Худо ёрат, Боғшоҳи азиз! Чоп
Муаллиф: Сафар Абдулло   
10.02.2014 21:16

Боғшоҳӯсти азизам,он шаб ки шунидам барои ҳамеша аз пеши мо рафтаӣ,он лаҳза,ки дарёфтам ғазали бидрудро сурудайӣ,ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифт ва ангор ,ки роҳи зиндагӣ барои мо мисли мӯ борик шуд ва ту рафтию кулабори сафаратро басти,рафтию ъаҳду вафоятро шикастӣ ,магар қарор набуд,ҳамроҳ биравем ва ба тоҷикони Чин сар бизанем,ки онҳо бо виқор худро тоҷик мегӯянд,вале ағлаб ба забони ширини ту ,ба вахонӣ сӯҳбат мекунанд ,ба ҳамон забоне,ки бароям «даргилик» мехондӣ,ёд дорӣ? Дигар, ки барои ману амсоли ман дардмандони ъошиқ,ошиқони меҳанамон ва фарҳангамон ва таърихамон, «даргилик» мехонад ва аз зебогиҳои лаҳҷаи вохонӣ сухан мегӯяд?

 

 

Дида гӯ ашки надомат шаву берун фармо,
Дидани дида ч
ӣ кор оядам аз дӯст,ҷудо
Авази Юсуфи гумгашта чу ихвон бинед,
Дида хуб аст ба шарте ки бувад нобино.
Гарчи донам ки намеёбамаш эй мардуми чашм,
Бош бо ашки ману р
ӯйи замин мепаймо.
Дар
қиёмат магарам боз бубинам ки фитод,
Дар миён фосила моро з
ӣ бақо то ба фано…

Ва
қте хабари марги дӯсти азизам Боғшоҳи Лашкарбек ба ман расид,иттифоқан таркиббандҳои Ваҳшии Бофқиро мехондам,ки сатрҳои боло аз он ҷост ва ҳолати маро посухгӯ буд ва ба худ мегуфтам,Оҳӣ ҷонсӯз ва чи ваҳшатбор аст,намехоҳам ,намеояд маро бовар , (ин мазмуни байте аст аз шеъре ки устод Маҳдии Ахавони Солис дар марги Фурӯғ навишта буд ) ва ин васфулҳолест аз дӯстону ёрони Боғшоҳ Лашкарбеков,забоншиноси номии тоҷик,ки дирӯз ҷони ширин ба падар барсупурд ва қарор аст пасфардо колбади тира ба модар биспорад ,ва ростӣ душвор аст бовар кардани ин нукта ки ӯ дигар дар миёни мо нест.Он марди хушгилу нуронӣ бо чеҳраи ҷаззобу лабхандҳои ширинаш,ки дӯстонро ба ваҷд меовард ,ин ҷаҳонро бидруд гуфт. Боғшоҳе,ки ҳамеша мекӯшид,то бо шӯхиҳои дилангезу ҳикоёти пурмуҳтавояш,бо андешаҳои ъилмӣ ва ёддоштҳои даврони ҷавонӣ, моро саргарм бикунад ва дар диламон умед ва орзуҳоро дубора эҳё кунад.Во дареғо! …андуҳноктару ғамангезтар аз ҳама ин аст,ки дигар дар миёни хонаводааш нест,то гармобахши вуҷуди фарзандону бастагонаш бошад. Чӣ дарди сангинест,ки шояд ӯ аз оғози зиндагии хокиаш ,ба сахтиҳо рӯ ба рӯ шуда буд. Охир, ӯ аз навозишҳои падар низ маҳрум буд . Ҳанӯз кудак буд ,ки падарашро аз даст дод. Тамоми бори сангини зиндагӣ бар дӯши