http://tajikam.com

Посух ба чанд иддаои козиб ва ҷаълии афғонҳо
Муаллиф: Сурайё Баҳо   
05.02.2019 13:34

 

Баргардонанда аз хати форсӣ Насибҷон Амонӣ

Дар замони ҷумҳурияти Муҳаммад Довуд идораи маркази эҳсоия бо кумаки Милали Муттаҳид  саршумории нуфусро аз Пуличархӣ оғоз  ва ба сӯи Ҷалолобод ва Кома ва Лағмону тамоми машриқӣ идома доданд ва пас аз тавҳиди арқоми маълум,  ки  паштунҳо дар  минтақаи худ, ки иддаои аксарият доштанд, аз 35 дарсад бештар нестанд ва ҳанӯз манотиқи марказӣ ва шимолу  манотиқи ғарбии кишвар, ки манотиқи ғайрипаштунанд, саршуморӣ нашуда буд, ки аз ҳарос ин саршумориро мутаваққиф карданд.

Дар ҳоле ки бо тааққул муҳосиба кунем, Кобул маркази таҷаммӯи ақвом аст ва аз он ҷо мо қиёс карда метавонем, ки шумо ақаллият ҳастед. Дар соли 1387 як муассисаи мустақили амрикоӣ ба номи Independent statistics, ки марказаш дар кортаи 4 Кобул буд, дар рӯзномаи Нюзи Амрико нашр карда буд, ки 81 дарсади Афғонистон ғайрипаштун аст.

Идома...
 
Магар Ғанӣ ва Атмар ду бозигар дар нақшҳои ҷудогона барои иҷрои дромаи “Афғоният ва исломият” дар саҳнаи тиётри сиёсати Афғонистон нестанд?
Муаллиф: Нурмуҳаммад Хуррамӣ   
05.02.2019 13:14

Баргардонанда аз хати форсӣ Насибҷон Амонӣ

Дар робита бо кондид(номзад) шудани Ҳаниф Атмар дар баробари Ашраф Ғанӣ, назарияи мусаллат ин аст, ки номбурда бо ироаи як сиёсати муътадил ва пазируфтани лафзии як силсила рефурмҳо дар сохтори низом ва тааҳҳуд бар мушорикати ақвом дар идораи давлатӣ, мехоҳад орои эътирозӣ ва мухолифини Ғаниро ба худ ҷалб карда, ва то ҳадди мумкин аз рехтани ин оро ба сандуқи дигарон ҷилавгирӣ намуда, роҳро барои бар сари иқтидор омадани дубораи Ғанӣ ҳамвор созад.

Ҳудуди як сол қабл (24 январи соли 2918) лар як муносибате навишта будам:

“Халилзод, Ғанӣ, Карзай,Аҳадӣ,Гулбиддин ва дигароне аз ин қумош ҳама ба сони бозигарони саҳнаи воҳид аз тиётре ҳастанд, ки дар он ҳар як нақши таъиншудаи худро мутобиқ ба сенорёи аз қабл таҳияшуда бо дарназардошти имконот, ҷойгоҳ, тахассус ва муморисати(кордонӣ— аз ин ҷо ва баъд шарҳи баргардонанда Н.А) хеш ба иҷро мегузоранд. Надонистани ин ҳақиқат ба маънии он хоҳад буд, ки мо аз дарк ва таҳлили масоиле марбут ба гузашта, имрӯз ва фардои Афғонистон оҷиз буда ва дар амалкардҳои сиёсии худ ба бероҳа меравем!”

Идома...
 
Афғонистон обистани фитнаҳои ҷадид
Муаллиф: “Озодагон”   
07.05.2018 23:01

Ҳамлаи террористии ахир дар Кобул , ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар, аз ҷумла нуҳ хабарнигор шуд, баёнгари ин муҳимм аст, ки Афғонистон аз субот ва амният фосила дорад.

Бархе коршиносон ба дунболи Збигнеф Бзежинский, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико, бозиҳои геополотикиро ба тахтаи шатранҷ муқоиса мекунанд, аммо дар ин бозӣ нақши муҳраҳоро шахсиятҳои зинда, аҳзоб ва гурўҳҳо ифо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, воқеиёт дар хусуси талошҳо барои истифода аз муҳраҳое, ки ҳомили идеология ва аъмоли террористии хатарнок мебошанд, ҳушдор медиҳад. Ин иддаоро метавон дар мисоли Амрико ва равобити он бо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”(ДОИШ) ба хубӣ дид.
Возеҳ аст, ки ин гурўҳи террористӣ худ ба худ зуҳур накарда ва касе аз он ҳимоят карда то дар Сурия ва Ироқ то ин ҳадд қавӣ шавад.

Идома...
 
Дӯстони арҷманд, хонандагони торнамои “Тоҷикам”!
Муаллиф: Administrator   
11.03.2018 23:13

 

 

Ниҳоят пас аз муддати тӯлонӣ, ки торнамои мо ба далели мушкилоти фаннӣ аз фаъолият муваққатан бозмонда буд, акнун дубора ба кор оғоз кард. Умедворем, ки Шумо, гиромиён, бо навиштаву пешниҳодҳо ва ширкати фаъолона барои пурмӯҳтавою ҷолиб гардидани торнамои хеш саҳм мегузоред.

