http://tajikam.com

Устод Ато, гул гуфтӣ, дурр суфтӣ, хеле зебо! PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
20.09.2014 12:21

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com

Ҳамин акнун ва ҳамин имрӯз, росташро бигӯям, дар миёни раҳбарони тоҷик, танҳо ва ягона касе аст, ки ман ба ӯ умед бастаам, Устод Ато аст.  Гумон мекунам, ки Устод Ато таслимӣ ва зиллат, яъне раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғаниро намепазирад. Ҳамин барои ман як масъалаи бисёр муҳим ва бузург ва таърихӣ аст. Пазируфтани ин ки Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур шавад, ба ҳар баҳона, ба ҳар далел ба ҳар тавҷеҳ ки бошад, барои ман қобили қабул нест. Ба нигари ман, раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғанӣ , барои мо, тоҷикҳо як шикасти фаҷеҳи таърихӣ , як табоҳии комили рӯҳӣ ва равонӣ, ва як шармандагии мондагор ва фаромӯшношуданӣ аст.

Ҳамин лаҳза, дар миёни сарон ва раҳбарони матраҳи тоҷик, ягона кассе, ки дили одам мешавад барояш «мард» хитоб кунад, артишбад Устод Атомуҳаммади Нур,  волии( раис) пирӯзманди Балх аст. Сода сухан мегӯяд, софу пӯстканда сухан мегӯяд, қотеъ ва мардона сухан мегӯяд. Сафаш маълум аст. Болои гапе, ки мезанад, устувор истод аст. Аз аввал ки гуфтааст, «тақаллубро намепазирам» , то охир мегӯяд, ки намепазирам. Аз аввал гуфтааст, ки ба Ашраф Ғанӣ ба ҳеч сурат ва ба ҳеч қимат таслим намешавам, ҳоло ҳам мардона мегӯяд, ки агар Амрико ё ҳар касе дигар бихоҳад Ашраф Ғаниро болои шонаҳои мардум савор кунад, мо ӯро чунон ба замин бизанем ва дурр партоб кунем, ки сару шона ва камару дасту пояш бишканад ва тӯта тӯта(пора-пора) шавад.

Устод Ато мисли ягон каси дигар нест, ки зери лаб зунг- зунг кунад, ҷуръати гуфтани вожаҳоро надошта бошад, аз ҳар чизи дигар бигӯяд, аммо аз гуфтани гапи аслӣ туфра биравад. Устод Ато возеҳ мегӯяд  ва  ба мардум мефаҳмонад, ки ҳадафаш аз «ҳукумати баромада аз тақаллуб» чист. Ҳукумати баромада аз тақаллуб,яъне ин ки Ашраф Ғании  девона раиси ҷумҳури мо шавад. Устод Ато мегӯяд, ки ман ҳаргиз намепазирам, ки Ашраф Ғанӣ бо роъйи тақаллубӣ, бо роъйи номашрӯъ, бо роъйи хиёлӣ , бо ройе, ки аслан вуҷуд надорад, биёяд ва бо фишори  Амрико фармонравои кишвари мо гардад.

Дар байни раҳбарони матраҳ ва қудратманди имрӯзии тоҷик, касе, ки бепарда ва бо шаҳомат ҳастаи асосии тафаккури фошистии қабилапарастонро нишона мегирад ва мегӯяд, устод Ато аст. Ин тафаккур, ки бояд дар Хуросон(Авғонистон) ҳамеша ва ҳар вақт ва дар ҳама ҳолатҳо бояд як фарди паштун ҳукмравоӣ кунад  ва қудрати сиёсӣ ба таври умда дар дасти паштунҳо бошад, ҳастаи аслии тафаккури фошистҳои авғонро ташкил медиҳад. Устод Ато ошкоро, бепарда ва софу сода мегӯяд, ки ман ин тафаккурро, ки ҳатман ва ҳамеша як паштун бояд «нафари аввал» бошад,  намепазирам. Устод Ато мегӯяд, ки Ватан аз ҳамагӣ аст, мо ҳам ҳақ дорем, «нафари аввал» бошем.

Агар дигар раҳбарон ва одамҳои матраҳ ва бонуфузу қудратманди тоҷик  ва ғайрипаштун, ҳамин акнун, монанди Устод Ато, шаҳомат кунанд, ва рӯҳияи пардаманишӣ ва фармонбариву таслим шудан ба зӯргӯёнро аз худ дур созанд ва маҳкаму устувор биистанд ва ба тафаккури пучу пӯсида ва пӯпанакзадаи қабилаӣ , дасти рад бикӯбанд, хеле аз корҳои мо рост мешаванд

Шарму нанг ва сарафкандагӣ бештар ва болотар аз ин нест, ки мо тоҷикҳо, мо ҳазораҳо, мо дигар мардумони ғайрипаштун  бо тамоми нерӯ ва ҳимояти миллионҳо инсони ҳамватанамон, бо ҷойгоҳи устувори  мардумиамон, бо собиқаи муборизаи ҷиҳод ва муқовиматамон, ба як девона, ба як майзуф(ҳақиру  нотавон), ба як одамаки мариз, бедин, береша, бепойгоҳу беҷойгоҳе чун  Ашраф Ғании Аҳмадзай, ба хотире ки Амрико мехоҳад, таслим шавем. Устод Ато рост мегӯяд, ки мо набояд дар баробари ҷаҳлу таассуб ва тангназариву фузунхоҳии як мушт қабилапарасту фошист беш аз ин бардошт кунем. Онҳо расвоии таассуб ва табъизро ба ҳадде расондаанд, ки ҳозир нестанд як шахси нимапанҷшириву нимақандаҳорӣ(нимтоҷику нимпаштун: доктор Абдуллоҳ)ро б о  васфи ин ки ҳафтод  дарсади мардум барояш рой додаанд, ба риёсати ҷумҳурӣ қабул кунанд. Мо бояд дар баробари ин ҷаҳолату беадолатӣ сари таъзим хам накунем. Агар Амрикову дигар « дӯстони ҷомиаи ҷаҳонӣ»  мехоҳанд, ки аз фошизм ва табъизу ҷаҳолати қабилаӣ ҳимоят кунанд ва мардумсолориро лагадмол намоянд, мо ки ба сӯи мардумсолорӣ ва адолатхоҳӣ рӯй овардаем, бояд то пои ҷон  барои ҳаққи худ ва таҳаққуқи адолат истодагӣ ва муқовимат кунем.

