http://tajikam.com

Туро аз нав Хуросон мекунам боз! PDF Чоп
Муаллиф: Беҳрӯз Забеҳулло   
20.07.2015 06:19

Хуросоно! Куҷоянд родмардон ?
Ҳижаброни далеру шери майдон ?

 

Бигу Момо! Куҷо шуд Рустами ту?
Ба дасти кист ҷому парчами ту ?

Яли Исфандиёр, рӯинтанат ку ?
Занони оқилу мардафканат ку ?

Амирону аморотат куҷо шуд ?
Ва пирони хароботат куҷо шуд ?

Куҷо шуд Геву Гударзу Сиёвӯш ?
Куҷо шуд Кова солори кафанпӯш !?

Фарру фарҳангу фармонат куҷо шуд ?
Шукӯҳу шавкату шонат куҷо шуд ?

Чаро озодагонат дар фироранд ?
Чаро фарзонагонат хору зоранд ?

Аё хоки парешонхурдаи мо,
Аё ганҷи ба яғмо бурдаи мо:

Зи хашми хеш туғён мекунам боз,
Туро аз нав Хуросон мекунам боз!

 

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?