Идома...
 
Доктор Ҳамид Муфид: Анқариб 40 дарсади ҷамъияти Афғонистон тоҷиканд
Муаллиф: Ҳамид Муфид   
11.03.2018 22:42

Дӯстони азиз, қаблан хидмататон арз намуда будам, ки омори нуфуси Афғонистонро дар 34 остон(вилоят) таҳти баррасӣ мегирам ва акнун бо истифода аз манобеъи муътабар ва додаҳои идороти муайян ин корро анҷом додам. Ҳарчанд душвориҳо зиёд буд, вале бо ин ҳама бо диққати болотар аз 98 дарсад ин омор дар муддати наздик ба як сол ҷамъоварӣ ва омода шуд.

Идома...
 
МИЛЛАТИ С А Р С О Н У С А Р Г А Р Д О Н
Муаллиф: Аҳрони Самарқандӣ   
10.01.2016 09:26

... Ин қабилахо шонси таьрихиро аз даст надоданд, аз сустиву карахтии тоҷикон истифода бурда, замину давлати тоҷиконро аз они худ карданд. Соли 1924 80 дарсади тоҷикон дар ҳудуди Ӯзбакистон ӯзбак шуданд. Машинаи пантуркизм кори худро байни мардум сар кард. «Ҳар ки дар шиноснома тоҷик нависад, ба Тоҷикистон бадарға мешавад, ҷои кор намеёбад, аз кор ронда мешавад!». Ва ҳоказоҳо. Васоити ахбор ва маорифро маҳдуд карданд. Дар ин корҳо ба пантуркистон тоҷикони дар курсии давлату ҳизбӣ нишаста ва болшевикону раҳбарони ҳизби коммунист, ки намехостанд тоҷикон сар баланд намоянд, дасти кӯмак дароз менамуданд...

Идома...
 
Суруди кӯдакони Афғонистон
Муаллиф: Абдулсамеъ Ҳомид((Афғонистон)   
15.11.2015 10:06

Пар боз кун, эй насли нав! То дурҳо парвоз кун,

Дар ҷустуҷӯйи фасли нав бо мо сафар оғоз кун!

Саранҷом “Суруди кӯдакони Афғонистон” тамом(эҷод) шуд  ва акнун метавонад  мактаб ба мактаб  ва хона ба хона дар сарзамини мо роҳ боз кунад. Сипоси фаровон аз бону Зубайда Акбар, Марямҷон Атоӣ ва дигар ҳамкорони Созмони наҷоти кӯдакон.

Идома...
 
Тааҳҳуди мо нисбат ба тавофуқномаи сулҳи Тоҷикистонро фаромӯш накунем!
Муаллиф: Абдулҳай Хуросонӣ   
20.09.2015 09:39

Кохи сапедор ва вазорати умури хориҷаи Афғонистон расман масъулият дорад ба унвони яке аз кишварҳои муассир  дар имзои сулҳи кишвари Тоҷикистон аз мафоди муоҳидаи сулҳ дар дифоъ аз ҳуқуқи маданӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандии аъзо ва ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистон ба ҳукумати Тоҷикистон тазаккури дӯстона бидиҳад ва беҳтар аст доктор Абдуллоҳ шахсан бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора суҳбат намояд.

Тоҷикистон умқи истротежики  ҷуғрофиёи тамаддунӣ ва табиии фарҳангии мост ва бойист муносиботи мо дар ҳамаи заминаҳо истротежик ва ҳадафманд бошад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки шаҳид Масъуди азиз аз тамомияти арзии Тоҷикистон бо ҳамон ишқу ирода дифоъ намуд ки аз кишвару зодгоҳи худ!

Идома...
 
Садриддин Айнӣ ва тагйири алифбо
Муаллиф: Камол Айнӣ   
20.07.2015 07:19

Идеулужии ҳоким дар даврони шӯравӣ Садриддин Айниро яке аз бунёнгузорони алифбои лотин ва пириллик дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекард. Бисёре ҳам ба ин пиндор вақъ ниҳоданду бовар карданд; ғофил аз ин ки “бунёнгузор”-и алифбоҳои бегона дар Тоҷикистон ҳатто як асар ё номаи худро ба хатте ҷуз порсӣ нанигоштааст ва дар воқеъ, аз мухолифони хомӯши тағйири алифбо дар поёни даҳаҳои 1920 ва 1930 будааст. Тағйири алифбо падидае шӯравӣ буд, ки дар тамоми сарзаминҳои мусалмоннишини импротурӣ иттифоқ уфтод ва ҳамзамон бо мо алифбои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Туркманистону Узбакистон ва ғайра ҳам тағйир карда буд. Тасмиме буд, ки дар Кремлин гирифтанд ва бар мо таҳмил шуд.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?