http://tajikam.com

Баъди марги Бурҳониддин Раббонӣ PDF Чоп
Муаллиф: Маликнеъмат Неъматов   
05.10.2011 23:53

 


Эй миллати ман, сиришк то кай резӣ,

Вақт аст, ки бо ҷўши замон омезӣ.

Шуд лаҳзаи он, ки хешро бишносӣ,

Эй шер, чаро ба ин сагон настезӣ?

Нон аз даҳану зи ҷўй обат бурданд,

То кай ба хамўшӣ обрў мерезӣ?

Дар Русия рўсиёҳ гаштиву чаро,

Бо ҳамнафасони хештан н-омезӣ?

 

Дар Афғонистон фиғони тоҷик болост,

Кай хоки адуи хешро мебезӣ?

Эрон бикушодааст сўят оғўш,

Баргўй маро, аз ў чаро бигрезӣ?

Душман ба шикори тоҷикон хестааст,

Тоҷик, ба шикори душманон кай хезӣ?

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?