http://tajikam.com

Чаро тоҷикон як китобхона ва ҳазору як ошхонаи миллӣ доранд? PDF Чоп
Муаллиф: Абдуқодир Рустам   
20.07.2015 06:25

Ин ки барои бандагони Худо Мағз бар Шикам тарҷеҳ дорад, ҳақиқати одист ва ҳар ки ин маънӣ надонад, кавдан аст. Аммо ҳамагон ин нуктаро низ медонанд, ки гуруснагии Шикам метавонад дар ниҳоят боиси марг бишавад, вале ағлаби мардум гуруснагии Мағзро ҳатто эҳсос намекунанд ва тўли умр боре ҳам мағзашонро, ки маншаъи андеша ва дар баробари дил яке аз ду василаи шинохти ХУД ва Худост, ғизо намедиҳанд. Ба ин далел аст, ки дар ҳар сари қадам чанд ошхонаву чойхонаву қаҳвахонаву ресторан дорем, аммо барои шуморидани теъдоди китобхона дар шаҳрҳоямон ангуштони як даст ҳам кофист.

Ин нуктаро, албатта, на ба таъну интиқод мегўям, агарчи ҷойе барои андаке таънаву интиқод ҳам ҳаст. Ин ки шумораи чойхонаву ошхонаву қаҳвахона бештар аз китобхонаву осорхонаву нигористону ҳунаристон аст, амрест мантиқӣ ва набояст мавриди баҳс бошад. Ва аммо ин ки бештари ошхонаҳои шаҳру рустоҳои моро «ошхонаи миллӣ» унвон кардаанд, боиси тааҷҷубу таҳайюр аст ва ғайримантиқиву хилоф бо ақли солим.
Мо танҳо як Донишгоҳ ва як Китобхонаи миллӣ дорем, вале теъдоди ошхонаҳои миллиамонро касе наметавонад бишуморад! Унвони «миллӣ» дар номи муассисаҳои таълимиву фарҳангии кишвар аз суйе, ишора ба мақоми вежаи онҳо мекунад ва аз суйи дигар, баёнгари аҳаммияти ин муассисаҳо барои кишвару миллат аст. Аммо ошхонаҳое, ки «миллӣ» унвон шудаанд, аз ошхонаҳои дигар, ки ин унвонро надоранд, чӣ тафовуте доранд? Ва ё ин ошхонаҳо сиёсати давлат дар риштаи масрафи ғизоро таъйин мекунанд? Муъайян менамоянд, ки чӣ ғизоҳое бояд шомили феҳристи хўрокҳои миллӣ бошанд? Албатта не! Соҳибони ин ошхонаҳо андешае ба ҷуз ҷалби бештари хурандагон ва ғаме ҷуз ҷамъ овардани пули бештар надоранд. Ва ин ҳам амрест мантиқӣ. Пас чаро ошхонаашонро «ошхонаи миллӣ» унвон кардаанд?! Бештари соҳибони чунин ошхонаҳо, албатта посухе ба ин суол надоранд, китф дарҳам мекашанду мераванд. Ва аммо бархе хоҳанд гуфт: зеро дар ошхонаи мо ғизоҳои миллӣ мепазанд! Ва мефаҳмем, ки онҳо ибораи русии «национальная кухня»-ро ба тавре, ки фаҳмидаанд ва ба тоҷикие, ки медонанд, тарҷума кардаанд. Ин «тарҷумонҳо» ибораи русии «национальная кухня»-ро «ошхонаи миллӣ» фаҳмидаанд ва шояд намедонанд, ки «кухня»-и русӣ, на танҳо ба маънои «бино (ё сохтмон) барои таҳия ва пухтани ғизо» аст, балки маънои «маҷмуъи хўрокҳо»-ро низ дорад ва «национальная кухня» ба тоҷикӣ «ғизоҳои миллӣ» тарҷума мешавад, на «ошхонаи миллӣ».
Хулоса: азбаски худи соҳибони «ошхонаҳои миллӣ» китобу рӯзнома намехонанд ва ин навиштаро низ нахоҳанд хонд, аз масъулони кумитаи забон хоҳиш мешавад, ки овезаҳои ғалати «ошхонаи миллӣ»-ро аз болои дар ва пештоқи ин биноҳо бикананд ва талаб кунанд, ки соҳибонашон онро ба гунаи «ошхонаи хўрокҳои (ғизоҳои) миллӣ» ва ё фақат «ошхона» ислох, бикунанд. Мутмаин бошанд, ки на шумораи муштариёнашон коҳиш меёбад, на даромадашон камтар мешавад.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?