http://tajikam.com

Магар Ғанӣ ва Атмар ду бозигар дар нақшҳои ҷудогона барои иҷрои дромаи “Афғоният ва исломият” дар саҳнаи тиётри сиёсати Афғонистон нестанд? PDF Чоп
Муаллиф: Нурмуҳаммад Хуррамӣ   
05.02.2019 13:14

Баргардонанда аз хати форсӣ Насибҷон Амонӣ

Дар робита бо кондид(номзад) шудани Ҳаниф Атмар дар баробари Ашраф Ғанӣ, назарияи мусаллат ин аст, ки номбурда бо ироаи як сиёсати муътадил ва пазируфтани лафзии як силсила рефурмҳо дар сохтори низом ва тааҳҳуд бар мушорикати ақвом дар идораи давлатӣ, мехоҳад орои эътирозӣ ва мухолифини Ғаниро ба худ ҷалб карда, ва то ҳадди мумкин аз рехтани ин оро ба сандуқи дигарон ҷилавгирӣ намуда, роҳро барои бар сари иқтидор омадани дубораи Ғанӣ ҳамвор созад.

Ҳудуди як сол қабл (24 январи соли 2918) лар як муносибате навишта будам:

“Халилзод, Ғанӣ, Карзай,Аҳадӣ,Гулбиддин ва дигароне аз ин қумош ҳама ба сони бозигарони саҳнаи воҳид аз тиётре ҳастанд, ки дар он ҳар як нақши таъиншудаи худро мутобиқ ба сенорёи аз қабл таҳияшуда бо дарназардошти имконот, ҷойгоҳ, тахассус ва муморисати(кордонӣ— аз ин ҷо ва баъд шарҳи баргардонанда Н.А) хеш ба иҷро мегузоранд. Надонистани ин ҳақиқат ба маънии он хоҳад буд, ки мо аз дарк ва таҳлили масоиле марбут ба гузашта, имрӯз ва фардои Афғонистон оҷиз буда ва дар амалкардҳои сиёсии худ ба бероҳа меравем!”

Ҳол агар номи Ҳаниф Атмар дар радифи боло мушаххас нашудааст, хайр. Метавон вайро назар ба мавқеияти кунуниаш дар радифи аввалӣ “ ва дигароне аз ин қумош” қарор дод.

Агар назарияи матраҳшуда дар болоро то майдони корзорҳои интихобот, махсусан интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавсиа бидиҳем, ба хубӣ метавон дарёфт, ки тааддуди(гуногунӣ) кондидон ва ё зоҳиран дар баробари ҳам қарор гирифтани кондидони мансуб ба шовинизми қавмӣ, вуҷуди тафовути назар дар бунёди идеоложики онҳоро, ки ҳамоно паштунизм --паштунволӣ(афғоният) бо истифода аз ислом зери номи “исломият” аст, маънӣ намедиҳад.

Ин ки Ҳаниф Атмар худ эътироф мекунад, ки бо оқои Ашраф Ғанӣ аз лиҳози фикрӣ ва барномавӣ ҳеч ихтилофи назаре надорад ва агар тафовуте назарӣ вуҷуд дорад, дар наҳваи иҷрои ин барномаҳо аст; ин баёни як ҳақиқати рӯшан аст.

Дар робита бо кондид(номзад) шудани Ҳаниф Атмар дар баробари Ашраф Ғанӣ, назарияи мусаллат ин аст, ки номбурда бо ироаи як сиёсати муътадил ва пазируфтани лафзии як силсила рефурмҳо дар сохтори низом ва тааҳҳуд бар мушорикати ақвом дар идораи давлатӣ, мехоҳад орои эътирозӣ ва мухолифини Ғаниро ба худ ҷалб карда, ва то ҳадди мумкин аз рехтани ин оро ба сандуқи дигарон ҷилавгирӣ намуда, роҳро барои бар сари иқтидор омадани дубораи Ғанӣ ҳамвор созад.

Бар иловаи мавриди фавқ, банда мехоҳам таваҷҷуҳи дӯстонро бар яке ду нуктаи дигар ҷалб намоям:

  1. Истифода аз раванди аввали интихобот ба ҳайси интихоботи муқаддамотӣ

Тавре ки гуфтем, кондидони марбут ба хостгоҳи шовинизми қавмӣ бо ҳифзи тавофуқи назар дар масоили ом, аз ҷумла, ҳифзу истеҳкоми(устувории) ҳокимияти инҳисории қавмии марбут ба худашон, сохтани миллат- давлати “афғонӣ” бо таҳмили ҳувияти қавмии “афғон” минҳайси ҳувияти миллӣ таҳти шиори “исломият- афғоният” аз хутути қирмизи ҳамаашон аст. Дар шеваи татбиқи ин барномаҳо тафовути назарҳое миёнашон вуҷуд дорад.

Барои маълум намудани сатҳи тарафдорӣ аз ин шеваҳои кор ва ҳамчунон иқнои(қаноати) ҷоҳталабиҳои шахсӣ ва сиёсии кондидонашон, утоқи фикри шовинистӣ ширкати бидуни монеъи кондидони марбут ба худро дар раванди аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ минҳайси “Интихоботи муқаддимотӣ” таҷвиз мекунад. Тавре ки медонем, интихоботи муқаддимотӣ, масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои гузиниши як кондид аз миёни умедворони кондидутурӣ аз як ҳизб дар миёни аъзо ва ҳаводорони ҳизби муайян дар иёлоти мухталифи Амрико доир мегардад.

