http://tajikam.com

Сиёсӣ
Посух ба президент: Бояд аз тоҷикон дифоъ кард, на аз Карзай PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ, Алма-ато   
02.04.2014 20:42

Бознашр аз торнамои "Озодагон"
Суханони сарвари давлатамон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чӣ андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд. Агар онҳо аз сиёсатҳои дирӯзаву имрӯзии ин кишвари ҳамсояамон огоҳ мебуданд ва бо чашми сар манфиатҳои тоҷикони ин кишвар ва рушди демократияро мехостанд, ба ҳеч ваҷҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул чунин сухан намегуфт. Зеро ҳукумати Карзай бо тамоми нерӯ мехоҳад, ки дар интихоботи дарпешистода нозирони байналмилалӣ дар Комиссиюни марказии интихобот ва ҳавзаҳо ширкат накунанд ва натиҷаи интихоботро бо ёрии бародаронаш, ки бештарашон аз қавми паштун ҳастанду дастнишондаи Карзайанд, бо роҳи тақаллуб ба фоидаи худ ҳал кунанд.

Идома...
 
Агар тоҷик ҳастӣ, аз Ашраф Ғанӣ тарафдорӣ накун! PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
02.04.2014 20:32

 

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com)

Гапи интихобот аст ва инки кадом номзади раёсати ҷумҳурӣ беҳтар аз дигаре мебошад.

Ман ба мардуми дигар кору ғараз надорам. Паштун худаш медонаду кораш, ӯзбак ва ҳазора ҳам худашон медонанд, ки ба кадом номзад рой медиҳанд. Аммо чун барои ман коркарди тоҷикҳоям арзиш дорад ва ба худ ҳақ медиҳам, ки фикру назарамро бо ҳамтаборони худам дар миён бигзорам, мегӯям, ки:
Бародару хоҳари гиромӣ, тоҷики азиз! Агар тоҷик ҳастӣ ва намехоҳӣ, ки душмани забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсониат бар ту чира гардад, ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки як фошисти қабилапараст ва бисёр мутаассиб аст, рой надеҳ ва аз ӯ тарафдорӣ накун!

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?