http://tajikam.com

МИЛЛАТИ С А Р С О Н У С А Р Г А Р Д О Н PDF Чоп
Муаллиф: Аҳрони Самарқандӣ   
10.01.2016 09:26

... Ин қабилахо шонси таьрихиро аз даст надоданд, аз сустиву карахтии тоҷикон истифода бурда, замину давлати тоҷиконро аз они худ карданд. Соли 1924 80 дарсади тоҷикон дар ҳудуди Ӯзбакистон ӯзбак шуданд. Машинаи пантуркизм кори худро байни мардум сар кард. «Ҳар ки дар шиноснома тоҷик нависад, ба Тоҷикистон бадарға мешавад, ҷои кор намеёбад, аз кор ронда мешавад!». Ва ҳоказоҳо. Васоити ахбор ва маорифро маҳдуд карданд. Дар ин корҳо ба пантуркистон тоҷикони дар курсии давлату ҳизбӣ нишаста ва болшевикону раҳбарони ҳизби коммунист, ки намехостанд тоҷикон сар баланд намоянд, дасти кӯмак дароз менамуданд...

Баьд аз сари қудрат рафтани сулолаи Сомониён ва сарнагун шудани он аз тарафи қабилаҳои ғуломзодаи турктабор, тоҷикон 1000 сол натавонистанд давлатдории худро барқарор намоянд. Дар ин ҳазор сол тоҷикон зери таьсири ҳокимони хунхори араб ва турку муғул зиндагии пурмашаққатро аз сар гузарониданд. Саъю талошҳо ва кӯшишу набардҳои охирин намояндагони сулолаҳои Сомониён, Ғуриён, Сарбадорони Самарқанд, Бармакиён чун Абдуллоҳи Калаконӣ, Восеъ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои муттаҳид намудани миллат ва ташкили давлати худ бенатиҷа анҷомиданд. Ҳарчанд онҳо боре чанд, барои муддате зимоми қудратро ба даст гирифта, ҳукмронӣ ҳам карданд, вале ин ҳукмрониҳо дер напоид. Нахуст аз ҳама, ин ҳукуматҳо аз тарафи худи мардум ҳаматарафа дастгирӣ наёфтанд. Зеро дар тӯли 1000 сол мардум аз арабтозӣ, турктозӣ ва муғултозӣ, истеъмори давлат аз ҷониби ашрофони худӣ дилгир шуда буданд. Дини худро, ки ҳазорсолаҳо зери таьсири он буданд, аз даст доданд. Сатҳи шуури худогоҳиву худшиносиву истиқлолхоҳиашон ниҳоят паст шуд. Дар ин рукуди маънавӣ дар радифи дигар омилҳо, омили исломӣ ҳам таъсиргузор буд, зеро дар мазҳаби ислом миллатро намешиносанд. Аз аз мардум чун бипурсанд, ки : «Миллати Шумо чист?». Посух медоданд: «Мусалмон!». Миллатро мусалмон нишон додан хостаю сохтаи аьроб буд ба хотири ҳифозату бақои давлати худ, салтанати хеш ва таҳмил кардани забонашон. Мардум аз рӯи қавонини шариат зиндагӣ мекарданд. Забони Қуръон арабӣ ва бо дигар забонҳо хондани он манъ буд. Ҳар қабилае, ки ҳукмронӣ мекард, ҳамин ақидаро, миллат- мусалмониро барои ҷилавгирӣ аз бедории шуури худшиносию истиқлолхоҳии мардуми таҳҷоиву бумӣ чун абзори саркӯбкунанда истифода мебурд. Дуввум, ваҳшонияти аьробу турку муғул мардумро хеле тарс дода буд. Ин тур ваҳшоният, яьне бераҳмона қир кардани зану кӯдак, пирамардон, комилан харобу ба вайрона табдил додани шаҳрҳо, сӯхтани китобҳо то кунун тоҷиконро ба худ наовардааст. Ин ҳама ваҳшонияту даҳшатафканиҳо барои ишғол кардани мамлакатҳо ва нобудии миллат таьсиргузор буданд ва ҳоло низ чунин аст. Дар ин 1000 сол тоҷикон ҳарчанд салтанату давлатро аз даст дода буданд, боз ҳам тавонистанд бо забон ва фарҳанги ғании худ, ҳастии худро нигаҳ доранд. Забони давлатӣ дар ин ҳукуматҳо асосан порсӣ, яъне тоҷикӣ буд. Яъне гарчи худи тоҷикон сари қудрат набуданд, вале забонашон ҳукмрону қудратманд буд. Кӯшишҳо ва талошҳои зиёде буданд барои барҳам задану ба нобудӣ кашидани забону фарҳанги тоҷикон. Ин аҳвол то охири асри 19 ва ибтидои садаи 20 идома дошт. Дар ин замон дар ҷаҳон як силсила дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангӣ рух доданд. Тоҷикон дар ин даврон зери султаи паштунхо, хонҳои Қӯқанду Хоразм ва Аморати Бухоро, ки вассали Русияи империёлистӣ шуда буданд, зиндагӣ мекарданд. Ин хонигариҳо аз ҳар нигоҳ ақибмондаю хурофотӣ буданд. Ин аст, ки Русия бо осонӣ онҳоро зери таьсири худ даровард. Давлат зери таьсири амирони худкомаю бесавод ва диндорони шариатпараст арзи вуҷуд мекард. Лиҳозо, наметавонист ва намехост ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад. Русияи империёлистӣ оҳиста- оҳиста ба хотири бақои ҳукумат ва ором нигоҳ доштани мардуми маҳаллӣ, мактабу омӯзишгоҳҳо таъсис дод. Заводу фабрикҳо бунёд ниҳод. Барои ин аз Руссия мутахассисон ва кормандони лаёқатмандро якҷо бо хонаводаашон оварданд.