Бояд гуфт, ки дар ҳамин мавриди хос паштунистҳо дар миёни худ билнисбаи(нисбатан) демокротик амал мекунанд. Албатта, ин танҳо махсус ба шовинизми афғонӣ нест. Режими опортеиди Африқои ҷанубӣ барои интихоби раҳбарии режими нажодпараст аз миёни ақалияти сафедпӯст барои ҳукумат кардан бар болои аксарияти сиёҳпӯст аз шеваҳои демокротик истифода мекард ва чунин мекунад режими сиёнистӣ дар Исроил.

2—Плони В(доштани ҷойгузин дар сурати нокомии Ғанӣ)

Далели дигари кондид сохтани Атмар аз тарафи аркони шовинизм ҳамоно дарназардошти плони В дар баробари нокомии қобили пешбинии Ғанӣ аст. Онҳо бо мушоҳидаи тахриби тамоми пули уқбӣ(охирин) бо ақвоми ғайри паштун ва паштунҳои дуронӣ тавассути Ғанӣ тасаввур мекунанд, ки номбурда ҳеч гуна ҳимояте дар миёни ин ақвом надорад. Онҳо медонанд, ки Ғанӣ бо сиёсати урёни тоҷикситезӣ ва тоҷикзудоӣ кӯшиши машҳуд(ошкоро) дар ҷиҳати масхи ҳувият, тоърих, фарҳанг ва забони ин бузургтарин миллияти Афғонистон ва талош барои таҷзияи онҳо ба зӯри маҷмуъаҳои маснӯъӣ ва ҳамчунон таҳқир ва тавҳини шахсиятҳои мансуб ба ин қавм, ҳамчун канор задани таҳқиромези Аҳмад Зиё Масъуд, ҳеч гуна ҷойгоҳе дар миёни ин миллият надошта ва барои як тоҷик шармовар ва нангофарин хоҳад буд, ки ройи худро ба сандуқи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бирезад.

Бояд гуфт, ки қазовати шовинистҳои паштун дар ин гуна маворид мутобиқ ба меъёрҳои арзишии худашон аст.

Барои як теъдод тоҷикон сабукдӯшии ончунонии Аҳмад Зиё ҷазои амали худаш ба ҳисоб омада мегӯянд, ки “Аҳмад Зиё Масъуд чаро бо шахсе ҳамчун Ғанӣ пайваст?” Вале назди паштунҳо ингуна таҳқиру тавҳин ба маҷмӯи қавмашон ба ҳисоб меравад. Паштунҳо ихлоли(халалдор кардани) суҳбати Ҳомид Карзай дар маҳфили ёдбуд аз шаҳодати устод Раббонӣ тавассути чанд ҷавонро тавҳин ба худ ба ҳисоб оварда, дар баробари он аксуламали саросарӣ нишон доданд, ки мо ҳама шоҳиди он будем!

Ба ҳамин тартиб, он чи Ғанӣ дар баробари ӯзбакҳо, бахусус ҷенерол Дӯстум анҷом дод, қатлу куштори ҳадафмандонаи ҳазораҳо ва ба ҳошия рондани дурониҳо, пойгоҳе барои Ашраф Ғанӣ дар миёни ин ақвом ба ҷо намегузорад. Шовинистҳои тундрав ташвиш аз он доранд, ки мабодо бо нокомии Ғанӣ ба наҳве, ки ҳеч тақаллубе ҳам ҷилави онро гирифта натавонад, ҳама дастовардҳо аз барои оидаи(бозгардонидани) ҳокимияти инҳисории қавмии онҳо, ки ба қимати тахриб ва барбодии кишвар ва вобастагии он ба бегонаҳо, куштор ва овора шудани миллионҳо инсони ин сарзамин ба дасташон омадааст, барбод равад.

Онҳо тасаввур мекунанд, ки дар роъси давлат қарор гирифтани як унсури зиддитолибон ва ё ҳатто як паштуни дорои вусъати назар ва мулҳам(илҳомгирифта, обхӯрда) аз фарҳанги шаҳри Кобул, онҳо дар мавқеияти бисёр номусоиде қарор хоҳанд гирифт. Бад- ин лиҳоз метавон чунин натиҷа гирифт, ки бо ба саҳна овардани Ҳаниф Атмар зери шиори “Ваҳдати миллӣ” ислоҳоти нисбӣ дар низом ва нақди сарпӯшида аз баъзе коркардҳои Ғанӣ, мехоҳанд ҷилави шикасти қатъиашонро дар баробари рақибон тавассути Атмар, ин мори ҳафтсар, бигиранд.

Дар поён бояд гуфт, ки то ҳанӯз рӯшан нест, ки воқиан ин интихобот барпо шуданӣ аст ё хайр. Ва агар барпо ҳам шавад, ҳукумате, ки дар натиҷаи он ба вуҷуд меояд, кадом нақши чашмгире дар пурӯсаи ояндаи ҷанг ва сулҳ дар кишвар хоҳад дошт.

Қадри мусаллам(баёни возеҳ) ин аст, ки он чи тағйир ёфтанӣ нест, мавзеъ ва мавқифи шовинистҳои қавмӣ дар қиболи масоили имрӯз ва фардои кишвар аст ва он дар даст доштани абади ҳокимияти инҳисорӣ муттакӣ бар конфедеросиюни қабоил дар Афғонистон аст. Муҳим нест, ки дар раъси(сарварии) он конфедеросиюн Ғанӣ Аҳмадзай бошад, Ҳаниф Атмар бошад, Гулбиддин Ҳикматёр бошад, Карзай бошад ва ё “Мишри(сарвари) мулло”-и Толибон???

Шумо чӣ фикр мекунед?

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?