http://tajikam.com

Афғонистон обистани фитнаҳои ҷадид PDF Чоп
Муаллиф: “Озодагон”   
07.05.2018 23:01

Ҳамлаи террористии ахир дар Кобул , ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар, аз ҷумла нуҳ хабарнигор шуд, баёнгари ин муҳимм аст, ки Афғонистон аз субот ва амният фосила дорад.

Бархе коршиносон ба дунболи Збигнеф Бзежинский, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико, бозиҳои геополотикиро ба тахтаи шатранҷ муқоиса мекунанд, аммо дар ин бозӣ нақши муҳраҳоро шахсиятҳои зинда, аҳзоб ва гурўҳҳо ифо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, воқеиёт дар хусуси талошҳо барои истифода аз муҳраҳое, ки ҳомили идеология ва аъмоли террористии хатарнок мебошанд, ҳушдор медиҳад. Ин иддаоро метавон дар мисоли Амрико ва равобити он бо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”(ДОИШ) ба хубӣ дид.
Возеҳ аст, ки ин гурўҳи террористӣ худ ба худ зуҳур накарда ва касе аз он ҳимоят карда то дар Сурия ва Ироқ то ин ҳадд қавӣ шавад.


Дар айни ҳол, равшан аст, ки фаъолияти ДОИШ посухгўйи манофеъи Амрико буд, ки талош ба харҷ медиҳад Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро тибқи хост ва манофеъи худ тағйир диҳад.
Баъд аз шикасти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ террористҳое, ки дар ин манотиқ гирди ҳам омада буданд, маҷбур шуданд амокини ҷадиде барои иқомати худ ҷустуҷў кунанд.
Бо ин ҳол, фармондеҳон ва шибҳинизомиёне, ки таҳти парчам ва шиорҳои опозисиюни Сурия фаъолият мекарданд, тавассути ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз ин манотиқ хориҷ шуданд.
Дар моҳи марти соли 2018 гузорише дар бархе расонаҳо мунташир шуд, ки дар он ба таври возеҳ ва дақиқ ба ҳимоятҳои Амрико аз ДОИШ дар Сурия ишора шуд. Дар ин гузориш ҳамчунин аксе мунташир шуд, ки дар он сарони ин гурўҳи террористӣ, аз ҷумла Абубакр ал-Бағдодӣ  ҳамроҳ бо амрикоиҳо, аз ҷумла сенатор Ҷон Мак Кейн ҳузур доштанд.
Ибтидо масирҳои интиқоли террористҳо равшан набуд, аммо ахиран аз фаъолияти ин гурўҳи террористӣ дар Афғонистон гузоришоте мунташир мешавад.
Бар асоси омор ва назари коршиносон, Амрико дар талош аст пружаи «Толибон»  дар ин кишварро ба «ДОИШ»  тағйир диҳад. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, Амрико бештар ба гурўҳҳои монанди ДОИШ ниёз дорад, зеро барномаҳои ин гурўҳ ба як кишвар маҳдуд намешавад, аммо талошҳои Толибон бештар мутамарказ ба марзҳои Афғонистон аст.
Гурўҳҳои ҷудогонаи “Давлати исломӣ”  дар соли 2015 дар Афғонистон зуҳур карданд ва умдатан муташаккил аз гурўҳҳои маҳаллии афғонистонӣ ва покистониҳои фаъол дар манотиқе буданд, ки аз сўи давлати Кобул  контрол намешуданд.
Аммо дар соли 2017 нируҳои аслии террористҳо ба манотиқи шимоли ин кишвар ва ҳамҷавор бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон муҳоҷират карданд.
Дар ин маврид метавон ба вузўҳ дар хусуси тағйири таркиби қавмии ДОИШ дар Афғонистон ишора кард. Дар суфуфи ин гурўҳи террористӣ намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, кишварҳои арабӣ ва ҳатто аврупоӣ афзоиш ёфтаанд.
