http://tajikam.com

Тааҳҳуди мо нисбат ба тавофуқномаи сулҳи Тоҷикистонро фаромӯш накунем! PDF Чоп
Муаллиф: Абдулҳай Хуросонӣ   
20.09.2015 09:39

Кохи сапедор ва вазорати умури хориҷаи Афғонистон расман масъулият дорад ба унвони яке аз кишварҳои муассир  дар имзои сулҳи кишвари Тоҷикистон аз мафоди муоҳидаи сулҳ дар дифоъ аз ҳуқуқи маданӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандии аъзо ва ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистон ба ҳукумати Тоҷикистон тазаккури дӯстона бидиҳад ва беҳтар аст доктор Абдуллоҳ шахсан бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора суҳбат намояд.

Тоҷикистон умқи истротежики  ҷуғрофиёи тамаддунӣ ва табиии фарҳангии мост ва бойист муносиботи мо дар ҳамаи заминаҳо истротежик ва ҳадафманд бошад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки шаҳид Масъуди азиз аз тамомияти арзии Тоҷикистон бо ҳамон ишқу ирода дифоъ намуд ки аз кишвару зодгоҳи худ!

 

 

Сабур Раҳил, сиёсатшиноси афғонистонӣ

Банда ҳаргиз бовар надорам ки Абдуллоҳ халафулсидқи(ҷонишини ростин)

сиёсии роҳу расми устод Раббонӣ ва Масъуд ( ки раҳмати Худо бар ҳардуяшон бод!)бошад. Бо ин ҳам касоне ки чунин меангоранд, ҳоло беҳтарин фурсат аст, ки ба фармоишоти оқои Хуросонӣ таваҷҷуҳ кунанд. Албатта, вазифаи таваҷҷуҳ кардан ба ин асл кори асосӣ ва аввалияи Абдуллоҳ( доктор Абдуллоҳ)  ва Салоҳиддин(Раббонӣ) будааст. Агар инҳо ба ростӣ худро халафи роҳу расми бузургони мо мехонанд, бояд пеш аз он ки ҷаноби Хуросонӣ ё каси дигаре чизе бар забон оваранд, иқдом мекарданд. Бо он ҳам ин газу он майдон. Собит бисозанд ки халафулсидқанд, ҳадди ақал дар ҳамин як маврид.

Абдулҳай Хуросонӣ

Тааҳҳуди мо нисбат ба тавофуқномаи сулҳи Тоҷикистонро фаромӯш накунем!

(баргардон аз форсӣ)

Ривояти як хотира ва ёдоварии масъулияти истротежики Кобул  дар баробари авзои Тоҷикистон ба Кохи сапедор( Раёсати иҷроия) ва Вазорати умури хориҷа!

“...мубойлам занг зад, шумораи сатилойт буд, он тарафи хат Омир соҳиб(Аҳмадшоҳ Масъуд) буд. Баъд аз салом бо салобат дастур дод: “ Ҳамин ҳоло меравӣ пеши Устод Абдулло Нурӣ ва мавзуъи сулҳро ки аз тариқи мухобира ба Шумо расида худат мебарӣ ва аз пеши устод ба ҳамин шумора ба ман занг мезанӣ! Фаҳмида шуд, иншоолоҳ”.

Дастур ба ҳамин қотеият ва шаффофият буд. Ман ҳамон рӯз аз Теҳрон озими Караҷ шудам ва шодравон устод Абдуллоҳи Нуриро дар манзилаш мулоқот намудам ва аз ҳамон ҷо шумораи Омир соҳибро гирифтам ва устод Нурӣ бо Омир соҳиб ҳудуди як соат суҳбат намуданд.

Суҳбати Омир соҳиб бо шодравон устод Нурӣ рӯйи се меҳвари аслӣ устувор буд.

1) Халъи  силоҳи муборизини тоҷики мустақар дар Тахористон

2) Тааҳҳуд ва тазмини Афғонистон дар қиболи тааҳҳудоти давлати Тоҷикистон

3) Ёдоварии таҷрибаи манфии Афғонистон аз  ҷанг ва   ташвиқ ба сулҳу ободонии Тоҷикистон ва ин ки Раҳмонуф(он вақт эшон Раҳмонуф буданд) ба тааҳҳуди худ амал менамояд, иншооллоҳ.

Баъд аз суҳбат устод Нурӣ  мутаассир ва нигарон буд ва зимни ин ки оҳе амиқ кашид, гуфт:

“... Хайр, мо ба Омир соҳиб ва ҷаноби Устод ба андозаи худамон эътимод дорем...аммо ман эътимод ба Маскав ва Душанбе надорам ва ман мувофиқи халъи силоҳи муборизини тоҷик то амал намудани давлати Раҳмонуф ба мафоди сулҳ нестам... Хайр, чӣ кунем, ҳоло ки дасти бародарони мо ҳам танг аст, ба Омир соҳиб мувофиқат кардам...Аммо нигарони такрори тоърихи муборизини Бухор(?) ҳастам...”

Бале, мисли ин ки равоншод устод Абдуллоҳи Нурӣ имрӯзро пешбинӣ менамуд.

Кохи сапедор ва вазорати умури хориҷаи Афғонистон расман масъулият дорад ба унвони яке аз кишварҳои муассир  дар имзои сулҳи кишвари Тоҷикистон аз мафоди муоҳидаи сулҳ дар дифоъ аз ҳуқуқи маданӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандии аъзо ва ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистон ба ҳукумати Тоҷикистон тазаккури дӯстона бидиҳад ва беҳтар аст доктор Абдуллоҳ шахсан бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора суҳбат намояд.

Тоҷикистон умқи истротежики  ҷуғрофиёи тамаддунӣ ва табиии фарҳангии мост ва бойист муносиботи мо дар ҳамаи заминаҳо истротежик ва ҳадафманд бошад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки шаҳид Масъуди азиз аз тамомияти арзии Тоҷикистон бо ҳамон ишқу ирода дифоъ намуд ки аз кишвару зодгоҳи худ!

Мамнуъ шудани фаъолиятҳои сиёсии ҳизби исломӣ ва муътадилнаҳзати Тоҷикистон на танҳо муғойири тафоҳумномаи сулҳ мебошад, балки ин рафтори мустабидона ва ба дур аз хирадварзӣ ва тааққули сиёсӣ метавонад заминаи зуҳури гурӯҳҳои террурист ва ифротиро муҳайё кунад.

Амният ва суботи Тоҷикистон амният ва суботи мост ва бояд заминаи ин эътимод миёни ду кишвар фароҳам ояд.



 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?