http://tajikam.com

Таърих
Вазифаи хонагӣ барои Эрон,Афгонистон ва Бухоро PDF Чоп
Муаллиф: Таҳияи Ибодуллоҳи Оқилпур   
30.01.2013 23:00

Бознашр аз торнамои “Миллат”
Бояд дар назар гирифт, ки чун баъд аз инқилоб масъалаи аз байн бурдани қавми тоҷик ва забону фарҳанги он матраҳ буд, душманони мо мекӯшиданд, ки ба ҳар роҳу тариқ Иронро дар назари мардуми бесаводу мазлуми тоҷик бадном кунанд ва муқассир ҷилва диҳанд. Олимони рус ва сарсупурдагони тоҷик мазбӯҳона саъй мекарданд собит кунанд, ки забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ забонҳои мустақиланд ва ҳеҷ ваҷҳи муштараке бо ҳам надоранд. Муваррихини тоҷик ва шӯравӣ шоҳони қадими Иронро истилогару ғосиб ва тоҷиконро мазлуму ҷабрдида тасвир мекарданд. (Қиссаи корнамоии Шерак алайҳи Доро). Дар адабиёт ҳатто то замонҳои ахир донишмандони саршиноси тоҷик дар мавриди тааллуқоти ин ё он шоиру нависанда дар байни Ирон ва Тоҷикистон ба баҳс мепардохтанд. Барои тоҷикони Афғонистон ҳеҷ ҳаққе барои доштани шоир ва ё нависанда қоил набуданд. Ин ҳама таблиғоти душманона наметавонист дар рӯҳу мағзи чанд насли тоҷик беасар бошад.

Идома...
 
Аз Самарқандем мо PDF Чоп
Муаллиф: Зафар Мирзоён   
06.09.2012 01:51

Бознашр аз торнамои "Тоjnews"

То рӯзгори муқовиматҳои Аҳмадшоҳи Масъуд , бар зидди лашкариёни шӯравӣ ва толибони зодаи Покистон, аз торихи мардуми Даҳбеди Самарқанд, ки бошандагони навоҳии Панҷшери Афғонистони имрӯзин аждодони худро зодаи он ҷо медонанд, на ҳама огоҳӣ доштанд. Инҷониб ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми дар шаҳри Мазори Шариф якуним сол маъмурият доштанам, аз гуфтори коргарони панҷшерӣ шунида будам, ки ниёкони хешро аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд мегумориданд. Пас аз бозгашти Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба номи «Даҳбед» дарёфтам, ки мардуми деҳоти Туда ва Қаратоғи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Лангари Сангвор, деҳоти Сари Пул, Сангдара, Зелолак, Сияҳфарк (қадобаи Яхсӯ – Бахшу), Баландсари ноҳияи Ховалинг, деҳаи Дуоби ноҳияи Мӯъминобод ва бахше аз мардуми Масчоҳ аждодони хешро зодагони Даҳбеди Самарқанд медонанд.

Ин мардум бо қомати баланд, чеҳраи ориёӣ ва ғайрату ғурури вижаи худ аз дигарон тафовут доштанд. Аз пирсолон шунида будем, ки зулмпешагони манғитӣ сад нафар саркашони сарбаланди дараи Яхсӯйро, ки дар кони тиллои Шукнов кор мекарданд, бо дасту пои баста, зинда миёни деворҳо гузошта, бо гилу лой пӯшонданд, вале ғурури он мардумро шикаста натавонистанд...

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?