http://tajikam.com

Сиёсӣ
Бегумон доктор Абдуллоҳ пирӯз аст! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
18.04.2014 10:05

 

Иттилоъҳо ба мо бовар мебахшанд…

Ба гунае ки медонед, Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон то имрӯз танҳо 10 дарсади орои мардумро дар 26 вилоят баршуморида, муайян кард, ки доктор Абдуллоҳ бо соҳиб шудан ба 41, 9 дарсади рой дар сафи пеш аст ва доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо 37,6 дарсад ройи ин 10 дарсадӣ дар ҷойи дуюм аст. Залмай Расул 9 дарсад ва Абдурраб Расул Сайёф беш аз 5 дарсад рой гирифтаанд. Орои 4 номзади дигар хеле кам аст. Вале ҳам дар Афғонистон ва ҳам берун аз он огоҳони масоили ин кишвар ва масоили интихобот бар инанд, ки доктор Абдуллоҳ дар маҷмуъ беш аз 58 дарсад ройро ба даст оварда, тақрибан пирӯз гардидааст ва танҳо ин кор мондааст, ки Комиссиюни интихобот ин иттилоъро расман таъйид намояд.

Идома...
 
Доктор Абдуллоҳ баранда аст! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
07.04.2014 17:05

Чанд лаҳза пеш ҷадвале тавассути Комиссиюни мустақили интихобот дар дастраси расонаҳо қарор гирифт, ки он бидуни ягон шакку шубҳа дар интихоботи сеюми раёсати ҷумҳурӣ баранда будани доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳро собит месозад. Дар ин ҷадвал омадааст, ки аз ҷумлаи беш аз 8 миллион интихобкунанда, ки дар интихобот ширкат кардаанд, 4.622. 526 нафарашон ба доктор Абдулло рой додаанд, ки ин баробар ба 57,13% аст. Ӯ дар 24 вилояти кишвар Кобул, Парвон, Бағлон, Дойкундӣ, Бадахшон, Панҷшир, Кундуз, Тахор, Самангон, Балх, Лағмон, Лӯгар, Нимрӯз, Зобул, Бомиён, Ғазнӣ, Нуристон, Ҳирот, Фароҳ, Бодғис, Ғӯр, Сарипул, Вардак, Кописо ройи баландро ба даст овард.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?