 

Баьд аз ҷанги ҷаҳонии якум, ки дар он  Русия  бо Туркия дар набард буд, ба мисли дигар кишварҳои  Аврупо, Русия асирони туркро ҳамроҳи тоторҳову бошқирдхо ба Осиёи Марказӣ сафарбар кард. Аксарияти онҳо пантуркист буда,  хату савод доштанд.
Дар қаламрави  Осиёи Миёна равшанфикрон аз ин таҳаввулот  хостанд пайравӣ намоянд ва  мамлакати худро ба пеш баранд. Ҳукумати вақт онҳоро ҷадид номид. Аксарияти ҷадидон,  ки дар сафи он тоҷикон низ кам набуданд,  дар Туркия таҳсил ёфта ва тарбия гирифта буданд. Бархе аз онҳо огаҳона ва ё ғофилона гирифтори ҷараёни пантуркизм шуда буданд. Бештари ҷадидон таьрихи миллат ва гузаштагони хешро  намедонистанд  ё донистан намехостанд. Онҳо гумон мекарданд, ки мамлакатро пеш мебаранд. Шуури модарии миллиашон ва худшиносиашон ба туркӣ олуда шуд, зеро  дар он вакт Туркия аз Эрону Афғонистон пешрафтатар  буд. Ин замон, яъне дар ибтидои қарни бист империяи туркҳои усмонӣ пош хӯрда  ва ба ҷои он дар қаламрави Туркия пантуркистон бо сарварии Мустафо Камол Отатурк ба сари қудрат омаданд ва сиёсати пантуркистонаи хешро  пеш бурданд. Ин ҳукумат бо Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаи дӯстиву ҳамкорӣ баст. Ихтиёриён ва гумоштагони  ин давлат бидуни ҳеч як навъ мамоният имкон доштанд ба Осиёи Миёна ва ҷамоҳири  туркзабон омада,  ақидаҳои пантуркистии хешро тарғиб намоянд. Соли 1922 Иттиҳоди Шӯравӣ барои тақсими ҳудуди миллӣ байни миллатҳо қарор қабул кард. Комиссия аз ҷумлаи намояндагони ҳамаи  миллатҳо,  ба истиснои  тоҷикон,  ташкил шуд. Вақте соли 1924 тақсими марзҳо оғоз ёфт, Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбакистон чун ҷумҳурии мухтор  таъсис шуд. Ин  ин ҳам бар ивази  ҷонбозиҳои С.Айнӣ, Ш.Шотемур ва дигарон ба даст омад.

Нармию сустии тоҷикона ва турктозию турксозии пантуркистон

Саволе бармеояд, ки чаро чунин шуд, ки  тоҷикон  нармию сустӣ  карданд?

Барои он ки тоҷикон ҳувияти милливу давлатдории худро аз даст дода буданд. Аксарияти «зиёиҳо»-ро  ки мебоист миллатро наҷот диҳанд, тоҷикпарастӣ кунанд, пештози миллат бошанд, диндорон ташкил медоданд. Вале онҳо миллат надоштанд. Миллаташон мусалмон буд. Кӣ ба сари онҳо ҳукмронӣ  мекунад, барояшон  фарқе надошт. Барои онҳо муҳим он буд, ки «гӯр сузаду дег ҷӯшад». Равшанфикрон ҳам ба идеяҳои пантуркистӣ гирифтор буданд.  Дар он замон мафкурае, идеяе, ҷумбише ё давлате набуд, ки миллати тоҷикро ба пой истод кунад. Чор-панҷ нафар фидоиён миёни ин ҳама сустиродагону касони  бефарқу бетараф  наметавонистанд кореро ба анҷом бирасонанд. Вале қабилаҳои  муғултабор, яъне  пантуркистҳои турку тотору бошқирд ва ҷадидони пантуркист хуб кор карданд. Онҳо  тавонистанд ғояҳои худро ба сари мардуми авом таҳмил намоянд. Онҳо  мегуфтанд,  ин сарзамини мост, зеро  тоҷикон аз Ирон омадаанд ва ҳақ надоранд дар ин ҷо давлат бисозанд. Ин қабилахо шонси таьрихиро аз даст надоданд, аз сустиву карахтии тоҷикон истифода бурда,  замину давлати тоҷиконро аз они худ карданд. Соли 1924  80 дарсади  тоҷикон дар ҳудуди Ӯзбакистон ӯзбак шуданд. Машинаи пантуркизм кори худро байни мардум сар кард.  «Ҳар ки дар шиноснома тоҷик нависад,  ба Тоҷикистон  бадарға мешавад, ҷои кор намеёбад, аз кор ронда мешавад!». Ва  ҳоказоҳо.  Васоити ахбор ва  маорифро маҳдуд карданд. Дар ин корҳо ба пантуркистон тоҷикони дар курсии давлату ҳизбӣ  нишаста ва болшевикону раҳбарони ҳизби коммунист, ки намехостанд тоҷикон сар баланд намоянд, дасти кӯмак дароз менамуданд.  ( Инҳо ҳарос аз он  доштанд, ки агар тоҷикон тамоми худуди тоҷикнишинро давлати худ созанд, пас бо тоҷикони Афғонистону Ирон муттаҳид  шуда, баъдан  метавонанд аз онҳо  ҷудо шаванд). Саволе ба миён  меояд: Дар он замон босмачиён барои давлату миллат мубориза бурданд-ку?  Оре,  онҳо мубориза бурданд,  вале на барои миллату давлат, балки барои дину давлату қудрат. Тақрибан ҳамаи сардорони босмачиҳо аз турктаборон иборат буданд ва онҳо барои хону амир ва барои худашон  мубориза бурданд. Онҳо  ба нафъи тоҷикон ҳеҷ коре  накарданд.