модари бечора буд. Модар буд,ки Боғшоҳро бо меҳри дучанд тарбият намуд ва ҳам нақши падар ва ҳам модарро бозид . Модари зор ,умедвор буду дуъо мекард ,ки писараш умри дароз бинад ва умри падарашро,ки Худованд ӯро аз ҳузури эшон , хеле зуд ба суйи худ хонда буд,ба писараш диҳад,то писар умри тӯлонӣ бубинад. Аммо дареғу дард,ки гоҳо осмон гӯё кар мешав ва нолаҳои зори модаронро намешунавад. … Инак боз бо камоли нобоварӣ ва буҳту ҳайрат ,азизеро аз даст додем,ки ин ъазиз умреро ба мутолиъа ва пажӯҳиш бахшида буд ва умедвор буд, ва мо дӯстонаш ҳам умедвор будем,ки боз корҳои муҳими ъилмиро дар заминаи мутолиъаи забонҳои эрони анҷом хоҳад дод. Аз марги мардумшиноси маъруфи тоҷик професор ,Раҳмат Раҳимуф,ки тамоми ъумр бо мутолиъаи таърих ,қавмшиносӣ ва мардумшиносии миллати мо машғул буд,вақти зиёде нагузашта аст.Ва инак боз аз Руссия хабари марги як фарзонаи дигар ба гӯши ҷони мо расид ва вуҷуди моро ба ларза овард.Ин бор Боғшоҳи азиз,ки ҳанӯз ҳама корҳои муҳимаш дар пеш буд,Боғшоҳе,ки метавонист боз солҳо ба пажӯҳишу омӯзиш бипардозад ва дареғо , дар ҳоле ҷон ба Ҷонофарин дод,ки донишҳои лозимаро фаро гирифта буд,ва бояд солҳои зиёд ба кору пайкор машғул мешуд. Устод Дмитрий Лихачев боре,гуфта буд,ки дар қиёси ъолимони бахши ъулуми табии,донишмандони ъулуми инсонӣ, аз ҷумла адабиётшинос,бояд шаст сол мутолиъа кунад,то тавонад ҳарфи тозае дар ъилм бигӯяд,зеро матолибе,ки бояд мутолиъа шавад,ҳазорҳо ҷилд аст,ва дар нисбати коре,ки ъуламоӣ табиатшиносӣ дар озмоишгоҳҳо анҷом медиҳанд,ба маротиб сангинтар аст… Медонем,ки дар кишвари мо касе ба ин андешаи пурҳикмат гӯш фаро намедиҳад ва бисёре ба ҷойи он ки ъилмро фаро бигиранду аз донишҳои лозима бархурдор шаванд, талош мекунанд,ки бо ҳар роҳе ба ҷои дониш ,унвон бигиранд ,ва ҳарчӣ зудтар узви окодемӣ шаванд,хусусан ,ки бо меъёрҳои аҷибу ғарибе мегуфтаанд,ки бояд ҷавонон узв шаванд,ва дар натиҷа ба ҷойи устодон ва донишмандони воқеъӣ ,шогирдони эшон,ки ҳанӯз андишиданро ёд нагирифтаанд,соҳибунвон мешаванд ва аз мазоёте бархурдор ,ва онҳо ҷавонмард ҳам нестанд,ки бигӯянд ,фалон устодони ман, аз ман арзандатар ҳастанд. Ва бо ин андакмоягӣ иддаъо ҳам мекунанд ва авомро гӯл мезананд,ки ъолим ҳастанд… Худо эшонро бибахшед…Ҳадаф аз овардани ин нукта ин буд,ки бигӯям,Боғшоҳ чунин набуд, ҳаргиз дунболи унвони ъилмӣ набуд,дунболи ъилм