http://tajikam.com

Мо кӣ будему ҳоло кистем? PDF Чоп
Муаллиф: Каюмарси Ато   
20.07.2015 06:30

Чанд соли дигар лозим аст, ки ёди ҷанги лаънатӣ аз хотираи ҳамаи мо рӯфта шаваду ба ақиб не, ба пеш нигоҳ кунем?
Чанд соли дигар мехоҳем, ки худро бо чанд бинои сохтаву фаввораҳои раққосамон таскин бахшем?
Чанд соли дигар?
Магар ин қадар сол кам буд?
Як ба худ оем.
Воқеан, мо кӣ будему ҳоло кистем?
Мо тоҷикем?
Тоҷики тоҷдорем?

Бо худ меандешам: замоне мо кӣ будему ҳоло кӣ ё чӣ шудем?

Як замон сарбаланду мағрур -- Ҳоло сарафкандаву хору зор;

Замоне серу пур -- Ҳоло гадову эҳтиёҷманд;
Замоне меҳрубону ғамхору ошиқ -- Ҳоло дағалу дағалгуфтору зишту бевафо...
Инро мешавад давом дод.
Навишту навишт...
Вале то ҳол бузургони мо, зиёиёни даъвогар, файласуфону мақомдорони мо нагуфтаанд, ки чаро ба ин ҳол афтодаем?
Айби мардум аст, ки то ин сатҳ поин омада? Ё айби ҳукумат, ки натавонистааст дар ин муддат моро таъмин кунаду мардумро ба ҷои омӯзиш додану тарбия кардан, ба гадоиву муҳоҷират маҷбур сохтааст?
Ё айби зиёиёну стратегҳо, ки ба ҷои пешрафта кардани давлат ҳамеша ҳукуматро дар муқобили мардум ва мардумро дар муқобили ҳукумат нигоҳ медоранд ва ё аз тарс ба ҳарчӣ мақомдорон мехоҳанд, бале мегӯянд, агарчӣ он бало ҳам бошад?
Айби кӣ?
Чаро бузургони ҳаштуним миллион аҳолӣ гирди як миз нишаста, роҳҳои бурунрафт аз буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву сиёсиро фикр намекунанд?
Ин баҳси боқӣ мондани миллати тоҷик аст, баҳси ҳукуматиҳову ғайриҳукуматиҳо ва худиҳову бегонаҳо ва исломиҳову насрониҳо нест, ки худро канор кашем. Баҳси ояндаи фарзандони мо, насли мост.
То кай дунболи “секс”-и муллоҳову андозаи риш ва каблуки духтарон мегардем?
То кай бояд сармоягузори дохилӣ ба берун раваду мо дунболи арабу русу украиниву немису исроилӣ гардем ва бо хушомаду гузаштҳо онҳоро ба Тоҷикистон орем, имтиёз диҳем?
Чаро барои хитоӣ, ҳарчи мехоҳад, дар кишвари мо мумкин асту барои як тоҷири тоҷик не?
Куҷоед, миллатдӯстон?
Куҷоед, онҳое, ки даст ба сина зада аз Ватану ватандорӣ мегӯед?
Магар бо ин ҳол ояндаи мо дурахшон аст?
Чанд соли дигар зарур аст, то мо як андоза хушҳолу хушбахт гардем?
Чанд соли дигар даркор аст, ки модарони мо орому осуда бихобанду падаронамон дар айни пирӣ ба ҷои дарёфти ҳаққи бознишастагӣ сементи русро накашанд, кӯдаконамон ба ҷои талбандагӣ ва меҳнати сангин дар мактабҳо бихонанаду ихтироъкор шаванд, духтаронамон шавҳарони ҷавони худро дар муҳоҷират аз даст нидиҳанду бева нагарданд?
Чанд соли дигар лозим аст, ки ёди ҷанги лаънатӣ аз хотираи ҳамаи мо рӯфта шаваду ба ақиб не, ба пеш нигоҳ кунем?
Чанд соли дигар мехоҳем, ки худро бо чанд бинои сохтаву фаввораҳои раққосамон таскин бахшем?
Чанд соли дигар?
Магар ин қадар сол кам буд?
Як ба худ оем.
Воқеан, мо кӣ будему ҳоло кистем?
Мо тоҷикем?
Тоҷики тоҷдорем?

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?