Гирд омадани тоҷикон дар ҷумҳурии тозабунёди хеш

Соли 1929 бо кӯшишу ҷонфидоиҳои Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов ва баьзе раҳбарони аз чанголи пантуркизм халосхӯрда, тоҷикон тавонистанд ҷумҳурии мустақили хешро бунёд ниҳода ва сиёсати миллии худро ба пеш баранд. Тамоми тоҷикони бедордил ва миллатдӯст аз Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тирмиз, дигар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бо ҳамроҳии тоҷикони Тоҷикистон дар деҳаи Душанбе пойтахти худро бино намуданд ва гули сари сабади миллати тоҷик дар ин шаҳр ҷамъ омад,  то пойдевори давлату миллати худро бисозад. Ба тоҷикони берунмарзӣ имкон пайдо шуд, то  ба Душанбе рафта,  бо забони худ хонанд ва ҳуввияти худро андак ҳам бошад, нигаҳ доранд ва ба  шаҳрҳои худ омада,  ин ғояҳоро ба донишҷӯён бирасонанд. Дар натиҷа, тоҷикони Ӯзбакистон ҳарчанд ҳувийяту худшиносии миллиашон паст буд, ба ҳар ҳол битавонистанд забон ва фарҳанги худро нигаҳ доранд. Аз байни тоҷикони муқими Ӯзбакистон   шоиру нависанда, олиму мутахассисони зиёди  варзида ба  камол расиданд ва  барои миллат хидмати бузургеро анҷом доданд. Гоҳ-гоҳе миёни таьрихшиносону  рӯзноманигорони Точикистон баҳсҳо сар мезананд ва иддао мешавад, ки тоҷикони Ӯзбакистон барои миллати худ мубориза набурданд. Даъво пеш меоранд, ки  давлати Тоҷикистонро онҳо тавассути ҷонфидоии хеш бунёд карданд.  Ман барояшон мегӯям: «На! Дар он замон ҳувийяти миллӣ ва истиқлолхоҳии  ҳамаи тоҷикон, сарфи назар  аз  дар кадом давлат зиндагӣ карданашон, бениҳоят паст буд. Давлати онҳо маҳали онҳо буд, ки ин андеша то  ҳоло дар шуури аксарияти тоҷикон боқӣ  мондааст. Сиёсати давлати шӯравӣ  ҳам ин буд:  «Ба Шумо чанд адад ҳалво диҳанд, ба хамин қадар хӯрдан ҳак доред,  на беш!».

Сиёсати ӯзбаксозӣ дар Ӯзбакистон  ва оғози  бозгашти  тоҷикон ба асли хеш пас аз бозсозӣ