буд ! Талош мекард,ки бо дониши воқеъӣ худро мусаллаҳ кунад ва бовар дошт,ки дар ъилм бояд ҳарфи тоза гуфт,на такрори андешаҳои дигарон ва бояд манбаъ хонд,на иқтибоси натиҷагирии дигарон! Ин буд,ки солҳоро барои омухтану андӯхтан сипарӣ кард ва ҳам акнун дар остонии дифоъ аз поённомаи докториаш, буд,ки дӯстонаш талқин мекарданд,ки ин кор бояд анҷом бишавад,ҳарчанд кори бемаъност ! Бузургони гузаштаи мо,ъолимони воқеъӣ буданд,ки унвон надоштанд! Вале ҳоло ман вақте дар бораи дӯсти азизам,Боғшоҳ андеша мекунам, беихтиёр ин нуктаро такрор мекунам,ки борҳо гуфтаанду мегӯем,ки «мурда он аст,ки номаш ба накӯйӣ,набаранд!» Бовар дорам, ҳар ки Боғшоҳро аз наздик мешинохт ҳаргиз ӯро фаромӯш намекунад.Инсоне нармгуфтор ва нармрафтор ,шакебо ба ҳар коре ,ва бисёр дӯстдоштанӣ. Агар кореро бар дӯш мегирифт,талош мекард,бисёр бо диққат ва дақиқ анҷом диҳад.Ва то замоне,ки ӯ дар ёди мост,ӯ бо мост. Ба вежа бо навиштаҳояш.
Бо
ғшоҳ бо осори арзишманде,ки дар ъилм ба мерос гузошт,бетардид номи худро ҷовидонӣ кард ва барои ҳамеша дар таърихи ъилм хоҳад монд ва агар баъди садсолаҳо низ муҳақиқони ростин ба пажӯҳиши забонҳои эронӣ машғул шаванд,наметавонанд осори гаронсанги ӯро нодида бигиранд. Дар миёни осори ӯ ,корҳои зайл қобили ёдоварӣ мебошад: Китоби « Забони вахонӣ»,ки ӯ бо ҳамкории забоншиноси маъруфи рус ,Татьяна Пахалина навишта аст. Ин китоб соли 2000 ум,дар силсилаи пажӯҳишҳои бисёрҷилдаи институи забоншиносии Окодемии Ъулуми Русия чун ҷилди сеюми «Забонҳои Эронӣ», дар Маскав ба чоп расид .Ҳамчунин китоби дастаҷамъии «Основы иранского языкознания. Среднеиранские и новоиранские языки. М., 2008.бо ҳамкории Ефимов В.А.ва. Молчанова Е.К . ки аз пажӯҳишҳои ҷиддӣ мебошад. Аз корҳои дигари ӯ метавон аз фасли «Забони ванҷии бостон» ёдовар шуд,ки он дар китоби дастаҷамъии « Основы иранского языкознания. Среднеиранские и новоиранские языки [Текст] Ефимов В.А. и др. Коллективная монография / Под ред. М. Н. Боголюбова. М.: Восточная литература, 2008. C. 61-109, ба чоп расида аст.Ва ҳамчуни китоби. Дигари ӯ,Русско-таджикский разговорник. (Сведения о Таджикистане, грамматический очерк, диалог). М, 2011, мебошад,ки ин китоб ёвари тоҷикони овораю сарсонест,ки ҳанӯз забони русиро наомухта барои ба даст овардани қути лоямут дар Русия паноҳ бурдаанду бояд роҳашонро пайдо бикунанд.мебошад.
