http://tajikam.com

Нолае дар сӯги устод Раббонй PDF Чоп
Муаллиф: Аъзам Хучаста   
05.10.2011 23:49

 


 

Оҳ аз ин гардиши чархи фалак

Мезанад ҳар дам ба захми мо намак

Оҳ аз тарфанди ин айёши пир

Менагардад аз хуни точик сер

Шаҳри Кобул ғарқ дар мотам шуда

Қалби ҳар точик асири ғам шуда

 

Эй дареғ аз бахти шури миллато

Бор Илаҳ, аз мо бигир ин иллато!

Чавҳари моро ту бар мо ру намо

Фитрати моро бино кун, эй Худо!

Шахсият бахшу маҳалбозй бигир,

Ин ҳама чурму дағалбозй бигир.

Мо агар озодаем, озодагон

Аз чй дар банду залилу нотавон?

Марги Рабонй фақат як марг нест

Анчаре* орй зи шоху барг нест.

Решаи терорҳо дар об ҳаст

Сад дареғо халқи ман дар хоб ҳаст

Точико, айёми бедорй расид

Субҳи растохези бедорй дамид!

Бояд акнун мо ҳама якчо шавем

З-ин ҳама "ман"-ҳо раҳему "МО" шавем

------

Анчар дарахти наҳс ва заҳрогин*

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?