Дар Ӯзбакистон бошад панӯзбакхо тавонистанд тоҷиконро дар баьзе маҳалҳо аз забону фарҳанги худ дур созанд ва онҳоро водор ба ӯзбак гуфтан намоянд. Дар доираи роҳбарони пантуркисти Ӯзбакистон  як дастуре буд, ки тибқи он мебоист то  соли 2000-ум тамоми тоҷиконро аз забону фарҳанг дур созанд ва ба ӯзбак табдил диҳанд. Ин қарорро як корманди КГБ ​, ки миллаташ тоҷик буд,  соли 1989 ба мо гӯшрас карда буд.  Агар ҳамин сиёсати панӯзбакҳо давом мекард, онҳо ба мақсад мерасиданд. Лекин  соли 1986 сиёсати бозсозии М.С.Горбачёв  ба миён омад  ва давлат ошкорбаёниро муҷоз донист. Тоҷикони бедордилу равшанфикри Ӯзбакистон  аз ин фурсат истифода намуда,  барои эҳёи забону фарҳанги худ бо гузоштани 100.000 имзо аз ҳукумати шӯравӣ ва Ӯзбакистон  ҳуқуқи қонунии миллати худро талаб карданд. Баьд аз эътирозҳои сиёсиву фарҳангӣ, Ҳукумати Ӯзбакистон  маҷбур шуд, то  дар аксарияти вилоятҳои тоҷикнишин дари синфу мактабҳои тоҷикиро боз намояд. Дар техникум, донишкадаву донишгоҳхо гурӯҳҳои тоҷикӣ таъсис, дар 4 вилоят рӯзномаи вилоятӣ ва 9 ноҳия рӯзномаҳои тоҷикиро ташкил намояд. Радио ва телевизиони тоҷикӣ  пахши барномаҳои худро  оғоз карданд. Дар 5 вилоят марказҳои фарҳангии тоҷикон бунёд шуд. Дар  Самарқанд ташкилоти сиёсии сабтиномнашудаи тоҷикон- «Самарқанд» ҳуқуқи худро ҳаматарафа,  аз ҳукумати маҳаллӣ  сар карда,  то созмонҳои байналмилалӣ  талаб мекард. Баьд аз гуруснанишиниҳою эътирозхо ва талабҳои  сиёсии аьзои ташкилот, давлат маҷбур шуд иҷозат диҳад, ки тоҷикон битавонанд дар ҷои зист, корхонаҳо ва маҳалҳо бо забони худ ҳарф бизананд, шиор ва рекламаро ба забони тоҷикӣ нависанд. Дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд забони тоҷикӣ расман  мақоми давлатӣ гирифт.

Боз ҳукумат рухсат дод, то  он тоҷиконе, ки дар шиноснома нодуруст ӯзбак навишта шудаанд,  метавонанд миллати худро тоҷик нависанд ва бо сабку услуби тоҷикӣ ному насабашонро номнавис кунанд. Баьд аз ин садҳо ҳазор тоҷикон дар шиноснома тоҷик  навишта шуданд ва дар гувоҳномаашон  ҳам  фарзандони худро тоҷик навиштанд. Тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон дастраси мардум буд. Театр ва дастаҳои ҳунарӣ  бидуни мамоният омада, ҳунари худро ба мардум намоиш  медоданд  ва мардум талош мекарданд аз инҳо  сабақе бигиранд. Дар натиҷаи ин талошҳо шуури худшиносиву ифтихори миллии  тоҷикони Ӯзбакистон кам- кам баланд мешуд ва мардум аз тоҷик будани худ ифтихор мекарданд. Ин раванд то соли 1992 давом кард.