Бо
ғшоҳӯсти азизам,он шаб ки шунидам барои ҳамеша аз пеши мо рафтаӣ,он лаҳза,ки дарёфтам ғазали бидрудро сурудайӣ,ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифт ва ангор ,ки роҳи зиндагӣ барои мо мисли мӯ борик шуд ва ту рафтию кулабори сафаратро басти,рафтию ъаҳду вафоятро шикастӣ ,магар қарор набуд,ҳамроҳ биравем ва ба тоҷикони Чин сар бизанем,ки онҳо бо виқор худро тоҷик мегӯянд,вале ағлаб ба забони ширини ту ,ба вахонӣ сӯҳбат мекунанд ,ба ҳамон забоне,ки бароям «даргилик» мехондӣ,ёд дорӣ? Дигар, ки барои ману амсоли ман дардмандони ъошиқ,ошиқони меҳанамон ва фарҳангамон ва таърихамон, «даргилик» мехонад ва аз зебогиҳои лаҳҷаи вохонӣ сухан мегӯяд?.Ин чӣ расми вафост,эй бовиқортарин дӯст? , Магар ваъда надода будӣ ки дубора ба Олмотӣ меойӣ ва ҳамроҳ ба Чин мервем.Ғамҳои ғарибию танҳоиям,бо рафтанат эй дӯст авҷ гирифт.Зиндагӣ дар талотуми хабари рафтанат шакли як мавҷ гирифт….дареғо,ки ҳама мо ғарибон ,ягон ягон ,меравем,вале гӯши фалаки ҷомакабуд кар ва дар меҳани мо касе ба ёди фарзандони парешон ва ъошиқони меҳан нест ва касе намедонад,ки чӣ касонеро мо аз даст медиҳам ва бисёр ба осонӣ фаромӯшашон мекунем!.Магар ту набудӣ ки солҳо дар Ленинграду Маскав ва шаҳрҳои дигар дониш андӯхтӣ,ки баргардӣ ва ба меҳанамон хидмат бикунӣ?! Вале дидӣ,ки туфон бо мо чиҳо кард?! Хуб шуд,ки он рӯзҳо аз кишвар рафтӣ ва ҷон ба саломат бурдӣ,варна бо он ки ҳеч гуноҳе надоштӣ,ҷуғрофиёи зиндагиат кофӣ буд,ки ваҳшиёне мисли даҳҳо тани дигар мову туро ҳам, бикушанд! Азизам,Боғшоҳ медонам,ки чӣ қадар дилат ба ин миллати бечора ва овораи тоҷик месӯхт ,чӣ қадар ту зодгоҳатро дӯст медоштӣӣ қадар барои омӯзиш ва мутолиъаи забонҳои эронӣ ва ба вежа забонҳои помирӣ талош мекардӣ,солҳо бо диққати тамом ба вожашиносии забони модариат ,вахонӣ,машғул будӣ ва мехостӣ поённомаи докторӣ бинвисӣ,балки бинвишта будӣ мехостӣ дифоъ куни, вале дареғу дард,ки ин орзӯ ъамалӣ нашуд.Дар ин муддат барои маҷмӯъаҳои ъилмӣ даҳҳо мақола дар бораи вежагиҳои забони вахонӣ ва таҳаввули иҷтимоъӣ дар ин забон ба чоп расондӣ. Намехом ин ҷо мақолотатро ном ба ном биёрам ,хеле зиёд аст ва мутахассисон медонанд. Медонистам,ки аз ҳуқуқи тоҷикони русия дифоъ мекардӣ,туро ҳамчун яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар мешинохтанд.Бо марги ту тоҷикони овора боз як ҳомии тавонои худро аз даст доданд.
