http://tajikam.com

Сиёсӣ
Шутурҳоятонро аз шиносномаҳои мо берун кунед! PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
29.01.2014 22:58

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон”( http://www.tajikmedia.com/)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Ин ки калимаи “афғон” аз шиноснома зудуда шуд, як пирӯзии бисёр бузург барои ҳама касоне аст, ки ба хотири дур андохтани номи авғон аз шиносномаҳои нав, мубориза карданд ва як зарбаи корӣ ва кушанда аст ба ҳама фошистҳои авғон, ки мехостанд ба ҳар қимате, ки шуда номи ҷаълӣ ва таҳмилии “авғон”-ро ҳувияти ҳама бошандагони кишвари мо созанд. Растохези шонздаҳуми озари(қавс) соли 1392 дар пок сохтани лаккаи нангини номи “авғон” аз ҷабини шиносномаҳои нав нақши бисёр асосӣ ва таъинкунанда дошт. Дар он рӯз, барои нахустин бор дар таърихи хунини дусаду шасту чандсолаи Авғонистон панҷ ҳазор нафар, ки бештарашон ҷавонони далери тоҷик буданд, ба хиёбонҳо рехтанд ва фарёд заданд, ки “Мо афғон нестем!”

Идома...
 
ОДАМ ЧӢ ТАВР БА ЧАЛА ТАБДИЛ МЕЁБАД? PDF Чоп
Муаллиф: ТЕМУР ПӯЛОДОВ   
28.01.2014 23:58

Бознашр аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», №1, 3 январи соли 2014, тарҷумаи Маҳмадшарифи РУСТАМ

...Кӯчаву майдони Бухоро, хонаи падар, забони модарии тоҷикӣ, рафиқони мактабӣ ва донишгоҳиро, ки симои бисёрашонро дар асарҳоям офаридаам, ёд кардаам. Мехоҳам, аз пояи Манори Калон, майдони Регистон, Арки амир, ки дар он на танҳо ҳокимони бегонаи манғит, балки шаҳаншоҳи тоҷикон Исмоили Сомонӣ зиндагӣ кардааст, гузар кунам. Остонаи мақбараи шоҳи бузурги халқи тоҷикро бибӯсам. Аз дил мегузарондам, ки ин дафъа ба Исмоили Сомонӣ чӣ дархост мекарда бошам, вақте ки номаамро ба сӯрохии тани мақбара мегузорам? (Аз қадимулайём мардуми Бухоро одати хубе доранд нияту хоҳишҳояшонро ба коғазе навишта ба сӯрохии паҳлӯи мақбараи Исмоили Сомонӣ мегузоранд-мутарҷим). Бухороиҳо ҳазорсолаҳо чунин мекунанд. Дар пеши назари худам модарамро барои надонистани забони ӯзбекӣ аз вазифаи мудири кӯдакистон озод намуданд...

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?