Истиқлоли Ӯзбакистон ва фишори дубора болои тоҷикон

Баьди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақил шудани Ӯзбакистон  фишор ва таьқиби тоҷикон  дубора оғоз шуд. Он дастовард ва пешравиҳое, ки мо ноил шуда будем, тайи  4-5 сол комилан аз даст рафт ва имкониятҳо маҳдуд шуд. Барои то ба ин дараҷа   далеру нотарс ва панҷа дароз кардани Ҳукумати Ӯзбакистон  болои тоҷикон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии Тоҷикистон нақши бузург бозид. Ҳукумат аз телевизион ва рӯзномаҳо истифода намуда мегуфт: «Бубинед, тоҷиконро чӣ кор карда истодаанд!».  Ҳукумат созмони тоҷиконро расман баст. Аьзои фаъоли онро зери фишору таьқиб қарор дод  ва  аз ҷойи корашон берун  ронд. Бисёриҳо маҷбур шуданд фаолияташонро қатъ  кунанд ва  ё  ба хориҷа баромада раванд. Зеро ҳукумат на танхо фаъолонро, балки аьзои оила ва хешовандони онҳоро тарсонида ва таьқиб мекард. Панӯзбакҳо таҳти сарварии пешвоёни худ озодона рафтор мекарданд. Онҳо дар идораҳои давлатӣ  аз номи падару модари донишҷӯён имзо ташкил намуда,  гуё «ихтиёрӣ»   фарзандонро ба мактабҳои таълимашон ба забони ӯзбакӣ  медоданд.  Ягона фокултаи забон ва адабиёти тоҷик дар  Самарқанд баста шуд. Ягона «Тоҷиккитоб»-ро,  ки аз Тоҷикистон таьмин мешуд ва он барои бедории тоҷикон хеле муҳим буд , аз байн бардоштанд. Мактабҳои тоҷикиро аз синфи 1 то 7 бастанд. Тасаввур бикунед, ки донишҷӯе  7 сол тоҷикӣ хонда,  якбора ба синфи 8-и ӯзбакӣ меравад! Ӯ чиро ёд мегирад ва дар оянда чӣ мешавад? Ин раванд то  ҳол идома дорад. Аз ин даҳшати ӯзбаккунии тоҷикон ягон мамлакати демократии Ғарб ва Осиё, созмонҳои дифоъ аз  ҳуқуқи башари ватаниву байналмилалӣ  ва давлатҳои ҳамзабон барои ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон  садо баланд накарданд.  Мо борҳо ба онҳо муроҷиат карда будем, вале садои моро ҳеч кас намешунавид. Гӯё  мо ба санг ҳарф мезанем. Мардуми тоҷики Ӯзбакистон дардашро ба кӣ гӯяд?  Ҳоло аксарияти тоҷикон аз ватан дур рафта,  дар хориҷа кору зиндагӣ  доранд. Онҳоро  сари ҳар қадам дар  Россия, Амрико, Қазоқистон, Корея ва баьзе дигар кишварҳои  Аврупо  метавон дид.  Давлати Ӯзбакистон  ҳадафмандона  тоҷиконро аз шаҳрҳо дур намуда истодааст ва  як раванди тоҷикбадбинӣ давом дорад. Тамоми роҳбарону корбарони шаҳру ноҳияҳоро, ки тоҷик ҳастанд аз кор гирифта,  бо ҷои онҳо  ӯзбакҳоро таъин намуда истодаанд. Ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, додгоҳ, умури дохила, тиб, маориф, идораҳои газу обу барқ  ба дасти ӯзбакҳо гузашт. Шумори зиёди  тоҷикон бе кор монданд. Масалан,  як ӯзбакро дар як идораи давлатӣ  роҳбар таъин мекунанд. Ӯ тайи  2-3 моҳ тамоми кормандони тоҷикашро аз кор бо ҳар хел далелҳои бофтаю сохта аз кор меронад. Ин раванд ҳамоно идома дорад. Шумо ба кӣ муроҷиат кунед, он  бенатича мемонад. Зеро дар боло ҳама  одамони худашон нишастаанд ва сиёсати ноҳо тоҷикситезӣ мебошад.Тамоми соҳибкорони тоҷикро бо ҳар хел иттиҳомоти бофтаю бардурӯғ  ба зиндон меандозанд. Ин аст, ки  соҳибкорони зиёде  аз кишвар баромада рафтанд. Бизнеси онҳоро бешармона зада мегиранд. Масалан,  дар Самарқанд  давлат натавонист низоми хидматрасонии таксиро ба роҳ бимонад. Онро  тоҷикон  ташкил намуда, ҳар  рӯз пулу андози  зиёде ба хазинаи давлату давлатдорон меандохтанд. Мардум аз кори ронандагон розӣ буданд. Вале давлат дар як рӯз ҳамаи инро ғайриқонунӣ эьлон намуда,  худаш афтобусҳоро ба кор даровард. Аммо ин  мушкили мардумро ҳал накард. Дар натиҷа  15 ҳазор нафар, ки аксарияташон тоҷиконанд,  бекор монданд.  Баьд мо инро шунидем, ки ин автобусҳо мутааллиқ ба  як вазири ҳукумат будааст. Бубинед сиёсатро, ки дар он  ҳам худи давлат  ва ҳам мардум зарар дид.  Як шахс корхона бунёд мекунад, маблағгузорӣ намуда, онро  ба по истод  ва  чанд касро бо кор таьмин мекунад. Баьди муддате  ягон нафар  хешованди корманди идораи давлатӣ, ки миллаташ ӯзбак мебошад,  ба ин корхона чашм ало мекунад. Бо мадади хешовандони дар курсиҳои боло нишастааш тафтиш тайёр намуда, баъдан  коргоҳро аз дасти соҳибаш ҷабран кашида  мегиранд.

