, генералҳо Довуди Довуд, Мавлоно Саидхелӣ,Мустафо Козимӣ, Шоҳҷаҳон Нурӣ, Аҳмадхони Самангонӣ, Муталлиббек, Хонмаҳмадхони Муҷоҳид, Мавлавӣ Арсало Раҳмонӣ,инҷинер Муҳаммад Умар, Муҳаммадрасул Муҳсинӣ ва даҳҳо нафари дигар кушта шуданд. Дар рӯзҳои ахири маъракаи интихоботӣ ба ҷони худи доктор Абдуллоҳ низ сӯиқасд шуд, ки дар асари он 12 нафар ҷон бохтанд. Бештари он афроде , ки аз дасти Толибони интиҳорӣ ва ҳамдастони онон дар дарозои беш аз бист сол кушта шуданд, на хориҷиён, балки мардуми одии мусалмон ва бар илова ононе буданд, ки дар садри муборизон баҳри ислом ва озодиву ободии мардум ва кишвар қарор доштанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки мардуми Афғонистон дар даври аввали интихобот мавқеъи худро дар масъалаи бархурд бо Толибон қотеъона баён карданд. Дар ин давр доктор Абдуллоҳ 44,9 дарсади ройи мардумро соҳиб шуд. Дар минтақаҳои паштуннишин, ки пойгоҳи асосии Толибон ҳам он ҷост, доктор Абдуллоҳ ройи қобили мулоҳизае ба даст овард, ки ин бешакк, баёнгари мавқеъгирии зиддитолибонии ағлаби қавми паштун ҳам ҳаст. Ду муборизи дигар алайҳи Толибон, номзадони корзори интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар, профессор Абдурраб Расули Сайёф ва Гулоқо Шерзай ҳам мувофиқан 7 ва 1,6 дарсад ройи мардумро ба даст оварданд, ки дар маҷмуъ ройи ин се чеҳраи сиёсии зиддитолибӣ, беш аз 53 дарсадро ташкил мекунад.

Акнун дар даври ниҳоии интихобот оё мардум ба андешаҳои Толибонӣ ва ҳомии онҳо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва онҳое, ки Толибро бародари худ мехонанд, рой хоҳанд дод ва ё ҳамоно дар мавқеъи зиддитолибонӣ ва муқобили интиҳору инфиҷор ва хушунату табъиз пойбарҷо истода, аз номзадии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пуштибонӣ мекунанд? Ба ин пурсиш пас аз ду рӯз, 14 июн мардуми Афғонистон посух хоҳанд дод.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?