Бино бар изҳороти муовини аввали вазири умури хориҷаи Амрико, дар Афғонистон ҳудуди 3 ҳазор доишӣ ҳузур доранд ва бино бар иттилооти манобеъи дигар теъдоди онон 4500 нафар ва то 10000 баровард шудааст.
Интиқоли ин афрод ҳамроҳ бо террористҳои хориҷӣ наметавонист бидуни мушорикат ё бехабарӣ ва бе амали ҳукумати Кобул ва эътилофи низомии таҳти раёсати НАТО ва Амрико сурат гирад.
Ҳамзамон дар Афғонистон дар хусуси парвози чархболҳои бидуни аломат дар фазои манотиқе, ки таҳти контроли террористҳо аст, хабарҳо мунташир мешуд. Дар ниҳоят бозиҳои пушти саҳнаи амрикоиҳо чунон возеҳ шуд, ки ҳатто Ҳомид Карзай,  раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон дар ноябри соли 2017 зимни сўҳбат бо «Берлин зайтунг»  як расонаи олмонӣ таъкид кард, ки фаъолияти ДОИШ дар ин кишвар натиҷаи сиёсати Амрико ва ҳузури ин кишвар дар хоки Афғонистон аст.
Пеш аз ин дар моҳи май ҳамчунин шабакаи телевизионии «Фокс ниюз»  ин гурӯҳи террористиро як пружаи амрикоӣ унвон карда буд.
Шуморе аз нухбагони барҷастаи сиёсӣ низ ба таври мустақим Амрикоро ба кумак ба гурўҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон муттаҳам мекунанд. Барои мисол дар моҳи феврали соли 2018 Ҳоҷӣ Заҳир Қадир, намояндаи парлумони Афғонистон аз вилояти Нангарҳор бори дигар ба таври расмӣ дар хусуси шавоҳиди мавҷуд дар мавриди даст доштани Амрико дар ҳимоят аз ДОИШ иттилоъот мунташир кард.
Дар посух ба ин изҳороти Ҳоҷӣ Заҳир Қадир дигар намояндагони парлумони Афғонистон ба ҷойи мутолиаи ин шавоҳид бо аҷала ӯро мухолиф ва душмани давлат хонданд.
Ҷойи тааҷҷуб нест, ки ин намояндаи парлумони Афғонистон баъд аз изҳороти худ борҳо ва борҳо таҳдид ба қатл аз сўи террористҳои ин гурӯҳи ифротӣ шуд. Изҳороти мушобеҳе ҳамчунин тавассути Ҷовид Кўҳистонӣ, корманди собиқи нируҳои мусаллаҳи Афғонистон ва ҳамчунин Ноҳид Фарид, намояндаи минтақаи Ҳирот, дар хусуси ҳимояти доишиҳо аз сўи мақомоти расмии ин кишвар дар манотиқи Пактиё, Кандаҳор ва Ғӯр пахш шуда буд.
Дар хусуси ҳимояти ошкори Амрико аз ДОИШ ҳамчунин Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангўи Толибон изҳори назар кардааст. Вай боре гуфта буд, ки дар ҷараёни даргирии ахири Толибон бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар яке аз манотиқи Нангарҳор низомиёни амрикоӣ ба ҳимоят аз ДОИШ мавозеъи Толибонро бо ҳавопаймо бомбаборон карданд.

Таҳдиди ДОИШ дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ кишварҳои ҳамсояро нигарон кардааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон низ зимни суханоне дар ин хусус гуфт: нируҳое, ки ДОИШро барои хушунат ва ҷиноят алайҳи мардуми Сурия ва Ироқ эҷод карданд, акнун, баъд аз шикаст дар ин ду кишвар, ба дунболи интиқоли шибҳинизомиёни доишӣ ба Афғонистон мебошанд ва кушторҳои ахир, дар воқеъ, оғози иҷрои ин барномаҳо аст.