Беш аз 3 миллион тоҷики ӯзбакистонӣ дар ҷустуҷӯи кор тарки Ватан кардаанд

Бо мурури замон, тафаккури худомӯзию  худтаъминкунӣ , беҳ намудани аҳволи зиндагӣ тавассути заҳмати хеш миёни тоҷикони Ӯзбакистону Афғонистону Тоҷикистон  идома дорад. Мардуми тоҷик шароити хуби зиндагӣ  доштанду доранд. Зеро дар гузашта Самарқанду Бухоро маркази илму фарҳанг  ва тиҷорату бозаргонӣ буд. Ин  омил нақш ва таьсири худро ба мардуми ин вилоятҳо  гузоштааст. Ҳоло дар расонаҳо аз он  ҳарф мезананд, ки Ӯзбакистон як  мамлакати бой ва шароити зиндагиаш хуб аст ва мисол меоранд тоҷикони ин ҷоро. На! Дар  Ӯзбакистон  кор нест ва ёфтани он  мушкил аст.  Беш аз 3.000000 млн. тоҷики ӯзбакистонӣ  ба хориҷи кишвар  рафта,  кор карда,  пул оварда истодаанд. Онҳо ба  давлати худ  ва ҳам барои оилаи худ нафъи бисёр меоваранд. Тоҷикон  таърихан одат кардаанд, то дар шароити хуб зиндагӣ   кунанд. Онҳо  кӯшиш мекунанд, имрӯз ҳам чунин  бошанд. Олиму мутахассисоне, ки лаёқату истеъдоди бузург  доранд , барои тоҷик буданашон аз корҳои хуб  бо ҳар гуна  баҳона аз кор ронда мешаванд. Инро  дар мисоли олимону ходимони тиб ва дигар соҳаҳо дидан мумкин аст. 95 дар сади хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳоро донишҷӯёни ӯзбак ташкил медиҳанд. Онҳо  баьди хатм, албатта,  ҷои тоҷиконро мегиранд.  Ҳарчанд лаёқати корӣ  надоранд.  Ҳоло аксарияти  олимону мутахассисон маҷбур ҳастанд барои пайдо кардани як бурда нон  ба хориҷи кишвар бираванд. Онҳоеро, ки дар хориҷа будаанд, баъди  бозгашт ба холи худ намегузоранд.  Ба Хадамоти амнияти миллӣ  ва ё  додситонӣ  даьват намуда,  аз онҳо баёнот мегиранд, ки  бо кадом ташкилотҳо ва созмонҳои тоҷикон хамкорӣ карда,  бо кадом шахсиятҳо мулоқот намудаанд. Шаҳрвандонеро, ки шиносномаашонро тоҷик кардаанд , ба кор намегиранд. Аксарият маҷбуран  боз дар паспорташон худро ӯзбак навишта истодаанд . Вагарна, аз тест намегузаранд. Тоҷиконе, ки  дар  идораҳои  давлатӣ ва маҳаллӣ  кор мекунанд, дар паспорт ӯзбак навишта шудаанд. Онҳо ҳамеша ҷон ба каф  гирифта мегарданд. Метарсанд, ки мабодо аз кор ронда  нашаванд. Панӯзбакҳо  ҳам аз онон  барои пахш кардани ҳуввияту худшиносии  тоҷикон истифода мебаранд. Ин хел шахсон чӣ кадар барои хоҷагони худ хизмат кунанд, ҳамоно  дар пешонаашон тоҷик навиштаанд. Чашми пантуркистҳо  онҳоро хуб мебинад ва мешиносад. Касеро, ки донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм кардааст,  ба кор намегиранд. Инро Хадамоти амнияти миллӣ   зери назорат дорад. Ҳар касеро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ  кардааст, вале зодаи Ӯзбакистон  мебошад,  ғайриқонунӣ  ва бешармона,  ба қайди шаҳрвандӣ  намегиранд. Ин шахсон то ҳоло, пас аз 20-25 сол ҳам наметавонанд, шаҳрвандии Ӯзбакистонро  бигиранд.  Хатмкунандаҳои синфҳои камшумори тоҷикӣ  ҳоло ҳуқуқи имтиҳон супориданро барои дохил шудан ба донишгоҳ ва донишкада надоранд. Чунки тестҳо ба забони тоҷикӣ  нест. Ҳоло дар Ӯзбакистон  таҳсили 10 ва 11-соларо барҳам додаанд. Ба ҷои он донишҷӯ  баьд аз хатми синфи 9 ҳатман бояд ба литсей ва ё коллеҷ равад. Баьди хатми он ба донишгоҳ. Аммо дар Ӯзбакистон литсей ва коллеҷе  ба забони тоҷикӣ  нест. Ҳукумат азми кушодани онҳоро надорад.  Донишҷӯе, ки  9 сол тоҷикӣ хондааст, чӣ тавр дар  2-3 сол забони ӯзбакиро меомӯзад?