Ба
ҳамватанони ниёзмандамон,ки дар Русия паноҳгоҳ ёфтаанд,борҳо дасти ёрӣ дароз кардаӣ. Талош мекардӣ ки фарзандони оворагони тоҷик дарс бихонанд ва бесавод намонанд. Чаҳор фарзанди худатро тарбият кардӣ ва савод омӯхтӣ. Мегуфтӣ,кишварамон ба фарзандони босавод эҳтиёҷ дорад. Ту бо рафтору кирдори хеш дар дили ҳазорон ҷой гирифтӣ.Имрӯз,ки ба Маскав ба бархе аз дӯстони муштаракамон телефон кардам,то сабаби маргитуро муфассалтар бидонам,аз пушти хати телефон садои гиря меомад ва бо ҳар касе,ки занг мезадам бо гиря посух мегуфтанд.Мегӯянд,ки аз ҷарроҳии дил,ки чанде пеш анҷом шуд,солим берун омадӣ,вале аз сармохурдагии шуш ҷон додӣ. Ин ки чаро чунин шуд,сухани нобаҷое аст;зеро инсон бо марг ба камол мерасад ва ба сӯйи маъбуди худ мешитобад ва ҳадаф аз хилқат ва офариниши инсон ҳам ҳамин аст,ки рӯзаке чанд дар ин ҷаҳон бошад ва баъд ба суйи манзили абадии худ сафар кунад;аммо чӣ гуна зиндагӣ кардан муҳим аст .Ту чунон зиндагӣ кардӣ,ки дили мӯре наёзурдӣ ва ҳамаро ъошиқи худат кардӣ. Дар марги ту ҳама инсонҳое,ки туро мешиносанд,якдилона аз таҳи дил ъазо мегиранд,ин ҷо худию бегона нест,ҳама яке ҳастанд,бо ҳар ки сӯҳбат мекардам ғамгин буд ва нороҳат ,далели он наҳваи зиндагӣ кардани ту дар миёни мардум аст.Ҳамаи касоне ки бо эшон тамос доштаму туро мешинохтанд,хотироти хуше аз ту доштанд ва ту бо рафтору кирдори худ ҳамеша дили онҳоро шод мекардӣ,чунонки борҳо дили маро.Инро ҳама хуб медонанд. Бародари гиромӣ,аз даст додани ъазизони фарзонае ҳамчу ту барои мо бисёр ҷонкоҳ ва ғамангез аст,вале боз ҳам медонем,ки коре наметавон кард,ҷуз он ки тақдири илоҳиро бипазирем ва қабул дошта бошем,ки «ҳар банд гушода шуд,магар банди аҷал»! Тамоми офаридаҳо рӯзе мемиранд,вале ҳоло дареғи ман аз он аст,ки Боғшоҳи азиз,ногаҳон ва бисёр зуд рафт. Аз марг ҷойи гурез нест ва эй кош ҳамагон медонистанд, ки бояст аз марг дарси ибрат гирифт,ва наҳваи зиндагии худро бо халқ беҳбуд бибахшанд ва фаромӯш накунанд,ки «оқибат манзили мо,водии хомӯшон аст», ва танҳо хотирот аст,ки аз инсон ба ҷой мемонад. Худо ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷанат куно,бародари гиромӣ !***
Дар миёни ами
қтарин торикиҳо,ба ду чашми ғамгине меандешам…тамоми шаб гузаштаро дар аксҳо медидам ва рӯзгори мозиро дубора дар хаёли хеш зинда мекардам ва хоб дидам,ки модари меҳрубонат туро ба сйи хеш мехонад ,модаре,ки сад сол умр дид ва чанд сол пеш ба дорулбақо рафт,…мегуфтам,магар зуд нест,модар?…ҷавоб меомад,ки на тамом шуд,тамом шуд …ва ту нимнигоҳе ба суйи мо карди ба ҳамон чеҳраи маъсум ва лабханди ширинат ва дидам ашке аз чашмонат ба гунаат ҷорӣ шуд ва бедор шудам,ки ашки ман буд…Худо ёрат,бародар!
Дар дили хоки сиё
ҳ,медурахшад ду нигоҳ,
Ки ба ноком
ӣ аз ин меҳнатгоҳ,карда афсонаи ҳастӣ кутоҳ

Аз “Тоҷикам”: Мо, дабирони торнамоҳои “Тоҷикам” ва “Тоҷикон” аз даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди шинохта ва раиси Ҷамъияти тоҷикони муқими Маскав бо номи “Нур” сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон ва наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонем. Ҷои ин хирадманд, ки умре дар хидмати мардум буд ва ёди неке аз худ гузошт, ҳамеша дар дили мардум ва дар ҷаннати барин бошад.

Начало формы

Конец формы