Раҳбари Инқилоби исломӣ бо баёни ин, ки ҳадафи Амрико аз ин бесуботиҳо тамдиди ҳузури худ дар минтақа мебошад, амрикоиҳоро далели воқеъии бесуботӣ дар Афғонистон баршумурд.
Дар ҳоли ҳозир Вашингтон бо эҷоди бесуботӣ талош мекунад ҳузури худ дар ин кишварро ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ ва иқтисодӣ, тазмин кунад.
Аммо бо вуҷуди ин иттилоот дар хусуси тақвияти ДОИШ дар Афғонистон, амрикоиҳо, ки масъулияти таъмини амният дар ин кишварро бар ўҳда гирифтаанд, ҳамроҳ бо давлати Кобул саъй доранд дар мавриди маҳдудаи  воқеъии таҳдиди ин гурӯҳи террористӣ, аз ҷумла бо дасткории теъдоди террористҳо, сукут кунанд.
Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз фаъолиятҳои пинҳонии Амрико дар ин кишвар ва нодида гирифтани манофеъи онҳо ибрози нигаронӣ мекунанд.
Бояд ба таври ҷиддӣ нақши сарвисҳои низомӣ ва ба вижа Амрико дар хусуси истифода аз ДОИШ дар Афғонистонро баррасӣ кард.
Амрико саъй дорад бо истифода аз сохторҳои ғайридавлатӣ ва маъмурони махфӣ ҳамкории худ бо терористҳоро пинҳон кунад. Барои мисол, метавон ба Майкл Сэмпл, коршиноси умури Афғонистон ва Покистон ишора кард.
Вай аз соли 2004 то 2007 дар симати муовини намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон фаъолият кардааст. Дар ин давра вай ба интиқоли маболиғе ба террористҳо дар шаҳри Мўсоқалъаи  вилояти Ҳилманд муттаҳам шуда ва тавассути давлати Афғонистон аз ин кишвар ихроҷ шуд.
Майкл Сэмпл дар ҳоли ҳозир низ иртибототи худ бо “Давлати исломӣ”-ро қатъ накарда ва аз шаҳри Карочии  Покистон бо ин гурўҳ дар тамос аст. Ӯ  дар фаъолияти интиқоли шибҳинизомиёни ДОИШ аз Ироқ ва Сурия аз тариқи масирҳои дарёӣ ба шаҳри Карочии Покистон даст дорад.
Бо зуҳури  гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гурўҳҳои террористии “Ҳаракати исломии Ӯзбакистон”, “Ҷамоати Ансоруллаҳ”  (Тоҷикистон), “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”  (Шинҷони Чин) ва теъдоде дигар аз гурўҳҳои терористии камтар шинохташудаи қирғиз ва қазоқ, ки бо раҳбари ДОИШ байъат карданд, фурсатеро барои худнамоӣ ба даст оварданд. Илова бар ин чанд сол қабл мақомоти Афғонистон кампойнеро барои интиқоли нируи кории умдатан муташаккил аз ақвоми пашту ба ҷануб ва шимоли ин кишварро ташкил доданд. Ин амр боиси эътирози мардуми маҳаллӣ ба ҳузури аъзои гурўҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҷонибдорони ДОИШро ба дунбол дошт.
Ба назар мерасад, ки мақомоти расмии Афғонистон ва ҳомиёни хориҷии он ба ҳар баҳонае саъй доранд афроди мавриди ниёзи худро ба шимоли ин кишвар мунтақил кунанд.
Бино бар арзёбии теъдоде аз коршиносон, масири террористҳо дар шимол ба нафъи Кобул ва Амрико аст, зеро мавқеияти ақаллият
ҳои қавмии сокин дар ин манотиқро, ки раҳбарони он Ато Муҳаммади Нури тоҷик, Абдуррашид Дӯстуми  ўзбак ва Муҳаммад Муҳаққиқи ҳазора мебошанд, тазъиф мекунад. Ин амр ҳамчунин дар остонаи интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Афғонистон дар солҳои 2018 – 2019 аз аҳамияти вижае бархурдор мебошад.
Ҳамчунин ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон, ки масъулияти онро гурўҳи террористии ДОИШ бар ўҳда гирифта баёнгари талоши ин гурўҳ барои ҳамла ба ақаллиятҳои қавмӣ дар ин кишвар аст.
Илова бар ҳимоят аз терроризм, дар Афғонистон норизоиятӣ аз фаъолиятҳои низомиёни амрикоӣ рў ба афзоиш аст, зеро мардум борҳо шоҳид буданд, ки таҳти ҳамалоти ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар ин кишвар мардуми бегуноҳи маҳаллӣ кушта шуданд.

Манбаъ:  нашрияи “Озодагон”

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?