Аз ин рӯ, дохил шудани ҷавонони  тоҷик  ба донишгоҳҳо  басо мушкил аст. Чанд  мактабу  синф  ва гуруҳҳои боқимондаи  тоҷикӣ  аз ин мушкилию сарсонӣ дарҳои худро  баста  истодаанд. Падару модарон маҷбуран  фарзандонро ба мактаби ӯзбакӣ  дода истодаанд. Ин амал баробар  бо дасти худаш куштани тоҷик  аст. Пас тоҷикон дар ин гуна шароит чӣ тавр кору зиндагӣ намуда,  илм омӯзанд?!. Ҷавононе, ки бо забони ӯзбакӣ  хондаанд,  шуури худшиносиашон ниҳоят паст аст. Онҳо таьрихи миллати бегонаро меомӯзанд, ҳар рӯз радио ва телевизиони ӯзбакиро мешунаванд,  сурудҳои ӯзбакиро гӯш мекунанд. Пас ин ҷавонон  чӣ тавр худшинос шаванд?  Онҳо чун  шаҳрванди бефарқ, бемиллат ва бетафаккур ба воя мерасанд. Дар мағзи онҳо  ҷуз  фикри  пулёбӣ, зангирӣ, хонасозӣ дигар чизе нест. Бо ин ҳол шояд баьди 15-20 сол миллати  тоҷик тамоман аз байн биравад. Тоҷикон бо маблағи худ дар шаҳри Самарқанд пайкараи 5- метрии асосгузори адабиёти порсу тоҷик Рӯдакии Самарқандиро бо кӯмаки пайкарасоз Шаҳриёр Мухторов  сохта дар Регистон гузошта буданд. Вале соли 2008 хукумат бо далели васеъ  кардани майдон бидуни маслиҳату машварат бо касе,  пайкараи биринҷии  Рӯдакиро канд ва дар як гӯшаи дигари шаҳр нимпайкараи гаҷии ӯро сохта гузошт. Пайкараи биринҷӣ  чӣ  шуд,  ҳеч кас намедонад. Ҳамон сол  шабона нафароне ба хона- музеи падари хештаншиносии миллати тоҷик Садриддин Айнӣ  даромада,  тамоми ашёи онро ба мошин бор намуда,  хостанд бо булдозер музейро вайрон кунанд. Мардуми миллатдӯст нагзоштанд, ки панӯзбакҳо  ин биноро нест кунанд. Вале онҳо тавонистанд нимпайкараи устодро, ки назди бино буд , харобу вайрон созанд. Ин чӣ  ваҳшигарӣ ва бедодгарие буд, ки нисбати тоҷикон раво диданд!?.Ба шаҳрҳои тоҷикнишин махсус ва маҷбуран ӯзбаконро кӯчонда  истодаанд. Ин ба хотири зиёд кардани шумораи онҳост. Бисёр гузару маҳалҳои тоҷикнишинро бо баҳонаи ободӣ ва азнавсозӣ  вайрон карда,  дар ин маҳалҳо боғу гулгашт  барпо менамоянд.  Мардуми шаҳрро маҷбурӣ  ба деҳот кӯчонида истодаанд. Ҳукумати Ӯзбакистон сиёсати тоҷиккушии худро аз Самарканду Бухоро сар кард. Зеро  ин ду шаҳр силсилаҷунбони тамоми тоҷикони Ӯзбакистон ва дунё мебошанд. Дар шаҳру вилояти Бухоро панӯзбакҳо  қариб ба мақсади худ расиданд. Ҳоло дар Бухоро ягон синф ва мактаби тоҷикӣ мавҷуд  нест. Мардум аз тарсу ҳарос дар идораву кӯчаҳо бо забони ӯзбакӣ ҳарф мезананд ва «мо ӯзбек» мегӯянд. Дар Самарқанд, ки донишкадаҳои тоҷикӣ  ин ҷо буд,  ин ҷараён камтар аст. Мардум ҳоло тоҷик будани худро эхсос мекунад ва дар ҳама ҷо тоҷикӣ ҳарф мезанад. Вале  агар сиёсати тоҷикбадбинӣ   идома ёбад, вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти тоҷикнишин ягон-ягон  синфу мактабҳои тоҷикӣ боқӣ мондаанд.  Вале  хонандагони он  баьди хатми мактаб оянда надоранд. Ба забони тоҷикӣ донишгоҳҳо нест. Ҳукумат ҳамаашро баст. Ин  мактабҳо бо хоҳиши худи падару модари талабагон ба ӯзбакӣ мегузарад. Ҳукумат бо як тир ду нишон  мезанад. Зеро чун Самарқанду Бухоро, шаҳрҳои бостонии тоҷикон ва гаҳвораи тамаддуни мо  забону фарҳанги худро гум кунад, дигар маҳалҳои тоҷикнишин худ ба худ нест мешаванд ва мардум ба ӯзбак мубаддал мешавад.  Рафту омад ва робита  бо Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, ки вуҷуд надорад. Зеро  Ӯзбакистон  виза ҷорӣ намуд ва ин ду давлат ҳоло бо ҳам душман мебошанд.  Қатъи робита  зарбаи сахте  барои рушди тоҷикони Ӯзбакистон мебошад.Ҳукумати Тоҷикистон ҳам имконият ва хоҳиши ҳал кардани мушкилоти тоҷикони Ӯзбакистонро  надорад, чунки тавоноии давлат ва мардуми он аз ҷиҳати иктисодиву  фарҳангӣ  маҳдуд аст. Бо ин фаҳмишу давлатдорӣ гумон аст давлати тоҷикон  пеш равад. Зеро  ба ҳеч давлате таьсире расонида наметавонад. Ҳоло тоҷикони ҷуғрофиашон бурунмарзӣ, ки шаҳрванди ҳамин кишвар  мебошанд ва ҳиссаи бузурги  худро барои бунёди ин давлат гузоштаанд,  аз дасти маҳалгароҳо  азият дида, таҳқир мешаванд. Онҳо дар корҳои давлатӣ  тақрибан нестанд . Давлат бояд ин нерӯро ба кор андозад. На барои курсиву мансаб, балки барои миллату давлат. Тоҷикони берунмарзӣ  аз ин корҳо барои миллат шояд дилгарм шаванд. Мардуми тоҷики муқими Ӯзбакистон ҳоло дарк карда истодааст, ки ӯ ба ҳеч кадом давлати ҳамхун даркор нест. Баьзе рӯзноманигору олимон ба тарафи мо санг ҳаво дода , моро «мурдаи сиёсӣ»  эьлон мекунанд. Онҳо  бехабар аз гунохи худу давлаташон ҳастанд, ки кӯшише барои дифоъи мо накардаанд. Даъвоҳои «Самарқанду Бухороро мо ба Точикистон ҳамроҳ мекунем! Иншоллох мегирем!» даъвоҳои хому пуч буда, баръакс ҳоли  тоҷикони Ӯзбакистонро бадтар карда  истодаанд. Давлати Ирон бошад хостори ҳамкорӣ  ва дастгирии миллату давлатҳои  шиамазҳаб  мебошад ва коре барои мададу дастгирии ҳамзабонону ҳамхунони худ намекунад.  Дар Афғонистон бошад  наздик ба 40 сол  боз ҷанг идома дорад ва аҳволи тоҷикон дар он ҷо бисьёр нохуб аст. Вале  ба ҳар ҳол тоҷикони ин кишвар аз ҷиҳати сиёсӣ, забон ва фарҳанг ҳоло имконияти пешрафт доранд. Дар байни онон  як теъдод  сиёсатмадорон, раҳбарон  ва пешвоён ба воя расидаанд, ки метавонанд миллатро аз чанголи душман халос намоянд. Умеди мо аз онҳо хеле калон мебошад. Агар миллати тоҷики Афғонистон аз доираи хурофотӣ  гузашта рӯ  ба тараққиёти замонавӣ  биоварад, ба комёбиҳои калон ноил хоҳад гашт.  Бубинед,  афғонистониҳо беш аз 200 сол ба ин тараф бо хориҷиҳо барои мустақилияту озодии худ мубориза мебаранд…