Устод Ато тарҳи ҳаракатҳои «сабзу норинҷӣ»- ро пешкаш кард. Устод Ато гуфт, ки касе бихоҳад болои мо тақаллубро таҳмил кунад, мо ба хиёбонҳо мерезем, мо садои худро баланд мекунем, мо сохтмонҳои давлатиро ишғол мекунем, мо то охири хат меравем. Қиссаи моро агар мехоҳӣ бидонӣ, достони шикасти абарқудрати шӯравиро бихон ва бишнав. Қиссаи моро агар мехоҳӣ бидонӣ,  достони муқовимати ҷонбозонаи моро дар баробари Толибон ва ҳомиёни покистониашон  бихон ва бишнав. Бар мо наханд, зӯрат бар мо намерасад, эй фошист, эй береша ва туфайливу мафлуку(бадбахт, бечора) пӯшолӣ(суст, заиф).

Бале ва оре, то ҳамин лаҳза устод Ато Масъудвор устувор дар баробари дағалбозиву тақаллуб ва зӯргӯӣ истода аст ва асаре аз хам шудан ва шикастагӣ дар вай дида намешавад. Орзу дорем, ки ин устуворӣ, ин истодагӣ, ин силаҳшӯрӣ ин адолатхоҳии Устод Ато ҳамингуна идома ёбад. Дуо мекунем, ки дигар ашхосе, ки даъвои раҳбарӣ доранд ва мехоҳанд  саре дар миёни сарҳо бошанд, аз Устод Атомуҳаммади Нур, волии маҳбуби Балх биёмӯзанд ва бо таслимталабӣ бо карнашу(таъзиму таслим)  муомилагариҳои туҳуъовар ва иқтизоҳовар ва шармсориовар худоҳофизӣ кунанд.

Ман намедонам, ки мавзеъгирӣ ва мавқифи Устод Ато чанд лаҳза баъд, чанд соат баъд, чанд рӯз баъд ва чанд ҳафта баъд чӣ гуна мебошад. Намедонам, ки чанд моҳ баъд ҳам Устод Ато сазовори ситоиш ва таъйидам мебошад ё на. Ин бастагӣ дорад ба гуфтор ва кирдоре, ки аз эшон дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда мебинам. Ҳамин акнун ва ҳамин имрӯз, росташро бигӯям, дар миёни раҳбарони тоҷик, танҳо ва ягона касе аст, ки ман ба ӯ умед бастаам, Устод Ато аст.  Гумон мекунам, ки Устод Ато таслимӣ ва зиллат, яъне раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғаниро намепазирад. Ҳамин барои ман як масъалаи бисёр муҳим ва бузург ва таърихӣ аст. Пазируфтани ин ки Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур шавад, ба ҳар баҳона, ба ҳар далел ба ҳар тавҷеҳ ки бошад, барои ман қобили қабул нест. Ба нигари ман, раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғанӣ , барои мо, тоҷикҳо як шикасти фаҷеҳи таърихӣ , як табоҳии комили рӯҳӣ ва равонӣ, ва як шармандагии мондагор ва фаромӯшношуданӣ аст. Ҳар кори дигар ки мешавад, мегӯям шавад, ҳар тарҳи дигар ки мерезанд, бирезанд, аммо Ашраф Ғании девона ва душмани савгандхӯрдаи тоҷикон ,   набояд бар мо фармонравоӣ кунад. Марги мо беҳтар аст то ин ки як фошист, як нимаисавию нимаяҳуд, як девона ва дағалбоз ва дуруғгӯву хоини  миллиро ба зӯр ва тақаллуб болои мо таҳмил кунанд.

Бидуни шак, муҷоҳидин ва муборизини бешумори дигар, фармондеҳони далере чун оқои Амонуллои Гузар ва дигаронро ҳам дорем, ки монанди Устод Ато бар мавзеи ҳаққу адолат устувор истодаанд ва ба ёрии Худо, ҳузур ва мавҷудияти эшон нақши бисёр арзанда ва сарнавиштсоз дар таъйини масири ҳаракатҳои сиёсии мо дорад.

Агар Устод Ато бар ҳамин мавзеъгирии одилона ва шуҷоонаи худ устувор бимонад, агар неруҳои мо ҳамагӣ дар як меҳвар гирд оянд, агар ҷунбиши зидди тақаллуб бо ҳушёрӣ ва тадбире, ки то кунун  нишон додаанд, бо густурдагии бештару нерумандии бештар амал кунад, агар пиру ҷавон ва зану марди  мо якдасту яксадо бошем, зӯри ҳеч тақаллубкор ва ҳеч ҳомии хориҷиаш  ба мо нахоҳад расид ва пирӯзии мо ҳатмӣ хоҳад буд.

Ё мемирем ё ҳаққи худро мегирем!

Бо сипоси бекарон

Дарвеши Дарёдилӣ

22 сунбулаи соли 1393 (13 сентябри соли 2014) нашр шуда дар пойгоҳи «Тоҷикон».

www.tajikmedia.com

.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?