Мо  ҳарчанд ба чанд давлатҳои демократӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ  муроҷиат кардем, вале  онҳо ба доди мо нарасиданд. Онҳо ононеро  дастгириву тарафдорӣ  мекунанд, ки аз он ҷо пул дарёфт карда тавонанд  ё дар он ҷо нафту газ бошад.

Дар оянда тақдири тоҷикони Ӯзбакистон  чӣ мешавад? Он мардуме,  ки ҳазорсолаҳо силсилаҷунбони илму фарҳанг, дину забон ва давлатдории тамоми тоҷикон ва форсизабонҳои олам  буданд,  аз байн меравад?!  Оё парвардигор моро барои ин корамон мебахшида бошад?  Ҳаргиз не!. Пас чӣ бояд кард, то тоҷикони Ӯзбакистон забону фарҳанг ва худшиносии миллии худро аз даст надиҳанд?  Бояд се давлати форсизабон:  Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо дастгирии тоҷикони Ӯзбакистон  ин масъаларо ҷиддӣ баррасӣ намуда, ба   Ӯзбакистон  ва созмонхои байналмилалӣ  муроҷиат намоянд. Онҳо мушкили тоҷикони Ӯзбакистонро бояд ҷиддан  ба баррасӣ бигиранд. Барои ин кор комиссияи махсусе бояд таьсис дода шавад.  Вақти он расидааст, ки тамоми тоҷикони бедордили  тоҷикистонӣ, ӯзбакистонӣ  ё афғонистонӣ   даст  ба дасти ҳам дода,  як созмон, ҷамъият, ҳаракат ё конгресси умумитоҷикиро бунёд намоянд ва ҳаққу ҳуқуқи қонунии  тоҷиконро дар ҳама гӯшаи олам,  аз ҳукуматҳои маҳаллӣ сар карда,  то ба созмонҳои байналмилалӣ  талаб намоянд. Телевизион, радио, рӯзнома ва блоги интернетии худро таъсис  намуда,  ташвиқотро барои бедорӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии  мардум дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ бимонанд. Мо  агар боҳ ҳам муттаҳиду якпорча бошем, метавонем бисёр мушкилоти мавҷудаи миллатамон, аз ҷумла фалокати ба сари мо, тоҷикони Ӯзбакистон омадаро низ ҳаллу фасл карда, онҳоро аз беху бун барканем. Ҷудоӣ ва аз ҳам гусастагӣ барои мо бояд бегона бошад ва ин панди Мавлонои бузургро дар гӯш бигирем:

Ҳар касе аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Бенаво шуд гарчи дорад сад наво.

 

Шумораи мактабҳои тоҷикӣ дар  соли хониши1990-91 дар шаҳру ноҳияхои вилояти  Самарқанд

 

-

Шаҳру ноҳияҳо

Мактаби

пурра  тоҷикӣ

Мактаби

ӯзбакӣ - тоҷикӣ

Мактаби русӣ- тоҷикӣ

Шаҳри Самарқанд

3

10

3

Ноҳияи Самарқанд

25

13

1

Ноҳияи Тайлок

-

2

2

Ноҳияи Ургут

5

1

-

Ноҳияи Нуробод

2

-

-

Ноҳияи Пастдарғам

-

1

-

 

 

Теъдоди мактабҳои тоҷикӣ  дар соли хониши 2008-2009

Шаҳру  ноҳияҳо

Мактаби

комилан тоҷикӣ

Мактаби

ӯзбакӣ- тоҷикӣ

Мактаби

русӣ - тоҷикӣ

Шаҳри Самарканд

-

4

-

Ноҳияи Самарқанд

2

34

1

Ноҳияи Тайлок

-

2

-

Ноҳияи Ургут

-

6

-

Ноҳияи Нуробод

2

-

-

Ноҳияи Пастдарғам

-

2

-

 

Ин омори расида аз  идораи маорифи вилояти Самарқанд аст.  Муқоиса кунед! Фарқ аз замин то осмон аст! Он мактабҳое, ки таҳсилашон ӯзбакӣ  ва тоҷикӣ ҳаст,  2-3 синфи тоҷикӣ  доранд. Шояд  ин рӯзҳо ҳатто ин теъдоди кам  ба ҳоли  нестӣ расида бошад?!.

 

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?